26.05.1947.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукми қатл бекор карда шуд. Акнун маҳбусони хатарнок дар СССР 25 сол ҳукми зиндон мегирифтанд. Аммо то соли 1947 дар аввалин кишваре Шӯроҳо ҳеҷ кас аз нобуд шудан дар амон набуд. СССР расман инсонро сарвати асосии худ эълон карда буд, лек шахсияти инсон дар ин кишвар заррае арзиш надошт. Мардуми зиёде солҳои тӯлонӣ дар зиндонҳо нигаҳдорӣ шуда, онҳоро тадриҷан нобуд мекарданд. Пас аз ғалаба дар ҶБВ Сталин ба хулосае омад, ки дар шароити осоишта ҳукми қатл чандон одилона нест ва онро қонунан манъ карданд. Аммо ин вазъ дер напоид ва с.1961 ҳукми қатл дар СССР боз ба ҳайси ҳукми қонун даромад.
26.05.1991.Дар Гурҷистон интихоботи президентӣ доир гардид ва дар натиҷаи ин интихобот Звиад Гамсахурдиа президенти кишвар интихоб шуд. Ӯ ҳизби "Мизи гирд"-ро намояндагӣ мекард ва ин ҳизб октябри с.1990 дар интихобот ба Шӯрои Олӣ аксарияти овозҳоро соҳиб шуда буд. "Мизи гирд" 155 ҷойро дар Парлумон соҳиб шуд. Коммунистон танҳо 64 ҷой ба даст оварданд ва 16 ҷои дигар насиби Фронти халқии Гурҷистон шуд. Дар интихобот бошад Звиад 87% овозро ба даст овард. Президентии ӯро дар Гурҷистон "давраи Гамсахурдиа" меноманд. Ин давра аз 14.11.1990 оғоз шуд ва ҳамагӣ 2 сол, то 6.01.1992 идома ёфт. Гурҷистон дар авохири пошхурии СССР ба мушкилоти ҷиддии ҳудудӣ дучор шуд. Ин кишвар дар худ 3 мухторияти ақаллиятиро дар симои осетинҳо, абхозиҳо ва аджарҳо муттаҳид карда буд. Замони Звиад Гурҷистон вориди ҷанг бо Осетияи Ҷанубӣ шуд ва абхазҳоро ҳам танҳо Конфедератсияи Мардуми Кӯҳистонии Қавқоз аз амалкард алайҳи Тифлис нигаҳ медошт.
27.05.1934. Дар СССР унвони "Устоди фахрии варзиш" (ЗМС) ҷорӣ карда шуд.
27.05.1940. Аввалин суиқасд ба ҷони Лев Тротский дар Мексика ба вуқӯъ пайваст. Лев душмани қаттоли Сталин ба шумор мерафт ва НКВД фармони махсуси аз миён бардоштани "мӯсафед" (лақаби Тротский дар НКВД)-ро дарёфт намуда буд.
28.05.1918. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР бо декрети махсуси худ хадамоти муҳофизати марзиро дар кишвар таъсис дод. Ин рӯз дар собиқ СССР ҳамасола чун рӯзи сарҳадчиён ҷашн гирифта мешуд.
28.05.1987.Дар рӯзи сарҳадчиён, соати 18:45 дақиқа дар Майдони сурх тайёраи шаҳрванди ФРГ (Олмони Ғарбӣ) Матиас Руст ба замин фуруд омад.
29.05.1918.КМИ РСФСР Декрет оид ба боҷҳои гумрукиро ба имзо расонд ва дар кишвар Хадамоти гумрук таъсис дода шуд.
30.05.1918.Дар РСФСР Георгий Чечерин Комиссари халқии корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ӯ дар ин мансаб Тротскийро ҷойгузин кард.
1.06.1931.ИМА бо СССР муоҳидаи иқтисодиро ба имзо расонид ва тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист дар сохтмони 90 корхонаи металлургии аввалин кишвари Шӯроҳо ширкат мекарданд.
М.Салимшо