ХАБАРИ ДОҒ

«Ҳукмронии полковникҳо» ва ҷумъаи сиёҳ

  • Чоршанбе, Май 10 2017


12.05.1926. Дар Полша табаддулоти давлатӣ сурат гирифту Юзеф Пилсудски ба сари қудрат расид. Ӯ яке аз қаҳрамонони асосии ҷанги Полша бо СССР дар с.1920 буд.

Юзеф с.1922 аз сиёсат канор рафт, лек маймоҳи с.1927 якбора зидди ҳукумат исён бардошт. Маршали собиқ дар артиши тарафдорони зиёд дошт ва ӯ бо истифода аз онҳо, баъди задухӯрди серӯза пойтахти кишвар Варшаваро ба тасарруф даровард. Пилсудский то с.1935 бар Полша қудрат ронд ва давраи ҳукмронии ӯро дар таърихи Полша, чун "ҳукмронии полковникҳо" ёд мекунанд.
12.05.1927.Дар СССР бо қарори ШКХ дастаҳои муҳофизони мусаллаҳ (ВОХР) таъсис дода шуданд. Ин дастаҳо мебоист корхонаҳо ва биноҳои муҳимтарини кишварро зери ҳимояи худ мегирифтанд. Дастаҳои муҳофизони мусаллаҳ дар оғоз ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Комиссариати Халқии Хоҷагидорӣ (ВСНХ) тобеъ буданд ва с.1931 ба итоати ОГПУ гузаштанд.
12.05.1940.Артиши Гитлер дар рафти амалиёти "Гелб" ("Зард"), ки 10 май алайҳи Белгия, Ҳолланд ва Фаронса оғоз ёфта буд, ба хоки аслии Фаронса ворид гашт.
12.05.1954.РСС Украина ба ҳайъати ташкилоти ЮНЕСКО шомил шуд.
12.05.1976.Дар СССР гурӯҳи Хелсинкии Маскав созмон дода шуд. ГХМ (МХГ) гурӯҳи ҷамъиятӣ ба шумор мерафт ва мебоист ба иҷрои қарордодҳоии Хелсинкӣ аз ҷониби СССР мусоидат мекард. Албатта дар СССР касе дар фикри иҷрои ин қарордодҳо набуд ва гурӯҳи Хелсинкӣ дар ҳол зери фишори КГБ қарор гирифт.
13.05.1921.Дар РСФСР бо Декрети ШКХ хонаҳои истироҳатӣ таъсис дода шуданд. Хонаҳои истироҳатӣ дар СССР хеле фаровон буданд ва меҳнаткашони аввалин кишвари Шӯроҳо ҳар сол дар яке аз онҳо истироҳат мекарданд.
13.05.1924. ШКХ СССР бо қарори худ шӯъбаи киноро аз нав созмондиҳӣ кард. Акнун вазоифи идеологии кино ба зиммаи комиссариатҳои халқии маорифи ҷумҳурӣ вогузор шуд ва ҳаққи нашру паҳн кардани филмҳои синамоӣ бошад монополияи давлатӣ гардид.
13.05.1927.Дар Олмон шикасти бозори молия ва иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин рӯз дар таърихнигории муосири олмонӣ бо номи "ҷумъаи сиёҳ" маъруф аст.
13.05.1981.Дар майдони Петри Муқадасси Ватикон ба ҷони папаи Рим Иоанн Павели II суиқасд сар зад. Суиқасдчӣ террористи турктабор Мехмет Али Ақҷа аз масофаи наздик папаро ҳадаф қарор дод ва Иоанн сахт маҷрӯҳ шуд.
14.05.1948.Дар Шарқи Наздик давлати ҷадид ба номи Исроил таъсис дода шуд.
14.05.1955.СССР, Албания, Булғористон, Олмони Шарқӣ (ГДР), Полша, Руминия ва Чехословакия дар Варшава созишномаи ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигариро ба имзо расониданд. Ин созишнома заминсози асосии Созишномаи Варшава шуд.
15.05.1934.Дар СССР Қарори КМ ВКП(б) ва ШКХ СССР "Оид ба тадриси таърихи ватанӣ дар макотиби СССР" ба тасвиб расид. Аз ин ба баъд таърихи тоинқилобии Русия ва дигар ҷамоҳири Иттиҳод ба таври ҳатмӣ дар макотиб омӯзонида мешуд.
15.05.1955.СССР, ИМА, Англия, Фаронса ва Австрия бо имзои Созишномаи давлатӣ, истиқлол ва сохти  демокротии Австрияро ду бора барқарор намуданд.
16.05.1945.Ниҳодҳои қудратии шӯравӣ дар Прага Алфред Людвигович Беми 59-соларо ба ҳабс гирифтанд. Бем адабиётшинос ва мунаққиди чех буд, ки дар ин кишвар ҳанӯз пеш аз ҷанг миёни мардум шӯҳрати зиёде касб карда буд ва ҷузъи зиёиёни Чехия ба шумор мерафт.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter