ХАБАРИ ДОҒ

ВЛКСМ, "Шоҳ бомба", ЮНЕСКО ва "Интурист"

  • Чоршанбе, Нояб 04 2020

29.10.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Иттиҳоди коммунистии ҷавонон (РКСМ) таъсис дода шуд. Ин ташкилот баъдан ба ВЛКСМ тағйири ном кард ва асоситарин созмонони ҷавонон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.

29.10.1956. Исроил ба Миср ҳамла кард. Баъди чанд рӯз Фаронса ва Англия низ вориди ҷанг шуданд. Танҳо дахолати СССР ва таҳдиди вурудаш ба ин даргирӣ, монеъи ишғоли коноли Суетс ва қисмате аз хоки Миср аз ҷониби Исроил, Фаронса ва Англия гардид.

30.10.1941. Дар рафти Ҷанги ҷаҳонии дуввум, президенти ИМА Франклин Делано Рузвелт барои кумак ба Иттиҳоди Шӯравӣ 1 миллиард доллар ҷудо кард.

30.10.1961. Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиши қавитарин бомбро дар таърихи ҷаҳонӣ анҷом дод. Бомби 58 мегатоннаии ҳидрогенӣ, ки бо "Шоҳ бомба" маъруф аст дар майдони озмоишии ҷазираи Замини Нав тарконда шуд. Роҳбари СССР Никита Хрушев дар ин маврид изҳор дошт, ки мо мехостем бомби 100 мегатоннаиро битарконем, аммо ба хотири нашикастани шишаҳо дар Маскав вазни бомбро камтар кардем.

31.10.1922. Дар Итолиё, тарафдорони беннито Мусолинӣ, ки бо "куртасиёҳон" маъруф буданд ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Рим ворид шуданд ва бо тантана аз назди қасри подшоҳӣ гузаштанд. Бо ин кор инқилоби фашистӣ дар Итолиё ба пирӯзӣ расид ва расман давраи фашистӣ дар дунё оғоз гардид.

31.10.1961. Ҷасади Иосиф Сталин аз Мавзолеи Ленин бароварда шуд ва дар назди девори Кремл дафн гардид.

1.11.1922. Импературии Усмонӣ ба мавҷудияти худ хотима дод ва Туркия ба ҷумҳурӣ табдил дода шуд.

2.11.1924. Дар панҷ манораи Кремл ситораҳои ёқутӣ насб карда шуданд.  

3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз пурнуфузтарин ва бойтарин муассисаҳо - Институти марсизм-ленинизм таъсис дода шуд, ки бевосита ба КМ ВКП(б) итоат мекард.

3.11.1988. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман ба омӯзиши забони ибрӣ (забони қадимаи яҳудиён ва забони расмии Исроил) иҷозат дода шуд.

4.11.1945. Оғози конфронси Қрим. Роҳбарони кишварҳои иттифоқчӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум Иосиф Сталин, Уинстон Чечил ва Франклин Рузвелт дар шаҳри Ялтаи Қрим барои баррасии масоили баъдиҷангӣ бо ҳам дидор намуданд.

4.11.1946. Дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид оиди масоили омӯзиш, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъсис дода шуд.

4.11.1956. Нерӯҳои Артиши Шӯравӣ вориди пойтахти Венгрия, шаҳри Будапешт гардиданд. Роҳбари ин кишвар Имре Над дар сафорати Югославия паноҳ бурд ва ба ҷояш Янош Кадар сари қудрат омада, ҳукумати нави "инқилобии коргару-деҳқониро" таъсис дод.

 

5.11.1929. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти "Интурист" таъсис дода шуд, ки дар тамоми мавҷудияти СССР ягона ташкилоти туристӣ маҳсуб меёфт. 

5.11.1933. Аввалин озмоиши тролейбуси шӯравӣ. Ин тролейбус ЛК-1 ("Лазар Каганович") ном дошт ва дар корхонаи "Динамо" и пойтахт сохта шуда буд. Аз ҳамин рӯз ҳаракати доимии тролейбусҳо дар Маскав оғоз гардид.

 

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter