ХАБАРИ ДОҒ

Тазоҳуроти мардумӣ дар Душанбе

  • Сешанбе, Март 15 2016

5.02.1960. Дар СССР бо қарори КПСС Университети Дӯстии Халқҳо ба номи Патрис Лумумба ифтитоҳ ёфт. Донишгоҳро дар солҳои тӯлонӣ ҷавонони зиёде аз сар то сари ҷаҳон хатм карданд.

 7.02.1952. Дар ш.Маскав мурофиаи судие баргузор шуд, ки дар он мактаббачагони масквагӣ ба ҷурми ақоиди зиддишӯравӣ айбдор карда шуданд. Онҳо варақаҳоеро дар шаҳр паҳн мекарданд, ки дар он системаи интихоботии СССРро ғайриодилона мехонданд. Аз байни 16 тан талаба 3 нафар ба қатл маҳкум шуданд, 10 нафарро ба 25 сол зиндон ва 3 нафари дигар ба 10 соли кор дар Сибир маҳкум шуданд.

7.02.1964. Дар газетаи «Правда» мақолае дарҷ ёфт ва дар он аввалин бор ошкор тахмин зада шуд, ки дар куштори Сергей Миронович Киров дар соли 1934 Иосиф Сталин даст доштааст.

8.02.1919. Дар РСФСР ШКХ декрет «Дар бораи ҳисоб кардани вақт бо системаи умумиҷаҳонӣ»-ро ба табъ расонид. Русияи Шӯравӣ худро ба меъёри байналмилалӣ мутобиқ мекард.

8.02.1924. Дар СССР аввалин парвози ҳавопаймои мусофиркаши АК-1 ба вуқӯъ пайваст, ки дар муддати кӯтоҳ хатсайрҳои ба ҳам наздик дар ҳудуди РСФСР хизмат мекард.

8.02.1925. Дар шаҳри Ленинград 7 масъули шӯравӣ барои амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи истеҳсоли пӯст ба қатл маҳкум шуд. Ҳукумати шӯравӣ он замон бо коррупсия муборизаи беамон мебурд.

8.02.1955. Дар зинаҳои болоии СССР тағйиротҳои куллие ба амал омаданд. Хрушев, ки баъди Сталин сари қудрат омада буд, ба ҳар васила мекӯшид, аз рақибони сиёсии худ халос шавад. Григорий Маленков аз вазифаи Раиси Шӯрои Вазирони СССР сабукдӯш ва маршал Булганин ин вазифаро соҳиб шуд. Маршал Жуков, ки Хрушёвро дар муборизааш бо Берия дастгирӣ карда буд, Вазири мудофиа таъйин гардид.

8.02.1991. Бо қарори Президенти СССР-М.С.Горбачёв дар кишвар аввалин иттиҳодияи телевизиони ВГТРК таъсис дода шуд.

9.02.1918. КМИ РСФСР «Қонуни асосӣ дар бораи милликунонии замин»-ро тасдиқ намуд.

9.02.1918. Ҳукумати Украина дар Брест бо немисҳо сулҳи сепаратиро ба имзо расонид, ки тибқи он немисҳо мебоист Украинаро ишғол мекарданд.

9.02.1931. Овозхони маъруфи рус-Федор Шаляпин аз Бюрои Тиҷоратии Шӯравӣ дар Порис (Фаронса) 10.000 франкро тариқи суд барои ғайриқонунӣ паҳн кардани ашъораш дар СССР талаб намуд. Мурофиаи судӣ ба нафъи Шаляпин анҷом ёфт ва тарафи СССР 10.000 франк ба ӯ пардохт намуд.

9.02.1977. СССР бо Испания муносибати дипломатиашро барқарор намуд. Ин муносибатҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Испания дар соли 1936 ва ба сари қудрат омадани низоми фашистии генерал Франко қатъ гардида буданд.

9.02.1984. ГенСеки ҲК СССР-Юрий Андропов аз олам чашм пӯшид.

9.02.1990. Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ гардиданд.

10.02.1918. Дар Петроград ва Маскав намоишҳои мардумӣ ба эътирози ҷудо кардани дин аз давлат ба вуқӯъ пайвастанд. Русҳо он замон динро ба ҳеҷ ваҷҷ аз давлат ҷудо намедонистанд.

10.02.1946. Дар СССР аввалин интихобот ба Шӯрои Олии кишвар баргузор шуд.

11.02.1940. СССР бо Олмон созишномаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ мебандад. Тибқи созишнома аз СССР ба Олмон ашёи хом ва хӯрокворӣ ирсол мешуд. Олмон бошад ба СССР таҷҳизоти истеҳсолиашро мефиристод.

11.02.1945. Дар Ялта конфронси сарони 3 кишвари иттифоқчӣ СССР, Англия ва ИМА ба поён расид. Дар он, ки бо конфронси Қрим маъруф аст Сталин, Черчилл ва Рузвелт нақшаҳои ояндаи худро барои торумори бечунучарои Олмон ҳамоҳанг карданд.

11.02.1948. Дар нишасти Политбюрои КМ ВКП(б) Никита Хрушев пешниҳод кард, ки кулакҳо ва миллатгароёни Украинаи Ғарбиро бе ҳеҷ гуна ҳукми судӣ аз маҳалҳои зисташон бадарға кунанд. Ин фикр ба ҳама писанд омад, аммо бо вуҷуди ин асноди ҳуқуқиро низ барои ин амал фароҳам карданд. Баъди 10 рӯз 2 фармони махфии Раёсати ШО СССР дар ин бобат бароварда шуд.

11.02.1953. СССР бо Исроил муносибати дипломатиро қатъ кард. Сабаби ин амалкарди СССР таркиши бомб дар намояндагии шӯравӣ дар Тел-авив-пойтахти Исроил шуд.

11.02.1990. Оғози тазоҳуроти мардумӣ алайҳи режими комунистӣ дар Душанбе.

М.Салимшо

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter