Амируллои Асадулло, раиси ш.Қӯрғонтеппа имрӯз, зимни баргузории 1 маҳфили шеъру суруд бо номи «Забон-пайванди ҷон» сокинони ин шаҳрро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуда ба 3 озмун-назму наср ва қироати шеър, ки бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ эълон шуда буд, ҳусни хотима бахшид. Дар ин маҳфил ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР бо роҳбарии сардабири он Сайёфи Мизроб низ ширкат доштанд. Аъзои ҳакамони ин озмун аз байни 20 нафар ширкатдорони бахши наттоқӣ Марҳабо Рамазонзода, корманди телевизиони вилояти Хатлон ва Афсонаи Умар, хонандаи мактаби миёнаи №12-и ш.Қӯрғонтеппаро ғолиби ин озмун дониста эшонро бо мукофотҳои калони пули шаҳрдорӣ сарфароз намуданд. Бояд қайд намуд, ки ин 2 нафар аз ҷониби ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ лоиқи мақоми беҳтарин гашта зимни суханронии хеш дар маҳфил С.Мизроб таъкид дошт, ки Марҳабо ва Афсона ҳамчунин бо ҷоизаи махсуси газета мукофонида хоҳанд шуд. Дар идомаи ин маҳфил С.Мизроб ба Муҳаммадшариф Саъдуллоев, раиси корпоратсияи «Рушди Хатлон», ки яке аз соҳибкорони ҷавони ин минтақа аст ва ғолиби лоиҳа-озмуни «25 тоҷири муваффақи 25 соли истиқлоли Тоҷик» гаштааст, Дипломи махсус ва тӯҳфаи рамзии газетаи СССР-ро ботантана супорид. Тӯҳфаҳои дигари шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба ғолибони бахшҳои назму наср низ аз ҷониби А.Асадулло ирсол гаштанд. Зимнан, А.Асадулло, ки худ шоир аст, новобаста аз кор, ба фарҳангу адабиёт таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
Дар манзили падарии журналисти шинохта Отахон Латифӣ воқеъ дар шаҳри Панҷакент барои гиромидошти хотири ин журналист, як маҳфили ёдбуд доир гардид. Ин нишаст бо ташаббуси ҳамсари Латифӣ, Манзура Ёқубова доир шудааст. Дар маросими ёдбуд, рӯзноманигорону адибон, пирони рӯзгордида ва хешу ақориби Отахон Латифӣ ширкат доштанд. Мӯйсафедон хотироти хешро аз Отахон Латифӣ қисса намуданд ва ҳамчунин сабтҳо аз бойгонии телевизион ба тамошо гузошта шуд. Отахон Латифи аз ҷумлаи рӯзноманигорони варзидаест, ки бо матолиби хеш охирҳои асри 20 ҷомеъаро тасхир мекард. Ӯ чандин сол мухбири яке аз рӯзномаҳои машҳури замони Шӯравӣ - Правда буд.
Матни зерин на ҷавоб ба мавқеъи мустаҳками шаҳрванд Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзнома дар мақолаи «ТОҶИКТАРУ МУСАЛМОНТАР»-и сомонаи www.cccp.tj аз 8 сентябри соли 2016 буда, балки тақвият ба сухани эшон мебошад. Ростӣ, ибораи: «Имрӯз мулло-пешво-имомҳои мо бонги арабӣ мезананд ва пой тори фарқи сари Миллат мегузоранд ва мутаассуф, мо-Тоҷикон ин ҳамаро на танҳо таҳмил мекунем, ки мусоидат дорем, то миллати моро таҳқир кунанд, хор кунанд, дашном диҳанд.»-ро дар таърихи хабарнигории Тоҷик нахуст мебинам. Чунин сухани ростро танҳо далери хабарнигор метавон гуфт, на дигаре, ки хизматгорӣ дорад, на хабарнигорӣ.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатӣ 2 медали махсус -«Акбари Саттор» ва «Овози Тоҷик»-ро таъсис додаст, ки он барои рушду равнақи матбуоти Тоҷик ва профессионализми рӯзноманигорӣ дода хоҳад шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар Иттифоқи журналистогни Тоҷикистон иттиллоъ доданд, дар рӯи медали «Акбари Саттор» акси собиқ раиси ИЖТ, ки тӯли 10 соли охир сарварии ин созмонро бар ӯҳда дошт, мунъакис гашта медали «Овози Тоҷик» бошад ба шарофати нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бахшида шудааст.
СССР
Тавре Мавлон Мирзоев, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ш.Панҷакент иброз дошт, ин иқдом бо ташаббуси ҳукумати шаҳр ва кӯмаки соҳибкорони Панҷакент сурат гирифтааст: «Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо тасмим гирифтем як кори хайреро ба сомон расонем ва ба 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд сарулибос ва тӯҳфаҳо харида, онҳоро хатнасур кардем».
Дар чорабинӣ директори маркази Исломшиносии назди президенти ҶТ, С.Баротзода, раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода ширкат ва суханронӣ намуда, кӯдаконро бо ин рӯзи фархунда ва Истиқлолияти кишвар табрик намуданд.
Хуршед Фозилов
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар