ХАБАРИ ДОҒ

30.01.1937. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина Сарқонун (Конститутсия)-и худро қабул кард.

 31.01.1919. Дар шаҳри Петроград, дар қалъаи Петропавловский 4 нафар аз князҳои бузурги Романовҳо паронда шуданд, ки бародарзодагони шоҳ Николайи 2 буданд. Ин сулола зиёда аз 300 сол ба Русия ҳукумат кард.

31.01.1924. Анҷуман (съезд)-и 2-уми Шӯроҳо Сарқонуни аввалини Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро тасдиқ кард, ки ин тақрибан аз Сарқонуни соли 1918-и РСФСР рӯбардор шуда буд ва камбудии зиёде дошт ва соли 1936 бо қабули Сарқонуни нави сталинӣ бартараф шуд.

31.01.1932. Дар СССР яке аз бузургтарин коргоҳҳои оҳанобкунӣ-комбинати металлургии Магнитагорск ба фаъолият шурӯъ кард.

31.01.1990. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав (дар майдони Пушкин) аввалин тарабхонаи «Макдоналдс» ифтитоҳ ёфт ва ба фаъолият шуруъ кард, ки бо 700 ҷои нишаст яке аз калонтарин тарабхонаи ин ширкати машҳур дар миқёси ҷаҳон буд.

1.02.1918. Патриарх (муфтӣ)-и Русия-Тихон Иттиҳоди Шӯравиро давлати бе худоён номид.

1.02.1923. Дар Петроград, дар кӯчаи Фонтанка, дар хонаи №76 аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ба кори худ шурӯъ кард.

1.02.1924. Англия СССРро ба расмият шинохт ва 2 кишвар муносибати дипломатиашонро барқарор карданд.

1.02.1940. Ҳуҷуми ҳалкунандаи АС дар ҷанги СССР бо Фин. СССР ин давлати кӯчакро бо машаққати зиёд шикаст дод.

1.02.1992. Президенти Федератсияи Русия-Борис Николаевич Елтсин ва ҳамтои америкоиаш Ҷорҷ Буши калонӣ дар Кэмп Девид деклоратсия дар бораи ба итмомрасии ҷанги сардро миёни ин 2 кишвар имзо кард. Ин ҷанг, ки дар он ҳеҷ задухӯрди низомие сурат нагирифт, аз соли 1945 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иттифоқчиёнаш алайҳи СССР идома дошт ва яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани СССР гардид.

2.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (СНК) бо Декрети махсус калисоро аз давлат ҷудо кард ва мактаб низ аз калисо ҷудо карда шуд.

2.02.1943. Армияи Сурх дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурӯҳи артиши Олмонро (зери фармондеҳии фелдмаршал Фридрих Вилгелм Паулюс) дар Сталинград торумор кард. Олмон баъд аз ин шикаст дигар натавонист иқтидори пешини худро барқарор кунад.

2.02.1956. Дар полигони Семипалатински РСС Қазоқистон барои аввалин бор дар ҷаҳон озмоиши мушакҳои стратегӣ гузашт.

3.02.1918. Кумитаи Марказии Иҷроияи РСФСР бо Декрети махсуси худ ҳамаи қарзҳои берунӣ ва дохилии Русияи подшоҳӣ ва Ҳукумати мувақатиро бекор кард. Ин қарзҳо дар маҷмӯъ 60 миллиард рублро ташкил мекарданд. Напазируфтани ин қарзҳо яке аз сабабҳои ҳуҷуми мусаллаҳонаи Антанта ба СССР шуд. Бо вуҷуди ин СССР ба касе 1 тин надод.

3.02.1966. Стансияи шӯравии «Луна-9» (Моҳ-9) аввалин шуда дар ҷаҳон ба болои Моҳ нишаст.

3.02.1987. Дар СССР барои гирифтани ришва Юрий Чурбанов-муовини аввали вазири корҳои дохилаи СССР, шавҳари духтари собиқ котиби аввали Ҳизби Коммунист-Леонид Илич Брежнев ба ҳабс гирифта шуд.

4.02.1935. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав аввалин қатораи таҷрибавӣ дар метро ба роҳ андохта шуд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter