«Деваштич»-ягона макони баргузории киноконсерти тобистона дар ш.Панҷакент тахриб карда мешавад. Дар ин бора аз ҳукумати ш.Панҷакент иттилоъ дода гуфтанд, ки дар ҷои он бинои нави чандқабата, барои кормандони ВАО, маркази фарҳангӣ барои ҷавонон ва идораи Раёсати ҳифзи ичтимоӣ ва нафақаи шаҳр ҷойгир хоҳад шуд. Муддати чанд сол мешавад, ки дар ин макони фарҳангии «Деваштич» ягон намуди чорабинӣ баргузор намегардад. Дар ҳудуди ин бино маркази ҷанговарони байналмилалӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва манзили 1 нафар нигаҳбони бино ҷойгир аст, ки дар сурати вайрон шудани бино онҳо бе ҷой мемонанд. Аммо дар ҳамин ҳол яке аз киномеханикҳои кӯҳна Маҳмудов Обидҷон мегӯяд, «ман аз соли 1989 то соли 1994 дар ин ҷо ба ҳайси киномеханик кор мекардам. Тамоми асбобҳои кинонамоишдиҳиро то ҳол дар шакли асл ва ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштам. Имрӯз ҳукумат мехоҳад Деваштичро вайрон кунад. Наход дигар киномониву кинотамошо аз байн рафта бошад? Аз ҳамон сол то инҷониб дар инҷо истиқомат мекунам, бе маош нигоҳубин кардам. Пас аз тахриби бино бе ҷои истиқомат хоҳам шуд. Шароитам вазнин аст, ҷои зист надорам. Бо азобе рӯз мегузаронам. Оё пас аз ин ҳукумат ба ман ҷой медода бошад?»-мегӯяд Маҳмудов. Ин дар ҳолест, ки аз 12 кинотеатри мавҷуда дар Панҷакент то имрӯз 3-тои он боқӣ мондаасту халос.
Хуршед Фозилов
17 феврал бо сафари корӣ ба ш.Душанбе рафтам. Аз назди бозори Саховат, ки қариб ҳамаи хатсайрҳо то Сирк мерафтанд, хостам ба мусофиркаши хатсайри №2, ки холӣ буд, нишинам. Дар дохили мошин «ҷои нишаст барои 18 нафар» навиштаанду лекин мусофирон (номаълум, ки онҳо аз Душанбе буданд, ё қишлоқ, ба таъбири Раззоқов Баҳодур Ҳаётович-доктори илмҳои ҳуқуқ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе аз ҳисоби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисоди Тоҷикистон)-ро дар ҳар 50 метр истода, мегирифту мегирифт. Қариб 20 нафари дигар (ғайр аз 18 ҷои курсӣ) дар роҳрав чухт меистоданд! То ҳадде, ки нафаси одам мегирифт. Ба ронанда чанд маротиба гуфтем, ки охир, дигар ҷо нест, боз чаро манъ карда одам савор мекунӣ? Мусофири дигар баланд гуфт, ки охир мо одамем, на гусфанд. Ронанда сӯи мо тоқат накарда гуфт: «Намефорат, братан, фаро, ин айби ман нест!»
Ва бо ин ҳама, ба андешаи Баҳодур Раззоқов, мо «қишлоқиҳо» асло шаҳрӣ нашудем! Ҳангоме, ки нақлиёти ту дар хатсайри автобус бошад, чаро дар куҷое, ки хоҳад меистаду одам савор мекунад? Мутаассифона, то ҳанӯз қисмати бузурге аз шаҳрнишинҳо аз маърифати шаҳрдориву шаҳрнишинӣ хабар надорем, ё чунин қоидаҳоро риоя намекунем. Ман фикр мекунам, ки чунин пешниҳоди Раззоқов барои баланд бардоштани маданият, маърифат ва одоби шаҳрнишинии кулли сокинон ва ба ин васила ҳамқадами шаҳрҳои бузурги дунё намудани пойтахти Тоҷикистон аст, на аз Душанбе рондани деҳотиён. Ва суоли аз ҳама охир: Ҳамин вакил Раззоқов худаш дар Париж таваллуд шудааст, ё Риму Лондон, ки барояш мо-7,5 млн «қишлоқӣ» чун террористони давлати исломӣ ба Душанбе-умеди Тоҷикони ҷаҳон, роҳ дода нашавем? Умуман чунин вакил аз номи халқ ҳуқуқи баромад карданро дошта бошад?
