13.10.1958. Коллективи меҳнатии стансияи Москва-Сартировочнаяи метрои Маскав пешниҳод намуд, ки дар кишвар мусобиқаи иттифоқӣ барои сазовор шудан ба ҷоизаи "бригадаи меҳнати коммунистӣ" роҳандозӣ гардад.
14.10.1924. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон ва вилояти мухтори Қара-Қирғиз.
14.10.1942. Таъсиси артиши миллигароёни украин (УПА). Дастаҳои ин Артиш аз с.1942 то с.1946 алайҳи партизанҳои шӯравӣ, миллигароёни поляк, ҳукумати немисӣ ва Артиши Сурх ҷангиданд. 1 қатор дастаҳои хурди ин Артиш то с.1956 зидди низоми шӯравӣ дар Украина ва Полша мубориза бурданд.
14.10.1957. Дар асоси гурӯҳи компютерии шаҳри Лондон ва клуби ғайрирасмии олимон ҷамъияти компютерии Бритониё таъсис дода шуд. Аввалин президенти ин ҷамъият Морис Уилкс интихоб шуд.
14.10.1964. Леонид Илич Брежнев расман котиби генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таъин гардид. Брежнев Никита Хрушёвро дар ин маснад ҷойгузин намуд.
15.10.1964. Дар СССР хатти лӯлаи интиқоли нафт-"Дружба" ба фаъолият даромад. "Дружба" бузургтарин хатти қубурии интиқоли нафт дар ҷаҳон ба шумор мерафт. Ин иншоотро корхонаи "Ленгазспецстрой" барои интиқоли нафти шӯравӣ ба кишварҳои сотсиалистии Аврупо дар аввали солҳои 1960 бино карда буд. Нафт аз навоҳии Урал ва Волга ба Олмон, Венгрия, Чехословакия ва Полша интиқол мегардид.
15.10.1970. Аввалин мавриди паҳн шудани рабудани самолет дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби падару писар. Падар Пранас Бразинскас ва писари ӯ Алгирдас тайёраи "Аэрофлот" Ан-24-ро рабуданд ва летчикҳоро маҷбур карданд, ки онро дар Трабзони Туркия ба замин фуроранд.
15.10.1985. Дар пленуми навбатии ҲКИШ Михаил Сергеевич Горбачев эълон намуд, ки дар СССР бозсозии иқтисодиро оғоз мекунад.
15.10.1990.Горбачев барои саҳмгузориаш дар поин овардани шиддатнокии байналмилалӣ ва роҳандозии сиёсати ошкорбаёнӣ бо ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд.
16.10.1929. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
М.Салимшо
Аз дуздии АН-24 то бозсозии ГенСек
13.10.1921. Имзои созишномаи Карсск. Ин созишномаи оташбасе буд, ки миёни РСС Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон аз 1 тараф ва Туркияи камодӣ аз сӯи дигар ба имзо расид. Албатта намояндагони РСФСР низ ба ҳайси тарафдорони ин 3 ҷумҳурии шӯравӣ дар имзои созишномаи Карсск ширкат варзиданд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар