31.03.1935. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон аввалин мактаби 10 солаи ӯзбекӣ ба фаъолият шурӯ кард.
31.03.1940. СССР ба НАТО бо ташаббуси пазируфтанаш ба ин ташкилот муроҷиат намуд. Мутаасифона, намояндагони НАТО, баъди баррасии пешниҳоди СССР онро рад карданд.
31.03.1955. Ҳукумати СССР қарор дод ба Олмони демократӣ (ГДР) ганҷинаҳои галереяи Дрезденро баргардонад.
31.03.1975. Заводи алюмини шаҳри Турсунзода аввалин алюминии худро истеҳсол намуд.
1.04.1923. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи “Огонек” рӯи чоп омад. Ин маҷалла, яке аз маъруфтарин нашрияҳо дар собиқ СССР ба шумор рафта, ҳоло ҳам таҳти ин унвон нашр мегардад.
1.04.1967. Дар СССР бори аввал филми “Асираи қафқоз ё Саргузашти нави Шурик” намоиш дода шуд. Ин филм яке аз маъруфтарин ва дӯстдоштатарин филмҳо дар собиқ СССР ба шумор мерафт.
2.04.1935. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин Сирк (барои 1000 тамошобин) ба фаъолият шурӯ кард.
3.04.1922. Иосиф Сталин ба вазифаи котиби генералии КМ РКП(б) интихоб карда шуд.
3.04.1931. Дар Сталинобод Бойгонии (Архив) марказии РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд.
3.04.1991. Дар СССР Қонун “Бобати тартиби ҳалли масъалаҳои вобаста ба баромадани ҷумҳурии иттиҳодӣ аз ҳайати СССР” қабул гардид.
4.04.1917. Владимир Ленин аз муҳоҷират ба Петроград баргашт ва “Тезисҳои апрелӣ”-ро таҳия намуд. Дар ин “Тезисҳо” Ленин аз ҳаммаслаконаш даъват кард, аз давраи 1-уми инқилоб (буржуазӣ) ба давраи 2-юм (сотсиалистӣ) гузаранд.
4.04.1936. Дар Институти педагогии Сталинобод бо қарори Бюрои КМ ҲКТ аввалин аспирантура барои донишҷӯёни тоҷик таъсис дода шуд. Ин аспирантура, дар оғоз 11 нафар донишҷӯро ба тадрис фаро гирифт.
4.04.1977. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО вилояти Қӯрғон-Теппа таъсис дода шуд.
5.04.1930. Таъсиси экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии Помир дар Академияи улуми СССР.
5.04.1937. Николай Ежов сарвари НКВД-и СССР таъин карда шуд.
5.04.1957. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик баргузор гардид.
6.04.1921. Дар Душанбе пойтахти РАСС Тоҷикистон аввалин курсҳои 3-моҳаи омодасозии муаллимон ташкил карда шуданд.
6.04.1978. Сафири СССР дар СММ Аркадий Шевченко аз ИМА дархости паноҳандагии сиёсӣ кард.
7.04.1917. Ҳукумати муваққати Россия мансаби генерал-губернаториро дар Осиёи Миёна лағв карда, ба ҷои он Кумитаи идоракунии қаламрави Туркистонро таъсис дод.
7.04.1935. Дар СССР Қарори КИМ ва ШКХ "Дар бораи чораҳои мубориза бо ҷинояткории ноболиғон" қабул карда шуд. Тибқи ин қарор, ноболиғон аз 12 солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, нисбати онҳо тамоми чораҳои ҷазоӣ, то ҳукми қатл истифода мегардид.
Меҳрубон Салимшоев