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
Иҷрокунандаи раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба 1 қарори махсус дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт имзо гузоштааст
Чуноне ки сомонаи Мақомоти ҳокимияти давлатии ш. Душанбе хабар медиҳад, дар чунин гурӯҳи муштарак кормандони тамоми соҳаҳои пойтахт, аз қабили маорифу тандурустӣ, экология, мақомоти милитсия, фаъолони ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд. Ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо мардум, аъзоёни гурӯҳи муштарак бояд моҳияти 1 қатор қонунҳои ҷории кишвар ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро маънидод намоянд.
СССР
«Шуморо бо аксатон чоп мекунем. Журнали мо дар ситемаи ҷаҳонии интернет пайваст аст, ҳама мехонад...» бо чунин суханон намояндагони журнали «Тоҷикони ҷаҳон» мардумро дар дом меафтонидаанд. Чанд нафар аз сокинони ш.Панҷакент бо тасдиқи ин гуфтаҳо иброз доштанд, ки намояндагони ин журнал тез-тез ба Панҷакент "меҳмон" мешудаанд. Аммо дар матлабҳои эшон дар бораи проблемаву мушкилоти Панҷакент чизе гуфта намешудааст.
1 нафар сокини ш.Панҷакент-Хуршед Сироҷев гуфт, моҳи октябр намояндагони ин журнал омада маблағ гирифтанду ваъда карданд, ки матлаб чоп мекунанд. Аммо то ҳол на матлаб чоп шудаасту на кормандони журнали мазкурро пайдо намудем.
Умеда Ашӯрова-сокини дигари ш.Панҷакент мегӯяд, пас аз рекламаи кормандони журнали мазкур мо низ шавқ пайдо намуда, хостем ба сомонаи журнали «Тоҷикони ҷаҳон» ворид шавем. Дар нишонаи ин журнал сомонаи онҳоро пайдо карда натвонистем. Намояндагони журналро пурсидем, онҳо гуфтанд, ки «нишонаи мо tojikonijahon.com аст». Ба ин нишонӣ ҳам ворид гардидем ва дар равзанаи компютери мо акси як ҷонвар баромад. Ин нафарон мегӯянд, мақсади «Тоҷикони ҷаҳон» пулкоркунӣ аст, ё хидмат ба мардум? Мо нафаҳмидем!!!
Хуршед Фозилов
Саидҷон Шодиев, бародари ҳунарманди маъруфи кишвар Афзалшоҳ Шодиев, мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҳукумати шаҳри Панҷакент таъин гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори СССР 1 манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ дод.
Саидҷон Шодиев, бародари овозхони шинота Афзалшоҳ Шодиев пас аз тақрибан 3 моҳи бесоҳиб будани ин вазифа ба мансаби мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъин гардидааст.
Номбурда, пеш аз ин ба вазифаи раиси кумитаи замини шаҳри Бӯстон – собиқ Чкаловски вилояти Суғд фаъолият мекард. Муаррифии Саидҷон Шодиев дирӯз сурат гирифтааст.
Пеш аз ин вазифаи мудири шуъбаи шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакентро Мавлон Мирзоев ба зима дошт.
Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон
Салом, СССР! Банда Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллифон докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон, Маҳмудов Маҳкам ва Холиқов Абдураҳим)-ро 3 бор хондам. Дар пешгуфтор омадааст: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем…».
