ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси АПН то афви аъзои ГКЧП

  • Сешанбе, Март 15 2016

19.02.1954. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори махсуси худ вилояти Қримро аз ҳайати РСФСР баровард ва ба Украина ҳамроҳ кард. Ин 1 навъ ҳадяи Хрушёв (ки худ зодаи ин ҷумҳурӣ буд) ба Украина шуд.

 20.02.1932. Тротский, ки ин ҳангом дар Норвегия сукунат дошт, аз шаҳрвандии СССР маҳрум карда шуд. Ӯ баъди берун шудан аз СССР мудом зери фишору таъқибҳои ҳукумати Сталинӣ қарор дошт. Ахир соли 1940 дар Мексика аз тарафи ҷосусони НКВД ба қатл расид.

21.02.1918. ШКХ РСФСР бо декрети махсус ба ВЧК, ки онро Дзержинский сарварӣ мекард, ваколатҳои вежа дод. Акнун ВЧК метавонист, 1 қатор аз делоҳои ҷиноиро бе ҳукми суд баррасӣ ва гумонбарҳоро ҳатто ба ҳукми қатл маҳкум кунад.

21.02.1935. Дар Маскав аввалин кинофестивали умумиҷаҳонӣ баргузор шуд.

21.02.1961. Дар СССР Агентии хабарии «Новости» (АПН) таъсис дода шуд, ки ҳоло бо номи «РИА Новости» маъруф аст.

22.02.1921. Бо декрети ШКХ РСФСР дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа комиссияи давлатии баплангирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Январи соли 1948 комиссия Кумитаи давлатии баплангирии Шӯрои Вазирони СССР ном гирифт.

22.02.1945. ҶБВ ҳанӯз ба итмом нарасида буд, аммо ШКХ СССР қарори сохтмони метроро дар пойтахти Украина шаҳри Киев ба тасвиб расонид.

22.02.1946. Маршали шӯрави Семён Будённый бо медали сеюми «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мукофотонида шуд.

22.02.1968. Аввалин стансияи қутби шимолии СССР «Беллинсгаузен» дар ҷазираи «Ватерлоу» ба кори худ шурӯъ кард.

22.02.1980. Ҳукумати Афғонистон бо сабаби афзудани муқовимати мардум алайҳи нерӯҳои шӯравӣ маҷбур шуд, ки дар шаҳри Кобул вазъияти ҳарбиро эълон кунад.

23.02.1918. Сафарбаркунии умумии коргарон ба сафи Артиши Сурхи навтаъсис. Баъди оғози ҳуҷуми немисҳо ва ақибнишинии қисмҳои Артиши собиқи подшоҳӣ Ҳизби коммунист декретро дар бораи таъсиси Артиши нави коргару деҳқон қабул намуд. Солҳои тӯлонӣ 23 феврал дар СССР чун рӯзи Артиши шӯравӣ ва Флоти ҳарби баҳрӣ ҷашн гирифта мешуд.

23.02.1922. Дар СССР бо қонуни махсус давлат ҳамаи ашёи қимматбаҳои ибодатгоҳҳои масеҳиро ба хотири кӯмак ба мардуми гурусна мусодира кард.

23.02.1935. Дар СССР Николай Ежов ба вазифаи сардори Комиссияи назорати ҳизбии ВКП(б) таъйин шуд. Ин аввалин вазифаи Ежов дар зинаҳои болоии ВКП(б) буд. Баъдан Ежов комиссари халқии корҳои дохила шуд ва маҳз ҳини сарвари НКВД будани ӯ репрессияҳо дар кишвар оғоз ёфтанд.

23.02.1944. Сталин бо қарори махсуси худ Ҷумҳурии автономии Чечену Ингушро аз миён бардошт, ки ба Қазоқистон ва Шимоли Дур депортатсия шуданд. Ҳудуди ин ҷумҳурии автономӣ байни Ҷамоҳири ҳамсояи Қафқоз тақсим карда шуд. Чечену ингушҳо танҳо баъди Анҷумани 20 ҲК тадриҷан ба сарзамини аҷдодӣ баргаштанд.

23.02.1954. Дар СССР Пленуми КМ ҲКИШ қарорро дар бораи аз худ кардани заминҳои бекорхобида (целина) қабул кард. Қабули қарор ба СССР имконият дод, ки ҳазорон га заминҳои нав хоса дар Қазоқистон аз худ карда шаванд ва иқтидори иқтисодии кишварро боло барад.

23.02.1988. Аҳолии арманитабори Қаробоғи Куҳӣ барои пайвастани ин Ҷумҳурии автономӣ ба ҳайати Арманистон овоз доданд. Ин кор ба ҷанги Озарбойҷон бо Арманистон оварда расонид, ки яке аз хунинтарин даргириҳо дар қаламрави собиқ СССР ба ҳисоб меравад.

23.02.1993. Ҳукумати Украина расман эълон кард, ки Русияро чун меросбари ягонаи СССР қабул надорад.

23.02.1994. Думаи давлатии Русия аъзои ГКЧП-ро авф кард.

24.02.1925. СССР бо Япония муносибати дипломатӣ барқарор намуд.

25.02.1921. Дар Тифлис ҳукумати шӯравӣ барпо ва Ҷумҳурии Шӯравии Гурҷистон таъсис дода шуд.

25.02.1946. Дар СССР Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ тағйири ном кард.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter