ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти Қрим то парвози Гагарин

  • Чоршанбе, Апр 15 2020

 

7.04.1935. Дар СССР Қарори КИМ ва ШКХ "Бобати чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон" ба тасвиб расид. Тибқи ин Қарор, нисбати ноболиғон ҷавобгарии ҷиноӣ аз синни 12 солагӣ ҷорӣ карда шуд. Аз ин ба баъд дар СССР нисбати ноболиғони 12 сола, тамоми чораҳои ҷазои ҷиноӣ ва ҳатто ҳукми қатл ҳам истифода мегарданд. 

7.04.1946. СССР ва 26 давлати дигари аъзои СММ Низомномаи Созмони ҷаҳонии беҳдоштро тасдиқ карданд ва ин ташкилот ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.

7.04.1964. Ширкати IBM системи компютерии маъруфи худ System / 360 ро сохт. Ин система солҳои тӯлонӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешсаф буда, асоси парки компютерии бештари кишварҳои ҷаҳонро ташкил медод. Дар СССР системаи мазкур бо тамғаи ЕС ЭВМ мавриди истифода қарор дошт. 

8.04.1918. Дар Русияи Шӯравӣ парчами серангаи подшоҳӣ бо парчами сурх иваз карда шуд.

8.04.1928. Дар СССР бо қарори КИМ калисо аз мақоми шахси ҳуқуқӣ маҳрум гардид. 

8.04.1944. Оғози амалиёти Қрими Артиши Сурх дар рафти ҶБВ. Дар рафти ин амалиёт ба Артиши Сурх муяссар гардид, нимҷазираи Қримро аз тасарруфи артиши олмонӣ озод кунад.

8.04.1966. Дар СССР Леонид Брежнев ба вазифаи Котиби генералии КМ Ҳизби коммунист интихоб гардид.

9.04.1937. Дар Испония аз меҳмонхонаи Барселона, ашхоси номаълум яке аз роҳбарони хориҷии тротскистҳо Мак Рейнро рабуда шуд. Ҳукумати испанӣ дар ин дуздӣ НКВД-и СССР-ро муттаҳам кард.  

10.04.1922. Ифтитоҳи конфронси Генуэз. Дар ин конфронс намояндагони СССР низ ҳузур доштанд ва маҳз дар натиҷаи он аввалин кишвари Шӯроҳо аз ҷониби ҷомеъаи ғарбӣ ба расмият шинохта шуд.

10.04.1925. Дар СССР шаҳри Тсаритсин ба Сталинград тағйири ном кард. 

 

10.04.1955. СССР бо Чин бобати сохтмони циклотрон ва реактори атомӣ дар Чин қарордод бастанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин қарордод Чин соҳиби силоҳи атомӣ гардид.

11.04.1921. Дар ҳудуди собиқ хонигарии Қӯқанд ва вилояти Туркистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон созмон дода шуд. Ҷумҳуҷ мухтор дар ҳайъати РСФСР ба шумор меравад. Пойтахти Ҷумҳурии нав шаҳри Тошканд гардид.

12.04.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Декрети ШКХ  "Бобати кандани тамоми ҳайкалҳои шоҳон ва хидматгузорони онҳо ва омодасозии лоиҳаҳои ёдгориҳои Инқилоби Сотсиалистии Рус" ба тасвиб расид.

12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба кайҳон. Ин парвозро кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток" анҷом дод.

12.04.1984. Дар СССР тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба маълумоти миёнаи 11-сола гузаронида шуданд.

13.04.1941. СССР бо Япония Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расониданд. Яке аз сабабҳои ба СССР ҳуҷум накардани Япония дар оғози ҶБВ маҳз ҳамин созишнома гардид. 

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter