ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти “Баҳор” то “Госиздат”

  • Чоршанбе, Май 22 2019


17.05.1918.Оғози шӯриши корпуси чехословакӣ дар Сибир. Корпуси 30.000-нафараи чехословакӣ, ки мебоист тавассути Владивосток Русияро тарк мекард, дар роҳ шӯриш бардошт. Бо ин исён ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз гардид.
17.05.1919. Дар Русияи шӯравӣ тамоми моликияти калисоҳо ва савмааҳо миллӣ эълон карда шуд.
17.05.1921. Дар РСФСР Декрет оид ба милликунонии корхонаҳои хурд лағв карда шуд. Ин аввалин қадам барои роҳандозии Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) гардид.
17.05.1934. Дар Олмони фашистӣ яҳудиён аз ҳаққи суғурташавии тиббӣ маҳрум карда шуданд.
17.05.1948.СССР расман эълон намуд, ки Исроилро чун давлат эътироф мекунад.
18.05.1928. Дар СССР баррасии "Парвандаи Шахтинск" (суиқасди зиддишӯравии муҳандисони Донбасс) оғоз шуд, ки нахустин делои ҷиноии сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт.
18.05.1967. Юрий Андропов раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин карда шуд.
18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Эъломияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.
19.05.1922. Дар Маскав конфронсии умумииттиҳодии комсомол доир ва дар он қарор "Оид ба таъсиси дастаҳои пионерӣ" қабул карда шуд. Маҳз ин рӯз, чун рӯзи таъсиси Ташкилоти умумииттиҳодии пионерӣ шумурда мешавад.
20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР (“Госиздат”) таъсис дода шуд, ки вазифааш ҳамоҳансозии тамоми кори нашриётӣ дар Русияи шӯравӣ буд.
20.05.1970. Роҳбари коммунистони Чин-Мао Дзэдун ба оғози инқилоби ҷаҳонӣ зидди империализми амрикоӣ даъват намуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-и вакилони мардумии РСФСР доир шуд ва дар он Қонун дар бораи Президенти РСФСР ба тасвиб расид.

22.05.1936. Дар СССР аввалин чемпионат оид ба футбол доир шуд. Аввалин бозӣ миёни "Динамо"-и Ленинград ва "Локомотив"-и Маскав баргузор гардид.
23.05.1924. Дар ш.Маскав Анҷумани XIII-и РКП (б) барпо шуд. Ин аввалин Анҷумане буд, ки бе иштироки роҳбари ҳизбии болшевикон Владимир Ленин мегузашт. Дар он Мактуби Ленин ба Анҷуман хонда шуд ва И.Сталин қариб буд ба истеъфо мерафт, аммо тарафдоронаш ӯро аз ин кор манъ карданд.
23.05.1953. Нерӯҳои НКВД дар зарфи 48 соат 37.000 деҳқони литвагиро, ки намехостанд ба колхозҳо шомил шаванд, ба манотиқи дохилии СССР бадарға карданд. Ин амалиёти вежа "Баҳор" ном гирифт.
24.05.1937.Маршал Михаил Николаевич Тухачевский аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуд ва Сталин ба ҳабси ӯ ризоият дод.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter