Шӯриш аз 18 май то 26 июн идома дошт. Шӯришгарон дар муддати 40 рӯз дар дохили зиндон як навъ "ҷумҳурии" худро таъсис доданд. Дар шӯриш наздики 5000 зиндонӣ ширкат варзиданд, ки 43%-и онро занон ташкил медонанд. Ба ҳукуматдорон танҳо 26 июн муяссар шуд, ки муассисаи ислоҳотиро тариқи ҳамлаи мусаллаҳона ба тасхир дароваранд.
18.05.1957. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Шӯрои Вазирон "Шӯъбаи сибирии Академияи Улуми СССР" таъсис дода шуд. Ин шӯъба, ки дар шаҳри Новосибирск ҷойгир гардид, баъди чанде ба яке аз пуриқтидортарин марказҳои илмии аввалин кишвари Шӯроҳо табдил ёфт.
18.05.1967.Юрий Андропов раиси КГБ СССР таъйин гардид.
18.05.1974. Ҳиндустон ба силоҳи атомӣ даст ёфт ва 6-умин кишвари дорои силоҳи атомӣ дар ҷаҳон шуд.
19.05.1941.Ҷосуси шӯравӣ Рихард Зорге Маскавро аз ҳуҷуми ояндаи немисҳо огоҳ кард. Ӯ шумораи дивизияҳои артиши олмонӣ, ҳатто таърихи дақиқи ҳуҷум (22 июн)-ро низ номбар кард.
19.05.1944.Тибқи сиёсати нави роҳбарияти шӯравӣ дар муносибат бо равияҳои динӣ дар СССР Шӯрои кор бо равияҳои ғайрипровославӣ таъсис дода шуд. Аз ин ба баъд маҳз ин Шӯро муносибати давлатро ба ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла, исломӣ муайян мекард.
19.05.1989.Дар СССР бори аввал озмуни "Маликаи СССР-89" доир шуд. Дар озмун хонандаи синфи 10 аз шаҳри Маскав Юлия Суханова ғолиб баромад.
20.05.1965.Дар СССР фурудгоҳи "Домодедово" ифтитоҳ ёфт. Ин фурудгоҳ дар он шабу рӯз бузургтарин фурудгоҳи кишвар маҳсуб меёфт.
20.05.1965.Летчики шӯравӣ Александр Зуев бо қиркунандаи МиГ-29 ба Туркия фирор кард.
21.05.1961.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин пахши телевизионии бозии футбол аз хориҷи кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин бозӣ дастаи яккачини СССР бо Полша сабқат варзид.
22.05.1940.Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар медали тиллоии "Дос ва Болға" таъсис дода шуд. Ин медал нишони фахрии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ба шумор меорафт ва бо он меҳнаткашони беҳтарин қадр мешуданд.
22.05.1972.Президенти ИМА Ричард Никсон ба Маскав ташриф овард. Ӯ аввалин президенти ИМА гардид, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ дидан кард.
23.05.1963.Роҳбари Кубо Фидел Кастро бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.
24.05.1937.Маршал Тухачевский аз ҳайъати ВКП(б) хориҷ карда шуд ва Сталин барои ҳабси маршал ризоият дод.
М.Салимшо