ХАБАРИ ДОҒ

Аз заҳролудшавии Горкий то заминларзаи Ашқобод

  • Душанбе, Окт 09 2017


5.10.1938. Дар СССР бо ҷурми заҳролуд кардани Максим Максимович Горкий (Пешков) яке аз беҳтарин табибони рус Дмитрий Плетнев ба ҳабс гирифта шуд.

5.10.1991. СССР аввалин созишномаи давлатиро бо Сандуқи байналмилалии пул (МВФ) ба имзо расонд.
6.10.1920. Дар шаҳри Маскав нависандаи маъруфи англис Герберт Ҷорҷ Уэллс бо доҳии болшевикон Владимир Ленин дидор намуд. Соли 1920 Русияи Шӯравӣ дар муҳосираи иқтисодӣ, сиёсӣ ва хабарии кишварҳои Ғарбӣ қарор дошт ва мардуми Аврупо иттилои кофӣ ва саҳеҳ аз вазъияти аввалин кишвари Шӯроҳо надоштанд. Уэллс, ки нависандаи маъруфе буд ва ҳаводорони зиёде дошт, Ленинро "хаёлпарасти Кремлин" номид ва аз ҳама ҷолиб системаи маорифи Шӯравиро баҳои баланд дода, аз аврупоӣ беҳтар муаррифӣ кард.
6.10.1922. Пленуми навбатии КМ РКП (б) қарор дар бораи шакли муттаҳидсозии ҷамоҳири Шӯравӣ ба тасвиб расонид. Ин қарор заминасози асосии СССР гардид.
6.10.1948. Шаби 6 октябр дар пойтахти РСС Туркманистон-шаҳри Ашқобод заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Шиддати заминларза 9 баллро ташкил дод. Тибқи иттилои баъзе муаррихин 98% биноҳо дар шаҳр хароб шуданд ва теъдоди қурбониён 70.000 нафарро ташкил дод.
6.10.1975. Футболбозони "Динамо"-и Киев Ҷоми абарқаҳрамони Аврупоро соҳиб гаштанд. Футболистони шӯравӣ дар 2 бозӣ тими "Бавария"-и олмониро бо ҳисоби 1:0 ва 2:0 шикаст дода, ба ин ҷоиза сарфароз гардиданд.
7.10.1944. Дар шаҳри Думбартон-Окси ИМА конфронси намояндагони 4 кишвар-СССР, Чин, ИМА ва Англия доир шуд. Дар конфронс кишварҳо қарор доданд Лигаи Миллатҳоро пароканда намуда, ба ҷояш СММро таъсис диҳанд.
7.10.1949. Таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмон. Ин рӯз ба ҷашни миллӣ дар Олмони шарқӣ табдил ёфта, чун Рӯзи Ҷумҳурӣ то суқути ГДР ҷашн гирифта мешуд.
7.10.1966. Баъди муташанниҷ шудани вазъият миёни СССР ва Чин тамоми донишҷӯёни чинӣ аз аввалин кишвари Шӯроҳо берун карда шуданд.
7.10.1977. Дар СССР Сарқонуни нав, ки бо “Сарқонуни брежневӣ” маъруф аст, қабул карда шуд. Ин 3-ум ва охирин Сарқонуни аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор мерафт.
8.10.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро.
10.10.1917. Дар дохили ҳизби болшевикии РСДРП (б) барои роҳбарӣ ба шӯриши мусаллаҳона гурӯҳи махсусе таъсис дода шуд, ки бо Бюрои сиёсӣ маъруф гардид ва минбаъд дар СССР маҳз Бюрои сиёсӣ ниҳоди олии ҳукуматӣ ба шумор мерафт.
11.10.1931.Дар СССР бо қарори махсуси ҳукуматӣ савдои хусусӣ ба куллӣ мамнӯъ эълон шуд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter