ХАБАРИ ДОҒ

Аз муҳосираи Куба то Олимпиадаи Маскав

  • Чоршанбе, Окт 28 2020

22.10.1942. Артиши Сурх дар рафти муҳорибаи Ленинград, десанти немисию финниро, ки мехост ҷазираи Сухоро дар кӯли Ладога ба тассаруф дарорад маҳв кард. Агар десантчиёни немис дар ин амалиёт муввафақ мешуданд, ягона роҳи таъмини шаҳр бо озуқаро қатъ мекарданд ва Ленинград ногузир таслим мешуд.

22.10.1962. Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ эълон кард, ки кишвараш Кубаро ба муҳосираи ҳавоӣ ва обӣ мегирад.  

22.10.1975. Стансияи кайҳонии шӯравӣ "Зӯҳра-9" (Венера) ба сатҳи сайёраи Зӯҳра фуруд омад ва бори аввал аксҳои сатҳи сайёраи дигари системаи Офтобиро ба Замин ирсол намуд.

23.10.1917. Дар нишасти КМ РСДРП(б), роҳбарони ҳизби болшевикӣ мебоист масъалаи шӯриши мусаллаҳонаро баррасӣ мекарданд. Дар рафти нишаст, аксарияти роҳбарони болшевик зидди шӯриши мусаллаҳона баромад карданд, аммо Ленин, ки ногаҳонӣ ҳузур пайдо кард, тавонист аксариятро бовар кунонад то ба тарафдории шӯришии мусаллаҳона овоз диҳанд. 

23.10.1946. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, аввалин нишасти Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

23.10.1966. Ҷосуси шӯравӣ Ҷон Блейк аз зиндони "Уормвуд Скрабз"-и шаҳри Лондон фирор кард. Блейк ҳангоми фирор, аз наздиктарин гулфурӯши кӯча як даста гули довудӣ харида, онро дар назди дарвозаи зиндон ба ёдоварӣ гузошт. Ин кори Блейк рӯзноманигорони англисро ҳайратзада карда буд.

23.10.1974. Дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена 75-умин нишасти Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст қарор дода шуд, бозиҳои XXII-юми Олимпӣ дар пойтахти СССР шаҳри Маскав баргузор гарданд.

23.10.1984. Дар СССР Кумитаи Бехатарии Давлатӣ барҳам дода шуд. КГБ-и СССР асосан вазифаи ҷосусӣ, зиддиҷосусӣ, мубориза бо коршиканиҳои иқтисодӣ ва ғайраро иҷро мекард.

24.10.1939. СССР ва Олмон созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд. Тибқи ин созишнома СССР ӯҳдадор шуда буд ба Олмон ғалла ва нафт ирсол намояд. 

24.10.1941. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ, саввумин маркази саноатии СССР, шаҳри Харковро ба тассаруф даровард.

25.10.1922. Қисмҳои Артиши халқи-инқилобии Ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии И.Убаревич ба Владивосток дохил шуданд.

Бо ин амалиёт охирин қисмҳои ишғолгарони хориҷӣ ҳудуди РСФСР-ро тарк карданд ва ҷанги гражданӣ дар кишвар ба охир расид.

25.10.1929. Оғози буҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ. Ин рӯз дар таърих бо "ҷумъаи сиёҳ" маъруф аст. Ин буҳрони иқтисодӣ то соли 1933 идома ёфт ва зарбаи ҷонкоҳе ба иқтисоди ҷаҳонӣ, хусусан ба ИМА ворид кард. Дар ИМА арзиши саҳмияҳо 90% коҳиш ёфта, саҳомдорони хурд оммавӣ муфлис гардиданд.

25.10.1962. Сафири ИМА дар СММ Адлай Стивенсон, дар нишасти Шӯрои Амният аксҳои мушакҳои шӯравиро дар Куба ба ҳозирин намоиш медиҳад. Худи ҳамон рӯз роҳбари СССР Никита Хрушев дар паёми хусусиаш ба Ҷон Кеннедӣ, розӣ шуд мушакҳои шӯравиро аз Куба барорад, агар ИМА дар навбати худ аз ишғоли Куба даст кашад.

26.10.1932. Роҳбари СССР Иосиф Сталин дар муроҷиати худ ба нависандагони шӯравӣ, онҳоро "муҳандисони рӯҳи одамӣ" номид. 

26.10.1990. Дар СССР бо фармони президент Михаил Горбачев қурби бозории рубл нисбати асъори хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.

27.10.1962. Тайёраи ҷосуссии U-2 и ИМА дар осмони Куба бо мушаки шӯравӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт. Сарнишини тайёра майор Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Тибқи гузориши таърих, дар ин рӯз ҷаҳон аз ҳама бештар ба ҷанги атомӣ наздик шуда буд.    

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter