10.09.1918. Нерӯҳои Артиши 5-уми Сурх бо сарварии П.А. Славин шаҳри Қазонро аз сафедҳо озод карданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ дар Фронти шарқӣ ба шумор меравад.
10.09.1984. Оғози бозии шоҳмот барои ба даст овардани унвони чемпиони ҷаҳон миёни ду шоҳмотбози шӯравӣ Анатолий Карпов ва Гари Каспаров. Ин бози зиёда аз 5 моҳ идома дошта, яке аз тӯлонитарин бозиҳои шоҳмот ба шумор меравад.
11.09.1927. Заминларза дар соҳили ҷанубии Қрим. Ин заминларза боиси харобиҳои зиёд дар Севастопол ва Феодосия гардида, ҳатто ба адабиёт ҳам ворид шуд. Онро нависандагони бузурги рус Илф ва Петров дар романи маъруфи худ "Дувоздаҳ курсӣ" ба қалам кашиданд.
11.09.1944. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, нерӯҳои артиши амрикоӣ аввалиншуда миёни иттифоқчиён ба ҳудуди Олмон ворид гардид.
11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.
12.09.1934. Се кишвари Назди Балтик, Латвия, Литва ва Эстония як иттиҳоди нави сиёсиро таъсис доданд. Созишномаи ин иттиҳод дар Женева ба имзо расида, дар таърих чун Антантаи Балтик маъруф аст.
13.09.1968. Албания ба нишони эътироз аз Ташкилоти Созишномаи Варшава берун омад.
14.09.1936. Дар ҷаласаи махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги гражданӣ фиристад.
14.09.1991. Дар Ӯзбекистон Ҳизби коммунист бо як қарор пароканда гашта, ба Ҳизби Халқи-Демократӣ тағйири ном кард. Коммунистони Ӯзбекистон бо як қарор ҳама, аъзоёни Ҳизби Халқӣ-Демократӣ гардиданд.
15.09.1917. Ҳукумати муввақати рус, Русияро Ҷумҳурӣ эълон кард ва ба ҳукумати сиёсии сулолаи Романовҳо хотима дод.
Дар қатори ин, торумори дастгоҳи пулис ва ҳабси аъзоёни Шӯрои вазирон қонунӣ карда шуда, инчунин дар кишвар бадарға бекор ва авфи сиёсӣ эълон карда шуд. Ҳукумати нав ғайр аз ин, муваззаф шуд, озодии сиёсиро дар Русия ҷорӣ карда, Маҷлиси Муассисонро даъват кунад.
15.09.1921. Шӯрои Комиссарони Халқии Русияи Шӯравӣ, Эъломияи ҳифзи саломатии кӯдаконро ба тасвиб расонд.
15.09.1924. Дар Бесарабияи Ҷанубӣ (Молдоваи имрӯза), шӯриши мардумӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин шӯриш алайҳи руминҳо нигаронида шуда, иштирокчиёни он талаб мекарданд, Бесарабия аз Руминия ҷудо гардида, ба СССР мулҳақ гардад. Ин иқдом ба нокомӣ дучор шуд, аммо соли 1940 Бесарабия ба СССР ҳамроҳ карда шуд.
15.09.1933. Роҳбари НКВД Генрих Ягода, ба Сталин иттилоъ дод, ки дар Ленинград, "ҷамъияти ҳамҷинсгароён" ошкор гардидааст. Чекистони шӯравӣ дар рафти амалиёт дар ин шаҳр, зиёда аз 150 ҳамҷинсгароро, ки аъзои ин "Ҷамъият" будаанд, дастгир карданд.
16.09.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Ордени Ситораи Сурх таъсис дода шуд. Аввалин Ордени шӯравӣ бештар ба афсарони Артиши Сурх дода мешуд.
17.09.1920. Дар макотиби олии Русияи Шӯравӣ, факултетҳои коргарӣ созмон дода шуданд, ки танҳо коргаронро маълумотдор мекарданд.
17.09.1932. Бо қарори Раёсати КИМ СССР ва ташаббуси нависанда Максим Горкий, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Маскав, Донишкадаи адабӣ таъсис дода шуд. Ин Донишкада ба номи Горкий номгузорӣ гардида, яке аз донишкадаҳои бонуфузи собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.
Меҳрубон Салимшоев