4.05.1961. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонуни мубориза бо бекорхӯҷагӣ ба тасвиб расид. Аз ин ба баъд ҳар шаҳрванди шӯравии дорои қобилияти корӣ мебоист дар ҷое заҳмат мекашид.
4.05.1990. Шӯрои Олии РСС Латвия воридшавии онро ба ҳайати СССР шадидан маҳкум намуд ва Латвияро ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон кард.
5.05.1926. Дар ш.Маскав бахшида ба Рӯзи матбуот, аввалин бозори китобфурӯшӣ ифтитоҳ ёфт. Ин бозор ҳамасола дар кӯчабоғи Тверскои Маскав доир мешавад.
5.05.1945. Дар пойтахти Чехословакия-шаҳри Прага мардум зидди ишғолгарони немис шӯриданд. Ин воқеъа дар таърихнигории муосир бо номи “Шӯриши Прага” маъруф аст. Танҳо кумаки саривақтии Артиши Сурх шӯриши Прагаро аз шикаст наҷот дод.
5.05.1990. Дар РСФСР ҳизби Сотсиал-демократи Русия таъсис дода шуд. Он яке аз аввалин аҳзоби сиёсии Русияи муосир аст ва то ба имрӯз таҳти сарварии Сироҷиддин Рамазонов фаъолият дорад.
5.05.1992. Парлумони Ҷумҳурии мухтори Қрим соҳибистиқлолии нимҷазираро эълон кард ва қарор дод дар ин бобат августмоҳи с.1992 раъйпурсии умумӣ доир кунад. 6 май Шӯрои Олии Қрим Сарқонуни нави ҷумҳуриро ба тасвиб расонд. Тибқи Сарқонуни нав Қрим дар ҳайати Украина боқӣ мемонд, лек муносибаташро бо марказ тибқи созишнома ва қарордодҳо муайян мекард.
6.05.1919. Таъсиси Ҷумҳурии шӯравии Қрим. Ин ҷумҳурӣ аз моҳи апрел то июни с.1919 фаъолият кард. Моҳи апрели с.1919 қисмҳои Артиши сурхи Украина нимҷазираи Қримро аз дасти артиши сафед ва фаронсавиҳо пас гирифтанд. Сурхҳо дар ҳол анҷумане барпо карда, қудрати сиёсиро соҳиб шуданд. Ҳукумати нави муваққатии коргару деҳқон бештар аз афсарони баландрутбаи Артиши сурх иборат ёфт. Аммо охирҳои моҳи май қисмҳои артиши сафеди генерал Деникин тавонистанд Қримро дубора бигиранд ва ҷумҳурии аввали шӯравӣ сарнагун карда шуд.
6.05.1990. Ҷумҳурии Шӯравии Молдавия марзи давлатиашро бо Руминия лағв кард. Байни 2 кишвар сарҳадоти давлатӣ бардошта шуд. Оқибати ин кор ҷанги шаҳрвандии Молдова гашт, ки аввалин задухурдҳояш дар шаҳри Дуборосса дар с.1992 900 кушта бар ҷой гузошт. Молдова дар авохири умри Шӯравӣ яке аз кишварҳое буд, ки зиёиёнаш сахт зидди русҳо бадбинӣ доштанд. Шоираи молдовӣ Леонида Ларӣ (Любовь Ивановна Йорга), ҳатто аз шавҳари русаш ҷудо шуд ва бо ҳайкали Стефани Бузург (шоҳи вақти ин кишвар) издивоҷ кард. Яке аз рӯҳониён бо исми Бубуруз, ки вакили Шӯрои Олии РСС Молдова ҳам буд, ақди издивоҷи шоираро расман ба қайд гирифт.
7.05.1985. Шӯрои Вазирони СССР қарори чораҳои мубориза бо бадмастӣ ва майзадагиро ба тасвиб расонд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол, фурӯш ва нӯшидани маҳсулоти спиртӣ маҳдуд карда шуд. Ин қарор зарари бузурге ба системи буҷавии шӯравӣ ворид кард. Фурӯши маҳсулоти алкоголӣ 25%-и буҷаи шӯравиро таъмин мекард ва ин маблағи ҳангуфте буд. Аммо аз сӯи дигар маҳдуд кардани истеъмоли шароб тарафҳои мусбии зиёд ҳам дошт. Дар СССР тӯли умри шаҳрвандон зиёд шуд ва афзоиши таваллуди навзодон (500 000 кӯдак дар сол зиёдтар таваллуд ёфт) ба қайд гирифта шуд.
9. 05.1945.Субҳи ин рӯз тайёраи Ли-2 дар фурудгоҳи Марказии Маскав нишаст ва ба Сталин акти таслими бечунучарои Олмони фашистиро расониданд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун рӯзи ғалаба ҷашн гирифта мешуд ва то имрӯз низ бештари ҷамоҳири пасошӯравӣ низ онро чун рӯзи ғалаба ҷашн мегиранд.
М.Салимшо