17.03.1917. Ҳукумати муваққати Россия дар Бухоро иқоматгоҳи доимӣ (Резидентсия) бунён кард. Дар Хуҷанду Ӯропеппа бошад, кумитаҳои иҷрояи Ҳукумати муваққатӣ таъсис дода шуданд.
17.03.1935. Адолф Гитлер, фюрери Олмон дар Берлин паради бошукӯҳи ҳарбӣ баргузор кард. Дар ин парад нерӯҳи Вермахти навтаъсис аз пойтахт убур карда, 500 000 немис ба дидани он омада буд.
18.03.1918. Кишварҳои эътилофи Антанта (Фаронса, Англия ва ИМА) эълон карданд, ки натиҷаҳои Созишномаи Брестро миёни Россия ва Олмон ба расмият намешиносанд.
18.03.1920. КМИ РСФСР Декретеро ба тасвиб расонид, ки тибқи он ВЧК ҳақ дошт афроди машкукро, ки ҷурмашон тавассути тафтишот собит нагардида буд, ба мӯҳлати 5 сол дар лагери меҳнатӣ маҳбус намояд.
18.03.1925. Дар Тоҷикистони шӯравӣ аввалин рӯзномаи давлатӣ бо номи “Иди тоҷик” рӯи чоп омад. Соли 1925 рӯзнома “Бедории тоҷик” номида шуд ва соли 1928 “Тоҷикистони сурх” ном гирифт. Сипас соли 1955 “Тоҷикистони Советӣ”, соли 1990 “Тоҷикистони шӯравӣ” ва соли 1991 “Ҷумҳурият” номида шуд. Ва то ба ҳол бо ҳамин ном дар кишвар нашр мегардад.
19.03.1917. Дар Украина роҳпаймоии азими мардумӣ бо шиорҳои “Украинаи озод дар Россияи озод” ва “Зинда бод Украинаи озод бо сарварии Гетман” баргузор гардид. Дар ин роҳпаймоӣ зиёда аз 100 000 нафар украинӣ ширкат варзиданд.
19.03.1931. Дар дарёи Панҷ пароходи (киштии буғӣ) бо номи “Тоҷик” ба фаъолият шуру кард. Ин киштии буғӣ дар масири Тирмиз-Сарой-Қамар ҳаракат карда, аҳолӣ ва бор мекашонид.
19.03.1950. Дар СССР мошинҳои сабукравӣ “Победа” ва “Москвич” ба фурӯши озод бароварда шуданд. Акнун шаҳрвандони шӯравӣ ҳуқуқ пайдо карданд, барои худашон мошини сабукрав бихаранд.
20.03.1953. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав стантсияи радиошунавоии ба номи Коминтерн, маркази радиошунавонӣ дар ҷаҳон ба фаъолият шурӯ кард, ки он шабу рӯз бузургтарин маркази радиошунавонӣ дар олам маҳсуб меёфт.
20.03.1953. Раёсати ШО РСС Тоҷикистон бо қарори худ низомномаи Парчами давлатиии РСС Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.
20.03.1959. Дар Сталинобод Иттиҳодияи тоҷикистонии Ҷамъияти илмӣ-техникии СССР роҳандозӣ гардид.
21.03.1921. Таъсиси РСС Гурҷистон. Гурҷиҳо ҳам ин рӯзро солҳои тӯлонӣ ба ҳайси иди давлатӣ ҷашн мегирифтанд.
21.03.1940. Дар СССР бо Қарори Раёсати ШО ба аввалин тоҷик Неъмат Қарабоев унвони Қаҳрамони Иттиҳодӣ Шӯравӣ дода шуд.
21.03.1986. Оғози сафари 2 ҳафтаинаи мактаббачаи шӯравӣ Катя Личёва ба ИМА бо “Миссияи сулҳ”.
22.03.1917. Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико аввалиншуда Ҳукумати муваққатии Россияро ба расмият шинохт.
22.03.1989. Дар РСС Тоҷикистон нахустин конкурси ҷумҳуриявии “Маликаи Наврӯз” баргузор карда шуд.
23.03.1921. Артиши Сурх Ғармро ишғол намуда, дар инҷо ҳукумати шӯравӣ роҳандозӣ гардид. Албатта, ин ҳукумат аз ҷониби нерӯҳои мухолиф сарнагун шуда, баъди чанде дубора барқарор гашт.
23.03.1941. Дар РСС Тоҷикистон сохтмони навбати аввали Канали калони Ҳисор ба охир расид. Ин канал барои ҷумҳурӣ нақши стратегӣ дошта, заминҳои зиёди водии Ҳисорро обёрӣ мекард.
Меҳрубон Салимшоев