1.Дар яке аз шумораҳои СССР хондам, ки дар яке аз шаҳрҳои кишвар, дар рӯзи иди Наврӯзи соли 2016 соҳибкорони «баору номус» 100 дег оши палав пухта, мардумро ба оши палав даъват кардаанд. Агар хароҷоти 100 дег оши палавро ҳисобу китоб карда ба камбизоатҳо, маъюбон… медоданд, нуран алонур мешуд! Ба Худованд аён буд, ки оши палави ройгонро бойҳо бисёртар хӯрданд!!!
2.То қабули танзим ба тӯю худоӣ ва ҷашн дар Сӯфиёндеҳи мо хабарчӣ бо овози баланд ҳамаро хабар мекард. Дар маросим хурду калон, пиру ҷавон, наврасон иштирок мекарданд. Ноболиғонро низ барои иззату ҳурмати калонсолон дар маърака мешинонданд. Ба ин рафтор байни калонсолону хурдсолон иззату ҳурмат дар авҷ буд. Баъди танзим хурдсолон ба маърака ширкат намекунанд. Гуфтаниям, ки наврасон низ ба маърака иштирок намоянд. 1 дег оши палав (50 кг биринҷ) ба ҳама мерасид ва ҳоло низ мерасад…
3.Соҳиби маърака бояд, ки ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кунад. Дар тӯйи хатнаи фарзандонаш Ҷонфидо ва Ҷонбоз дар масъалаи ҳофизон дурӯғро кор фармуданд. Худо розӣ бошад? Гуфтанд, ки Артисти халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов дар ин тӯй хизмат хоҳад кард! Ба ромишгари деҳа Собирбой Содиқов фармудам, ки то омадани Ҷурабек дар маърака ҳофизӣ кунад. То гузаштани тӯй Собирбой ҳофизӣ кард. Чаро? Барои он ки Ҷӯрабекро аслан ба тӯй хабар накарда буданд, чунки зӯраш намерасид. Яъне ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кард. Дар тӯйи хатнаи писари 3-юмам (Бобоҷон) ба ҷои ҳофиз радиоузелро кор фармудем. Тӯйи хатна аъло гузашт. Ҳеҷ кас нахандид!
4.Дар маъракаҳои Сӯфиён то танзим ва баъди танзим 50 кг биринҷи оши палав ба ҳама мерасад, ҳатто баъзан зиёдатӣ мекунад. Ҳодисаҳои нарасидани ош баъзан мушоҳида карда мешавад, ки ин гуна меҳмонон бо 1 пиёла чой қаноат карда мераванд.
5.То танзим ва баъди он ҳам иштирокчиёни тӯй ихтиёрӣ 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ (ва ё доллар) ба дасти соҳибтӯй мечаспонанд. Дар 1 тӯй соҳибтӯй 5-10 ҳазор сомонӣ (ё доллар) ҷамъ мекунад. Ин муборакбодкунӣ бо чорво, ё сомониву доллар дар Сӯфиён ба анъана табдил ёфтааст.
6.Дар маросими дафн ҳама аҳолии Сӯфиёндеҳа ва меҳмонон аз дуру наздик дар ҷаноза ширкат мекунанд. Аҳолӣ ва баъзе меҳмонон ба мотамдорон «бандагӣ» гӯён ихтиёран сомонӣ ва ё доллар, чорво ё хӯрокворӣ медиҳанд. Меҳмононро дар қӯшхона ҷо карда, ба онҳо ягон хел хӯрок мепазанд. Хайрот ба ронандагон ҳамчун мошинпулӣ дода мешавад. Гуфтан лозим меояд, ки хароҷоти рӯзи дафнро Сӯфиёниҳо пурра иҷро ва ҳаллу фасл мекунанд.
Танзим бояд ба кӯмаки башардӯстонаи деҳотиён ба ҳамдигар дахолат накунад. Зеро ин кӯмакпулиҳо дар тӯй хароҷоти зиёфат ва дар ҷаноза хароҷоти гӯру чӯбро мепӯшонад. Мо Метавонем!
Бо эҳтиром, Шаҳрошӯби Мирзоиён,
деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар