8.04.1918. Дар РСФСР парчами се рангаи Россияи подшоҳиро бо парчами сурх ҷойгузин карданд.
8.04.1928. Дар СССР бо қарори КИМ калисо аз мақоми шахси ҳуқуқӣ маҳрум карда шуд.
8.04.1966. Леонид Брежнев котиби генералии КМ КПСС интихоб гардид. Брежнев бо ҳамроҳии аъзоёни дигари КМ тавассути кудато Хрушевро аз қудрат сарнагун карданд.
9.04.1923. Артиши Сурх дастаҳои қурбошӣ Холбуттаро дар болооби дарёи Зарафшон торумор намуд ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳокимияти шӯравӣ барпо карда шуд.
9.04.1932. Дар сохтмони канали калони Вахш, ки бо “Вахшстрой” маъруф буд, аввалин куби бетон рехта шуд.
10.04.1919. Дар ин рӯз, аввалин шумораи маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб” ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин маҷалла, ҳафтае 1 маротиба чоп шуда, нақши зиёде дар фазои фарҳангии Бухоро ва Тошканд ифо мекард.
10.04.1930. Аввалин барномаи Радиои Тоҷикистон ба эфир баромад.
10.04.1933. Дар шаҳри Ленинград Конфронси омӯзиши захираҳои табиии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Конфронс то 16 апрел идома дошта, дар рушди иқтисодии Тоҷикистони шӯравӣ нақши бисёр муҳим бозид.
11.04.1929. Нерӯҳои Артиши Сурх дар Қаротегин амалиётро алайҳи дастаҳои Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат оғоз намуданд. Баъди чанд даргирӣ 3 май дастаи Фузайл Махсум ва 27 май дастаи Кӯри Шермат торумор гардида, дар Ғарм бори 3-юм ҳокимияти шӯравӣ барқарор карда шуд.
12.04.1941. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав аввалин Даҳаи адабиёт ва ҳунари РСС Тоҷикистон доир гардид.
12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳонӣ. Ин парвоз тавассути кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии “Восток” доир гардид.
13.04.1925. Дар Тоҷикистони мухтори шӯравӣ муассисоти (институти) оқсақолҳо, минбошиҳо ва амлакдорон барҳам дода мешаванд. Аз ин ба баъд, мардум даъвоҳояшонро дар додгоҳи шӯравӣ анҷом медоданд.
14.04.1951. Филиали тоҷикистонии АИ СССР ба Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон табдил дода шуд.
14.04.1952. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО дар назди Шӯрои шаҳри Қайроққум шаҳраки Олтин-Топкан бунёд карда шуд. Ин шаҳрак дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дошта, имрӯз Зарафшон ном дорад.
14.04.1978. Иҷлосияи VIII-уми ғайринавбатии ШО РСС Тоҷикистон, Сарқонуни нави кишварро қабул кард. Дар Тоҷикистони шӯравӣ ин 3-юмин Сарқонун ба шумор мерафт.
15.04.1922. Барои мубориза бо босмачиён дар ҶХБ Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет) ва Ситоди гурӯҳи нерӯҳои Бухоро созмон дода шуданд.
15.04.1928. Дар ҶШМ Тоҷикистон бо қарори иҷлосияи КИМ алифбои нави тоҷикӣ бо ҳуруфӣ лотинӣ ҷорӣ карда шуд.
15.04.1978. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи маҷмааи ёдгорӣ-муҷассамавӣ ва ҳайкали Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий баргузор гардид. Маҷмааи мазкур ба 100 солагии таваллуди устод С. Айнӣ бахшида шуда, ҳоло ҳам дар назди Иттифоқи нависандагон вуҷуд дорад.
Меҳрубон Салимшоев