ХАБАРИ ДОҒ

Аз коммунизми ҳарбӣ то “Нормандия-Неман”

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

20.11.1937. Дар СССР, яке аз роҳбарони руҳонияти провославӣ, митрополити собиқ Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Венгрия ба Пакти сегонаи давлатҳои фашистӣ ( Пакти зиддикоминтернӣ) пайваст ва баъди чанде вориди ҷанг бо СССР шуд.

20.11.1945. Оғози мурофиаи Нюрнберг. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон, мурофиаи судии роҳбарони аршади Рейхи саввум баргузор гардид. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олии Рейхи саввум, аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии байналмиллалии кишварҳои иттифоқчӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

20.11.1954. Иҷлосияи Генералии СММ ба тамоми кишварҳои дунё тавсия намуд, ин рӯзро чун Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ҷашн бигиранд. Дар қарори Иҷлосия аз ҷумла омада буд, ки дар ин рӯз-20 ноябри соли 1959 Иҷлосияи Генералии СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакон ва 20 ноябри соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаконро ба имзо расонид. 

20.11.1990. Дар СССР қотили маъруф Андрей Чикотило дастгир карда шуд.

21.11.1918. Дар Русия Шӯравӣ савдои дохилӣ монополияи давлатӣ эълон карда шуда, дар кишвар сиёсати “коммунизми ҳарбӣ” ҷорӣ гардид.

21.11.1920. Роҳбари болшевикон Владимир Ленин ҳангоми баромади худ дар конфронси РКП (б) дар вилояти Маскав иброз намуд: “Коммунизм, ин Ҳокимияти Шӯравӣ ва барқароркунонии кулли кишвар аст”.  

22.11.1934. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ-и кишвар, Комиссариати Халқии мудофиа таъсис дода мешавад. Комиссариати Халқии нав, аз ҳисоби Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати халқии флотӣ ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода  шуд.

22.11.1941. Ифтитоҳи Роҳи ҳаёт дар Ленинград. Ин роҳи яхӣ, тавассути кӯли Ладога сохта шуда, роҳи ягонаи таъмини Ленинград бо озуқа маҳсуб меёфт. Дар ин рӯз, аввалин корвони 60 мошина ба самти Кобона барои овардани гандуми ҷавин ба роҳ баромаданд.

23.11.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ ва ШКХ табақот ва дараҷаҳои мадании Руссияи то инқилобӣ лағв гардиданд. Бо ин кори худ, ҳукумати болшевикӣ “Ҷадвали рутбаҳо”-ро, ки Петри 1-ум ҳанӯз дар соли 1722 ҷорӣ намуда буд, лағв кард. Аз ин ба баъд тамоми сокинони Русия шаҳрванд (гражданин) хитоб мегардиданд.

23.11.1917. Маросими дафни болшевикони кушташуда, ҳангоми ҷангҳо дар Маскав. Болшевикон шаҳидони худро бо тантана дар назди девори Кремл ба хок супориданд. Ин сунат баъдан дар СССР роиҷ гардида, роҳбарону қаҳрамонони миллиро дар назди ин девор ба хок месупориданд..

 24.11.1969. Раёсати Шӯрои Олии СССР ва сенати ИМА шартномаи паҳн накардани силоҳи атомиро ба тасвиб расониданд.

25.11.1926. КМ ВКП(б) қарори сохтмони “Днепрогэс”-ро ба имзо расонид     

25.11.1942. Дар СССР, бо қарори муштараки шӯравӣ-фаронсавӣ, дастаи ҷангии ҳавоӣ таъсис дода шуд. Ин қисми низомӣ аз ҳавонавардони фаронсавӣ иборат ёфта, номи “Нормандия-Неман”-ро гирифт.                                                        

 

25.11.1992. Дар интихоботи президентии Литва, роҳбари собиқи Ҳизби коммунистии ин кишвар Алгирдас Бразаускас пирӯз шуда, президенти Литва интихоб гардид.

26.11.1924. Хурали бузургӣ мардумии Муғулистон ин кишварро Ҷумҳурии Халқӣ эълон карда, Сарқонуни онро қабул намуд. Бо таъсиси Муғулистони Халқӣ, лагери сотсиалистӣ дар ҳаҷм ду баробар афзоиш ёфт.

26.11.1948. Дар СССР қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бобати бадарғаи “умрбодӣ” немисҳо, қалмиқҳо, ингушҳо, чеченҳо, балкарҳо, тоторони Қрим ва як қатор халқҳои дигар ба манотиқи дурдасти СССР нашр карда шуд.

26.11.1971. Дар СССР тибқи қонун, ҳаҷми поинтарини музди меҳнати коргарон ва хизматчиён муқаррар гардид. Ҳаҷми маоши поинтарин 70 рублро дар моҳ ташкил медод ва ин ҳаҷм расман дар тӯли 20 сол бетағйир боқӣ монд.

26.11.1988. Шӯрои Олии СССР эъломияи соҳибистиқлолии Эстонияро бекор кард ва онро ғайриқонунӣ хонд.

27.11.1923. Дар Русияи Шӯравӣ комиссиюни махсус барои мубориза бо самогон, кокаин ва қимор таъсис дода шуд.

27.11.1958. СССР аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб кард, тамоми нерӯҳои мусаллаҳи иттифоқчиён аз Берлин бароварда шуда, онро “шаҳри озод” эълон намоянд.

27.11.1990. Кунгураи мардуми чечен, соҳибистиқлолии Чеченистонро эълон кард.

 

Меҳрубон Салимшоев

 

 

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter