Дирӯз, 20.04.2017 дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонови ш. Қӯрғонтеппа семинар дар мавзӯи “Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа” доир гардид. Дар кори ин семинар муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси ш. Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, сардорони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, муовинони соҳаи идиологии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шӯъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муҳаррирони рӯзномаҳо,кормандони ВАО, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, сархатибони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақши иттилоот дар ҷомеаи имрӯза андешаҳояшро баён намуд. Ӯ махсусан тезу тунд будани вазъи сиёсии ҷаҳон ва воситаҳои иттилоотии ба ҷомеаи мо бегона ва хатарнокро ба иштирокдорони семинар ёдрас намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва муборизаи оқилона бурда тавонистан даъват намуд. Амирулло Асадулло дар бораи тарақиёту пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд.
Ӯ суханони сиёсатмадорони гузашта ва имрӯзаро мисол оварда, дар бораи нақши иттилоот дар таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ андешаҳояшро баён намуда, ҳамагонро ба ваҳдат, ба муттаҳидшавӣ ва дастаҷамъона дар ободии Ватан саҳмгузор будан даъват кард.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
70-солагии нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Панҷакент таҷлил шуд. Дар ҷашни қайди 70-солагии Тоҳирӣ адибону нависандагон ва шоирону шогирдони ин нависанда ва намояндагони ҳукумати ш.Панҷакент ширкат намуданд. Ширкатдорон дар баромадҳои хеш аз хислатҳои хуби Давлатшоҳи Тоҳирӣ васф намуда, ӯро муборакбод намуданд. Тоҳирӣ нависандаи таърихнигор муаллифи маҷмӯаи зиёди таърихӣ, аз қабили "Оли Сомон", "Ситораи Рӯдакӣ" "Спитамон-Рухшона- Искандар" ва ғ. мебошад. Ба қалами ӯ ҳамчунин навиштаҳои насрию назмӣ ва фолклорӣ тааллуқ дорад.
Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ ҳадди ақалл як бор ба театр бираванд. Ин дастури расмии Рамазон Раҳимзода баъд аз тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров содир шудааст.
Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ба театр рафтани кормандони пулис барои боло рафтани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд. "Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад"
Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд.
Дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор корманди пулис расман фаъолият доранд. Ин тасмим на танҳо ба боло рафтани сатҳи маърифат ва истироҳати кормандони мақомоти милиса, балки ба буҷаи театрҳои кишвар ва боло рафтани талабот ба сифати намоишномаҳои онҳо низ таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Итминон дорем ин иқдом аз ҷониби дигар вазорату ташкилот ва сокинони кишвар дастгирӣ ёфта, таваҷҷуҳ ба театри миллӣ ва рушду инкишофи он боз ҳам бештар мешавад.
СССР.
Ахиран «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ», бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ва сирилики Тоҷикӣ ба дасти нашр расид. Муаллифи ин шоҳкорӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Шарифмурод Исрофилниёст. Китоб бо теъдоди 5000 дона дар нашриёти «Пайванд» чоп шудааст.
Муаллиф дар ин асар талош кардааст, калимоти душворҳазму душворфаҳми асарҳои насрии Ҷомиро шарҳу тафсир диҳад. Воқеан ҳам забони асарҳои насрии ҳазрати Ҷомӣ хеле душворҳазм аст, ки дастандаркорон нек медонанд.
Фарзи мисол, назаре кунем ба Равзаи дуюми ин «Шарҳ».
А. Ҷомӣ: Дар таршеҳи шақоиқи дақоиқи ҳикам, ки ба рашаҳоти саҳоби карам дар замини қулуби ҳукамо ва арозии хавотиршон хоста ва шарҳу баёни он матовии дафотиршон ороста...
Бинед, ки дарки чунин наср ҳатто аз сӯи олимони соҳа низ мушкил меуфтад, чӣ расад ба хонандаи оддӣ. Зимнан Шарифмурод Исрофилниё ҳама калимоти мушкилфаҳмро ба навъе тарҷума кардааст (бештар аз тафсиру шарҳ) ва ба содагӣ пешкаши хонанда мекунад. Ҳамзамон ному насаби уламову удабову машоиху сӯфиёни аҳди қадим, ки дар асари Ҷомӣ оварда мешаванд, аз сӯи муаллиф низ шарҳу тафсир гардидаанд, ки боиси дастгирист. Зеро мо номи аксари онҳоро бори аввал мешнавем ва ё шунида бошем ҳам дуруст намешинохтем.
Ин муште буд аз хирвори намуна. Бояд гуфт, китоб хеле саривақтӣ нашр шудааст ва аз чопи «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» мебояд истиқбол кард. Мо Метавонем!
Дар варзишгоҳи марказии вилояти Хатлон ,шаҳри Қурғонтеппа намоиши барномаи театрикунонидашудаи “Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ” доир гардид, ки дар он Раиси вилоят муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Қабл аз шуруъи барномаи фарҳангӣ раиси вилоят мардуми вилоятро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст, ки халқ онро пазируфта, дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.
Дар ҳолати маҷбурӣ мардум ба журналистон барои пуштибонӣ муроҷиат мекунад ва ин дар ҳолест, ки худи журналист намедонад дар зарурат ба кӣ додашро расонад...
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар