Ӯ соли 1903 бо дастури Владимир Илич Ленин барои мубориза бо меншевикон ва таъсиси нашрияи болшевикӣ ба Русия баргашт ва моҳи июни соли 1904 дастгир ва ба мӯҳлати 16 моҳ зиндонӣ гардид. Бауман 18.10.1905 ҳангоми баргузории гирдиҳамоии коргарон дар назди корхонаи Шапов аз тарафи коргари ҳамин корхона Николай Махалин кушта шуд.
19.10.1918. Дар СССР Коммунаи меҳнатии Поволже таъсис ёфт. Ин коммунаи меҳнатӣ баъди 5 сол ба Ҷумҳурии автономии немисҳои Поволже табдил дода шуд ва соли 1941 баъди ҳуҷуми немисҳо ба СССР барҳам дода шуд.
20.10.1929. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ КМ ВКП(б) расман эълон намуд, ки дар кишвар сиёсати коллективизатсияи сартосарӣ роҳандозӣ ва деҳқонон дар колхозҳо муттаҳид гардиданд.
20.10.1970. Дар СССР аввалин бозии "Спортлото" баргузор шуд. Спортлото лотареяи давлатии СССР маҳсуб меёфт. Аввалин бозӣ дар Хонаи марказии журналистон барпо гардид ва ғолибиятро муҳандисзани москвагӣ ба даст овард. Бурди ин зан 5000 рублро ташкил дод, ки он шабу рӯз маблағи кори 3-солаи 1 муҳандиси шӯравиро ташкил медод.
21.10.1917. Гарнизони ҳарбии шаҳри Петроград ба тарафи Кумитаи Ҳарбӣ-Инқилобӣ гузашт ва ин кор ғалаби ояндаи болшевиконро таъмин намуд.
21.10.1928. Лев Давидович Тротский ба тамоми коммунистони дунё муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки алайҳи нақшаҳои Иосиф Сталин мубориза баранд.
21.10.1948. СССР ба СММ пешниҳод намуд, ки тамоми силоҳи атомиро нобуд кунанд, аммо дар СММ ин пешниҳоди Иттиҳоди Шӯравиро рад карданд.
21.10.1961. Дар Тошканд аввалин Фестивали байналмилалии синамоии кишварҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ ифтитоҳ гардид. Ин Фестивал ҳар сол дар пойтахти Узбекистон доир мегардид.
21.10.1980. Дар Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачев ба ҳайси аъзои Бюрои сиёсӣ пазируфта шуд.
23.10.1917. Владимир Ленин ногаҳон дар нишасти КМ РСДРП(б) ҳозир гардид ва раванди овоздиҳиро тағйир дода, қарори шӯриши мусаллаҳонаро ба тасвиб расонд.
23.10.1984. Дар СССР лоиҳаи баргардонидани дарёҳои Сибир ба ҷануб қабул карда шуд. Тибқи ин лоиҳа бузургтарин дарёҳои Сибир мебоист ба самти Осиёи Миёна ҷорӣ мегардиданд.
24.10.1960. Дар Байканури РСС Қазоқистон мушаки байниқитъавии Р-16 таркид ва дар натиҷа 74 нафар, аз ҷумла, маршали асосии артиллерия Митрофан Иванович Неделин ба ҳалокат расиданд.
М.Салимшо