ХАБАРИ ДОҒ

Аз Пакти сегона то амалиёти "Уран"

  • Чоршанбе, Нояб 18 2020

13.11.1918. Дар РСФСР ба овозхони маъруфи рус Федор Шаляпин унвони Артисти халқӣ дода шуд. Аммо Шаляпинро дар соли 1927 бо қарори ШКХ РСФСР барои фаъолияти хайриавиаш нисбати муҳоҷирони рус, аз ин унвон маҳрум карданд.

13.11.1982. Президенти ИМА Р.Рейган таҳримҳои иқтисодиро алайҳи СССР, ки баъди эълони вазъияти ҳарбӣ дар Полша ҷорӣ шуда буданд, бекор кард.

14.11.1920. Дар деҳаи Кашинои назди Маскав, аввалин чароғаки барқӣ дар деҳоти Русия фурӯзон карда шуд. Дар ифтитоҳи ин нерӯгоҳи хурдакак, сарвари ҳукумати РСФСР Владимир Ленин ширкат варзид.

14.11.1940. Дар пойтахти Рейхи саввум, шаҳри Берлин гуфтушуниди олмонӣ-шӯравӣ, бобати ҳамроҳгардии СССР ба иттиҳоди давлатҳои фашистӣ (Пакти сегона) бо нокомӣ анҷом ёфт. Тарафи СССР-ро дар ин гуфтушунид, вазири корҳои хориҷии кишвар В. Молотов сарварӣ мекард.

14.11.1991. Дар қароргоҳи Ново-Огарево, роҳбарони ҳафт ҷумҳурии СССР созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.

15.11.1923. Раёсати Асосии Сиёсӣ (ГПУ), ки пештар ВЧК ном дошт, баъди таъсиси СССР ба Раёсати Асосии Сиёсии Муттаҳида (ОГПУ) тағйири ном кард. Инчунин Раёсати мазкур аз тобеъияти НКВД бароварда шуд. 

15.11.1944. Дар СССР бадарғакунии туркони-месхетӣ аз манотиқи сарҳадии  Гурҷистон бо Туркия оғоз гардид. Туркони-месхетӣ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон кӯчонида шуданд.

16.11.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ, шаҳри Керчро дар Қрим ба тассаруф даровард ва бо ҳамин нимҷазираи Қрим пурра аз артиши сафедҳо озод карда шуд.

17.11.1919. Бо қарори Шӯрои инқилобии РСФСР (Реввоенсовет) Корпуси савораи, собиқ афсари хурди драгунӣ Семён Буденний ба Артиши Якуми савора табдил дода шуд. 

17.11.1938. ШКХ ва Бюрои сиёсӣ қарор "Бобати ба ҳабсгирӣ, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишотро" ба тасвиб расониданд. Тибқи ин қарор дар СССР "дугона" ва "сегонаҳои" ғайрисудӣ бекор карда шуда, ба ҳабс гирифтани гунаҳкорон, танҳо бо қарори суд ё санксияи прокурор амалӣ мегардид.

17.11.1960. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав Университети дӯстии халқҳо ифтитоҳ ёфт. 

 18.11.1918. Латвия соҳибистиқлолии худро эълон кард.

Аввалин сарвари ҳукумати Латвияи соҳибистиқлол Карлис Улманис интихоб гардид. Ин рӯз дар Латвия чун ҷашни давлатӣ ҳамасола таҷлил мегардад.

18.11.1956. Роҳбари СССР Никита Хрушев ҳангоми мулоқоти расмӣ бо дипломатҳои амрикоӣ ба онҳо хитоб кард ва гуфт: "Мо шуморо мегӯронем".

19.11.1942. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар набарди Сталинград.  Амалиёт "Уран"  боиси муҳосира ва асорати армияи 6-уми фелдмаршал Паулюс гардид ва як гардиши куллӣ дар рафти ҶБВ ба амал овард.

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter