10.11.1961. Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи қадимаи ин шаҳр Царицин буд ва ҳангоми номгузорӣ аз он дигар касе ёд накард, аммо номи Сталинград ба хотири муҳорибаи шадиди ҶБВ барои ҳамеша дар таърих боқӣ монд.
10.11.1982. Леонид Илич Брежнев-котиби генералии ҲКИШ аз олам чашм пӯшид. Брежнев аз соли 1964 то соли 1982 ба Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ кард.
11.11.1918. Поёни Ҷанги аввали ҷаҳонӣ. Ин ҷанг дар зиндагии мардуми Аврупо таъсири зиёд дошт ва се импературии бузургро аз миён бардошт.
12.11.1970. Дар Покистон боди тунд, ки суръаташ ба 240 км дар соат мерасид ва мавҷи баландиаш 15 метр, сабаби марги 150.000 одам шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо, теъдоди қурбониёни ин фоҷеъа 300-400 ҳазор нафарро ташкил намуд ва ин фоҷеъа бузургтарин офати табиии қарни ХХ шинохта шудааст.
12.11.1982. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов ба ҳайси котиби генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.
13.11.1982. Президенти ИМА Роналд Рейган таҳримҳо алайҳи СССРро бекор кард. Ин таҳримҳо баъди ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ дар Полша алайҳи СССР ҷорӣ гардида буданд.
14.11.1920. Дар деҳаи Кашинои назди Маскав аввалин чароғаки электрикӣ дар деҳоти Русия фурӯзон гардид. Дар ифтитоҳи нерӯгоҳи барқии кӯчак Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариатҳои дунё ҳузур дошт.
Меҳрубон
Салимшоев