12.02.1955. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон полигони махсус барои озмоиши мушакҳои байниқитъавӣ ва ба Кайҳон баровардани радифҳои маснуи Замин сохта шуд. Полигони озмоишии №5 Вазорати мудофиаи СССР (НИИП-5), ки бо номи касмодроми Байконур ва дар ҳудуди Қазоқистони имрӯза маъруф аст ва то ҳол яке аз асоситарин иншоотҳои соҳаи кайҳоннавардӣ дар ҳудуди собиқ СССР буд.
12.02.1969. Дар СССР аввалин парвози калонтарин чархбол дар дунё, Ми-12 бо муваффақият анҷом гирифт.
12.02.1990. Рӯзи ёдбуди қурбониёни баҳманмоҳ дар Душанбе.
13.02.1918. Дар РСФСР ШКХ (СНК) бо қарори худ «биржаҳои меҳнатӣ»-ро таъсис дод. Биржаи меҳнатӣ ташкилоти давлатие буд, ки дар бозори меҳнат амалиёти миёнаравиро анҷом медод. Ин биржаҳо то аз байн рафтани сафи бекорон дар СССР дар соли 1930 фаъолият мекарданд.
13.02.1921. Дар Маскав маросими ёдбуди княз Курапаткин-олим ва анархист баргузор шуд. Дар ин рӯз аз тамоми зиндонҳои Маскав анархистонро ба ивази ваъдаи бозгаштан озод карданд. Ҳамаи анархистон баъди баргузории маросим ба ваъда вафо карданд ва ба зиндонҳо бозгаштанд. Бо ин амал онҳо мехостанд, ки ҳақиқати шиори ҳаракати худ «Анархия-модари интизом»-ро собит кунанд.
13.02.1956. Пленуми КМ ҲКИШ қарор дод, ки дар Анҷумани дарпешистодаи 20 ҲК нишасти пӯшидаеро баргузор намояд ва дар он котиби аввали Ҳизб-Н.Хрушёв «дар мавзӯи шахсиятпарастии Сталин ва пасомадҳои он» маърӯза кард.
13.02.1974. Дар СССР нависандаи маъруф А.Солженитсин боздошт шуд. Баъди 1 шаби зиндон бо қарори Раёсати ШО СССР ӯро аз шаҳрвандии СССР маҳрум ва аз кишвар берунаш карданд.
14.02.1918. Ҳукумати шӯравии РСФСР бо декрети махсус тамоми заминҳои кишварро моликияти давлатӣ эълон кард.
14.02.1956. Оғози Анҷумани таърихии 20 ҲКИШ.
14.02.1958. СССР аз тамоми кишварҳои аъзои СММ (ООН) даъват намуд, ки Шӯрои амнияти ин созмон пароканда карда шавад.
15.02.1947. Ҳукумати СССР бо қарори махсуси худ бастани издивоҷро байни шаҳрвандони СССР ва хориҷиён мамнӯъ кард.
15.02.1957. Вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Громико таъйин гардид. Ӯ яке аз зирактарин сиёсатмадорони собиқ СССР ба шумор мерафт ва муддати 28 сол Вазорати корҳои хориҷии СССРро сарварӣ намуд.
15.02.1987. Артиши шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд.
16.02.1973. Дар СССР ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ иваз карда шуданд. Билети ҳизбии №1-ро ба номи Ленин ва билети ҳизбии №2-ро ба номи Брежнев бароварданд.
16.02.1976. Дар СССР заводи автомобилбарории Камск (Тотористон) аввалин автомобили боркаши КАМАЗро сохта ба истифода дод. КАМАЗ то ҳол дар миқёси собиқ Иттиҳод маъруфияти худро аз даст надодааст.
17.02.1952. ГенСеки ҲКИШ Сталин ООНро «силоҳи ҷангӣ таҷовузкорон» номид.
17.02.1947. Радиои «Садои Амрико» пахши барномаҳои худро ба СССР шурӯъ кард. Он солҳои тӯлонӣ асоситарин пойгоҳи тарғиби ақоиди зиддишӯравӣ дар кишварҳои Ғарбӣ ба ҳисоб мерафт. Дар СССР гӯш кардани он сахт мамнуъ буд.
18.02.1921. Таъсисёбии ШКХи Украина. ШКХ дар СССР қариб то авохири умри Сталин органи олии ҳукуматӣ маҳсуб мешуд.
18.02.1930. Бо қарори ҳукумати СССР бригадаи махсус оид ба фурӯши ашёи қиматбаҳо таъсис дода шуд. Ин бригада аз осорхонаи «Оружейная палата» ба маблағи 1 млн. 300.000 рубл ҷавоҳирот ва дигар ашёи қиматбаҳо мусодира кард. Аслан фурӯши ҷавоҳирот дар солҳои 30 манбаи бисёр муҳими даромади СССР буд.
18.02.1945. Газетаи «Правда» хабар дод, ки баъди муроҷиати ҳукумати Полша ва дархости кӯмак барои барқарорсозии Варшава ШКХ СССР қарор медиҳад ба Варшава 1 гурӯҳи кории мутахассисонро фиристода, 50% хароҷоти барқарорсозии шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирад.
18.02.1986. Борис Елтсин номзад ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ интихоб шуд. Ӯ дар ин мақом расо 2 сол фаъолият кард ва 18.02.1988 дар Пленуми КМ ҲКИШ аз ин мақом сабукдӯш шуд.
М.Салимшо