1.06.1931.СССР бо ИМА шартномаи ҳамкорӣ баст ва тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист дар сохтмони 90 заводи металлургии СССР ширкат мекарданд. Онҳо воқеан вориди СССР шуда, дар интустриякунонии аввалин кишвари шӯроҳо саҳми бориз гузоштанд. Ҳатто дар Тоҷикистон ҳам муҳандисони амрикоӣ дар сохтмони канали калони Вахш ширкати фаъолона доштанд. Дар ин боб ҳатто филми маъруфи "Одам пӯсташро иваз мекунад" ба навор гирифта шудааст.
2.06.1924. Ҳукумати болшевикӣ ҳайъати Бюрои сиёсии баъдиленинии ҳизби коммунистро интихоб намуд. Ба Бюро Бухарин, Зиновев, Каменев, Риков, Сталин, Томский ва Тротский шомил шуданд. 1 гурҷӣ ва 6 яҳудӣ.
2.06.1956. Дар СССР Вячеслав Молотов аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии СССР барканор карда шуд.
3.01.1917.Дар Петроград Анҷумани аввалини Шӯроҳо ба кори худ сар кард.
4.06.1918.Сарвари Русияи Шӯравӣ В.Ленин талаби таҳдидомези немисҳоро дар боби баргардонидани флоти Баҳрисиёҳии рус ба Севастопол пазируфта, киштиҳоро дар ихтиёри немисҳо қарор дод.
4.06.1956. Департаменти давлатии ИМА маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро "Дар бобати шахсиятпарастӣ ва пасомадҳои он", ки дар Анҷумани ХХ-и ҲКИШ бо он баромад намуда буд, чоп кард. Муҳтавои маърӯза худи ҳамон рӯз дар радиои "Аврупои Озод" ба самъи шунавандагон расонида шуд.
5.06.1929. Дар СССР бо қарори Шӯрои меҳнат ва мудофиа Стансияҳои мошинӣ-тракторӣ (МТС) таъсис дода шуданд.
Меҳрубон Салимшоев