4.11.1945. Оғози конфронси Қрим. Дар конфронси таърихӣ сарони 3 кишвари иттифоқчӣ дар ҷанг зидди Олмони гитлерӣ-Иосиф Сталин, Уинстон Черчилл ва Френсис Рузвелт бо ҳам вохӯрданд, то қисмати баъдиҷангии Олмонро ҳаллу фасл намоянд.
4.11.1946.Дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис ташкилоти нави байналмилалӣ ЮНЕСКО (СММ оиди масоили маориф, илм ва тамаддун) таъсис дода шуд.
4.11.1956.Артиши шӯравӣ ба пойтахти Венгрия-шаҳри Будапешт ворид шуд. Роҳбари Венгрия Имре Над ба сафоратхонаи Югославия паноҳ бурд. Ҳамин тариқ СССР ва иттифоқчиёни аврупоиаш шӯриши зиддикоммунистии венгерҳоро пахш карданд ва Янош Кадар-роҳбари ҷадиди Венгрия ҳукумати инқилобии коргару деҳқониро таъсис дод.
5.11.1929.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти "Интурист" таъсис дода шуд. Он дар тамоми мавҷудияти СССР ягона ташкилоти сайёҳӣ дар кишвар маҳсуб меёфт.
5.11.1967. Дар СССР маркази телевизионии "Останкино" сохта ба истифода дода шуд. "Останкино" бо манораи телевизионии баландаш, яке аз маъруфтарин биноҳо дар собиқ шӯравӣ ба шумор мерафт.
6.11.1917.Дар пойтахти Русия-шаҳри Петроград, дастаҳои Гвардияи сурх бо кумаки сарбозони гарнизони шаҳрӣ, ки ба тарафи болшевикон гузашта буданд, пулҳо аз болои Нева, почта, телеграф ва истгоҳи роҳи оҳанро ишғол намуданд. Ин амалкард оғози шӯриши мусаллаҳона зидди Ҳукумати муваққат ба шумор меравад.
7.11.1917. Инқилоби сотсиалистии Октябр. Болшевикон Қасри Зимистонаро дар Петроград тасарруф ва Ҳукумати муваққатро сарнагуншуда эълон карданд.
Меҳрубон
Салимшоев