ХАБАРИ ДОҒ

Аз террори Симон то сафари Никсон

  • Чоршанбе, Май 29 2019


22.05.1940.Дар СССР бо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ медали тилоии "Досу болға" таъсис дода шуд. Онро ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ тақдим мекарданд.
22.05.1950. Ҳукумати коммунистии Чин ба мардуми Тибет мухторияти ҳудудиро пешниҳод кард, албатта ба шарте, ки ин минтақа ба тобеъияти ҳукумати коммунистӣ дарояд.
22.05.1972. Аввалин сафари Президенти ИМА Ричард Никсон ба СССР.
23.05.1963. Ҳукумати СССР ба Фидел Кастро унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дод.
24.05.1918. Киштии ҷангии амрикоӣ-"Олимпия" вориди халиҷи Колск шуд ва ба мудохилаи ҳарбии ИМА дар шимоли Русия, ҳини ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид.
24.05.1977. Пленуми КМ ҲКИШ лоиҳаи Сарқонуни нави СССРро таъйид кард ва ба Раёсати Шӯрои Олии кишвар тавсия дод, лоиҳаи Сарқонунро ба муҳокимаи умумии мардум гузорад.
25.05.1926. Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Париж пешвои миллигароёни украинӣ Симон Петлюра ба қатл расид. Ӯро террористи яҳудӣ Шалом Швартсбард барои қатли оми яҳудиён дар Украина кушт.
25.05.1956. Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии СССР аз 1.07.1956 дар аввалин кишвари Шӯроҳо, барои коргарон ва хизматчиёни аз 16 то 18-сола рӯзи кории 6-соата ҷорӣ карда шуд.
25.05.1957. Дар ш.Маскав "Украина"-меҳмонхонаи бузургтарин дар СССР ифтитоҳ ёфт.
25.05.1989. Дар Маскав Анҷумани 1-уми вакилони мардумии СССР ба кор шурӯъ кард. Дар он М.Горбачев Раиси Шӯрои Олии СССР интихоб шуд.
26.05.1918. Федератсияи Закавказия ба 3 ҷумҳурии ҷудогона-РСС Озарбойҷон, РСС Гурҷистон ва РСС Арманистон тақсимбандӣ шуд.

26.05.1947.Дар СССР ҳукми қатл бекор ва албатта с.1950 дубора барқарор карда шуд.
26.05.1991.Дар Гурҷистон интихоботи президентӣ доир шуд ва дар он Звиад Гамсахурдиа, яке аз миллигароёни гурҷӣ ғалаба карда, президенти Гурҷистон шуд.
27.05.1934.Дар СССР унвони "Устоди хизматнишондодаи варзиш" ҷорӣ карда шуд.
27.05.1977. Дар СССР матни нави Суруди давлатӣ (Гимн) тасдиқ гардид, ки то охири мавҷудияти СССР суруди давлатии кишвар маҳсуб меёфт.
28.05.1928. Максим Горкий бо даъвати Сталин аз Итолиё ба СССР бозгашт.
28.05.1987. Дар Рӯзи сарҳадчиён, соати 18:45 дақиқа шаҳрванди Олмони ғарбӣ Матиас Руст бо тайёраи "Сессна-17ЗП" дар Майдони сурхи Маскав нишаст.
29.05.1918. КМИ РСФСР Декрет оид ба боҷи гумрукӣ ва ташкилотҳоро ба тасвиб расонид. Хадамоти гумруки шӯравӣ созмон дода шуд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter