6.11.1917. Дар Петроград дастаҳои Горди сурх бо кумаки аскарони ба тарафи болшевикон гузаштаи гарнизони шаҳрӣ, пулҳо аз болои дарёи Нева, почта, телеграф ва итгоҳҳои роҳи оҳанро ишғол намуданд. Ин амалиёт, оғози шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон бар алайҳи Ҳукумати муввақати Русия гардид.
6.11.1930. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав заводи автомобилбарории ба номи КИМ ба фаъолият шурӯ кард. Ин заводи автомобилбарорӣ баъдан АЗЛК "Москвич" номгузорӣ гардида, мошинҳои сабукрави "Москвич"-ро истеҳсол мекард.
6.11.1943. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ, пойтахти Украина шаҳри Киевро аз тасарруфи немисҳо озод кард.
6.11.1991. Дар Русия, бо қарори президенти ин кишвар Борис Елтсин, фаъолияти ҲКИШ ва ҲК РСФСР мамнӯъ эълон карда шуда, амволи он мусодира ва миллӣ гардонида шуд.
7.11.1917. Дастаҳои Горди Сурхи болшевикӣ дар Петроград, Қасри зимистонаро ба тасарруф дароварданд ва Ҳукумати муввақатро сарнагуншуда эълон карданд. Дар Русия инқилоби бузурги болшевикӣ ба пирӯзӣ расид.
7.11.1941. Дар Майдони Сурхи Маскав, паради ҳарбии Артиши Сурх баргузор гардид. Он шабу рӯз немисҳо дар 25 километрии маркази Маскав қарор доштанд ва баргузории ин паради ҳарбӣ барои руҳияи шаҳрвандони шӯравӣ ва ҷанговарони Артиши Сурх нақши фавқулодда дошт. Ба ҳамин хотир паради мазкурро ба амалиёти муҳими ҷангӣ баробар мекунанд.
7.11.1944. Дар пойтахти Япония шаҳри Токио, ҷосуси барҷастаи шӯравӣ Рихард Зорге ба дор овехта шуд. Зорге таърихи дақиқи ҳуҷуми немисҳо ба СССР ва ба ҷанг ворид нашудани Японияро дар соли 1941 ба Маскав хабар дода буд. Маҳз бо такя ба хабари Зорге, Сталин қисмати зиёди нерӯҳои Артиши Сурхро аз Шарқи Дур ба остонаи Маскав равона кард ва немисҳо дар амалиёти Маскав номком шуданд.
7.11.1990. Суиқасд ба ҷони Михаил Горбачев дар Майдони Сурхи Маскав. Ҳангоми баргузории парад А. Шмонов аз камони пневматикӣ ба сӯи Горбачев, ки дар болои Мавзолей қарор дошт тирандозӣ кард. Горбачев дар ин суиқасд осебе надид.
8.11.1917. Оғози шӯриши мусаллаҳонаи бошлшевикон дар Маскав. Пас аз пирӯзӣ дар Петроград, дастаҳои Горди сурхи болшевикӣ дар Маскав ба амалиёт шурӯ карданд. Дар Маскав задухӯрдҳо шадидтар буданд ва болшевикон бо талафоти сангин, билохира тавонистанд Кремлро тасарруф намоянд.
8.11.1920. Дар рафти ҷанги гражданӣ Артиши Сурх хатти мудофиавии Перекопро ишғол намуданд. Ин хатти мудофиавӣ роҳро ба сӯи Қрим, охирин такягоҳи нерӯҳои Артиши Сафедҳо баста буд ва бо ишғоли он, Қрим ба тасарруфи болшевикон даромад.
9.11.1989. Дар пойтахти Олмон, шаҳри Берлин девори машҳури ин шаҳр хароб карда шуд. Ин девор, ки пойтахти немисҳоро ба ду қисмат тақсим намуда буд, 45 км дарозӣ дошт ва 120 км.-и дигари он дар гирди Берлини Ғарбӣ бунёд гардида буд, ки ин шаҳрро аз ҳудуди Олмони Шарқӣ ҷудо мекард.
10.11.1961. Дар СССР, шаҳри Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи пештараи шаҳрро, ки Царицин ном дошт дигар кам касе дар ёд дорад, аммо номи дуввуми он, Сталинград бошад, ба хотири муҳорибаи Сталинград барои ҳамеша дар таърих сабт гардид.
10.11.1982. Дар СССР, котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Брежнев аз олам чашм пӯшид. Брежнев аз соли 1964 то соли 1982 дар раисии СССР қарор дошт.
11.11.1918. Ҷанги ҷаҳонии аввал ба охир расид ва Полша чун давлати мустақил бори дигар дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шуд. Ин рӯзро дар Полша чун рӯзи истиқлолияти он ҷашн мегиранд.
12.11. 1982. Дар СССР, Юрий Андропов котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб карда шуд.
Меҳрубон
Салимшоев