ХАБАРИ ДОҒ

Аз Ленд-лиз то “Тоҷики кӯҳистонӣ”

  • Чоршанбе, Март 17 2021

 

11.03.1918. Артиши англисҳо дар Мурманск фурӯд омада, ин шаҳрро ишғол кард. Ҳукумати болшевикӣ бошад, аз Петроград ба Маскав кӯчид.

11.03.1920. Болшевикон дастаҳои партизанҳои сурхро дар Сибири шарқӣ ба ҳам муттаҳид карданд ва аз ҳисоби онҳо дар Иркутск Армияи халқӣ-инқилобӣ таъсис дода шуд. 

11.03.1931. Дар СССР вуруди ҳар навъ адабиётӣ динӣ ба кишвар мамнӯъ гардид.

11.03.1941. Кунгураи ИМА қонуни ленд-лизро, ки кумаки ҳарбиро ба иттифоқчиён, аз ҷумла СССР иҷозат медод, қабул кард.  

12.03.1917. Дар Петроград Кумитаи Муваққатии Дума ва Шӯрои шаҳрӣ созмон дода шуданд. Ин кор, маънои пирӯзии Инқилоби февралӣ дар Россияро дошт. 

12.03.19. Ифтитоҳи аввалин мактаби шӯравӣ дар Душанбе. Дар ин мактаб 2 муаллим, ки як рӯз қабл ба Душанбе омада буданд, дарс медоданд.

13.03.192. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон аввалин дастаҳои милитсияи ғайримуназам (иррегулярӣ) созмон дода шуданд. 

13.03.1968. Дар Душанбе Анҷумани I-уми ҷомеаи театрӣ баргузор гардид.

13.03.197. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе ноҳия Фрунзе ташкил дода шуд. Ин 3-умин ноҳия дар Душанбе ба шумор рафта, аз ҳисоби қисматҳои ноҳияҳои Марказӣ ва Октябр таъсис ёфта буд. 

14.03.1942. Дар Сталинобод авввалин навбати комбинати бофандагӣ (Текстили имрӯза) ба кор шурӯ кард. 

14.03.1991. Дар СССР аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд. 

15.03.192. Артиши Сурх шаҳри Кӯлобро ишғол кард ва дар ин шаҳр ҳукумати шӯравӣ таъсис дода шуд.  

15.03.1925. Дар Душанбе ба муносибати Эъломияи таъсиси Тоҷикистони мухтору озод, аввалин паради нерӯҳои гарнизони шаҳр ва роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид. 

15.03.1936. Дар Сталинобод, курсҳои 3 моҳаи омӯзиши комбайнерҳо кушода шуданд. Дар ин курсҳо 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ таҳсил карда, касби комбайнериро ёд гирифтанд.

15.03.1945. Дар шимоли Тоҷикистон, бо қарори Раёсати ШО РСС Тоҷкистон, посёлкаи типи шаҳрии Чорух-Дайрон таъсис дода шуд. Чорух-Дайрон ба Шӯрои шаҳрии Қайроққум тобеъ буда, дар он, бештар асирони немис ва миллатҳои дигар мезистанд, ки ба истихроҷу коркарди уран машғул буданд. 

 

15.03.196. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ, Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника роҳандозӣ карда шуд. Ин мукофот ҳамасола ба беҳтарин олимон ва ихтироъкорон дода мешуд.  

16.03.1931. Меъморони РСС Тоҷикистон бори аввал дар намоишгоҳи байналмиллалӣ ширкат варзиданд. Ин намоишгоҳ дар пойтахти Олмон, шаҳри Берлин мегузашт ва меъморони тоҷик дар он, макетҳои биноҳои истиқоматиро намоиш доданд.  

 16.03.1935. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон рӯзи ягонаи бозорӣ ё истироҳат ҷорӣ карда шуд. Рузи бозорӣ, ҷумъа муаян карда шуда, дар ин рӯз меҳнаткашон бозориашонро мекарданд.  

17.03.192. Дар СССР бо маблағгузории меҳнаткашони Тоҷикистон, тайёраи ҷангии “Тоҷики кӯҳистонӣ” (“Горный таджик”) сохта шуд. Ин тайёраро, ҳавонавард М. Павелиский идора мекард, ки соли 1931 ба дасти босмачиён кушта шуд. 

 

Меҳрубон Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter