ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 29 2020

Худоёрзода Худоёр Завқибек, Вазири нақлёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29.01.2020 зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон иброз намуд, ки мусофирон бояд ақидаи ҳамлу нақлро фаҳманд.  Агар ронанда ҳуҷҷати ронандагӣ  надошта бошад, нақлиёти  вай ба талаботи имруза ҷавобгуй набошад,  савор нашавед ва ҳаёти худро дар хатар нагузоред! Зеро ҳастанд дар хатсайрҳо автобусҳое, ки  ба талаботи имруза ҷавобгӯ будаву тамоми шароитҳоро доранд. Марҳамат бе ягон мушкилот ба онҳо савор шавед.  Вале вазир нагуфт, ки чаро нақлиёти бе ҳуҷҷат, бе “шароити имрӯзаи муосир” ва бе иҷозат дар роҳу ҷодаҳо мегарданду мусофири бечора аз куҷо дарк мекунад, ки ин нақлиёт қонунист ё хайр? Ва назорат аз рӯи нақлиёт бар зиммаи кист?

Дар охир вазир иброз намуданд, ки аз  ҳамаи шумо-хабарнигорон, эҳтиромона хоҳиш  менамоям, ки дар назди истгоҳҳо агар шумо таксии 3333, 4444, олуча-такси ва дигар автомошинаҳои шахсиву давлатиро бинед, ки роҳҳоро бастаанд, акс гирифта, ба воситаи фейсбук ба сайти мо партоед. Мо ҳатман чораашро меандешем. Зеро ҳамин таксиҳо сабабгор мешаванд, ки хати  тралейбусҳо дар роҳҳо канда шавад, автобусҳо дер оянд,  мусофирон азоби рӯҳию маънавӣ кашанд. Истгоҳ макон ё худ гаражи  таксиҳо нест ва дар истгоҳ бояд фақат тролейбусҳо, автобусҳо истанд. Хадамоти нақлиёт бояд  инро назорат кунад.

Омиронаи Сайёф

 

Чоршанбе, Янв 29 2020

 

То ба имрӯз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ беш аз  3 миллиону 200 ҳазор симкортро бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифт. Ин бақайдгирӣ то 15 феврали соли равон идома хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 27.01.2020 Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

    Бино ба иттиллои Илҳом Атоев айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди ҶТ намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд-3 миллиону 855 ҳазору 789 ададро ташкил медиҳад.

    Илҳом Атоев дар посух ба суоли хабарнигори “СССР” дар мавриди хонафурӯшии раиси Ххадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур гурез намуд. Суоли хабарнигори ҳафтаномаи СССР “Чаро рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта раис мардумро қабул намекунад, ҳол он ки мувофиқи фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае 1 маротиба вазирону раисон бояд мардумро қабул кунанд?” низ бе посух монд. Мавсуф танҳо барои вайрон кардани хомушии толор гуфт: “Шумо саволи худро 1 маротиба чуқур фикр кунед, баъд худро дар ҷойи ман монда вокуниш намоед. 1 гап ҳаст, шумо хафа нашаведу лекин  мегӯянд, ҷавоби одами “бузург” сукут”. Ё муовин моро дарк накард ё ҷавобаш хеле “мантиқӣ”буд. 

Ситора Сафарова, СССР

 

Чоршанбе, Янв 29 2020

    Дар пайи шикояти сокинон нисбати табибони вилояти Хатлон 7 табиб танбеҳ гирифта, аз вазифа сабукдӯш шуда, 4 табиби дигар барои роҳ додан ба хатогиҳо зимни амалиёти ҷарроҳӣ низ танбеҳ гирифта ба вазифаҳои дигар гузаштанд. Дар ин бора Маҳмадҷон Абдуқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 27.01.2020 хабар дод.

    Мавсуф иброз дошт, ки хушбахтона ҳангоми хатогии амалиёти ҷарроҳии табибон ягон нафаре аз беморон хатари ҷонӣ набардоштанд.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

    Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр»-и тоҷик ва «Хатҳои ҷанубии Хитой»-и Ҷумҳурии мардумии Хитой парвозҳои худро ба Душанбеву Урумчи муваққатан қатъ карданд. 

    Ин маҳдудият то рӯзҳои аввали моҳи феврал идома дошта, парвози наздиктарини ширкати «Хатҳои ҷанубии Хитой» дар самти Урумчи-Душанбе-Урумчи ба рӯзи 2.02.2020 гузошта шудааст. Парвози наздиктарини ширкати «Сомон эйр» аз рӯи масири Душанбе-Урумчи-Душанбе бошад рӯзи 5.02.2020 амалӣ хоҳад ёфт. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

    Тавре гуфта мешавад, сабаби қатъи муваққатии парвозҳо байни Тоҷикистону Хитой ин соли нави хитоӣ мебошад, ки ба рӯзи 25.01.2020 рост меояд ва дар рӯзҳои таҷлили ин ид тамоми Хитой ба истироҳати 15 рӯза рафта, марказҳои бузурги хариду тиҷоратӣ низ ба таътил мебароянд. Масъулон мегӯянд, ки сабаби қатъи муваққатии парвозҳо дар ин аст, на дар хуруҷӣ бемории зукком, ки тайи 2 ҳафта боз дар ин кишвар сар зада, алакай ҷони беш аз 20 нафарро бурдааст. Ба хотири пешгирӣ намудани вуруди ин беморӣ ба кишвар дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуруҳи махсуси табибону мутахассисон кор карда истодааст. Бояд гуфт, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае 4 маротиба сурат мегирифтанд.

СССР

    

 

    

 

Панҷшанбе, Янв 23 2020

     Аз пагоҳ, 24.01.2020 дар пойтахт хатсайри нави мусофирбарии автобусии №33  (фурудгоҳ-маҷмааи савдои «Кӯшониён») ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.

    Тавре хабар дода мешавад, ин хатсайр тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ хизмат расонида, микроавтобусҳои хатсайри №33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.

 

Ҷумъа, Янв 17 2020

    Бенямин Илҳом, баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенямини Илҳом муътадил буда, волидони ӯ аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд.

   Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, 16.01.2020 ҷиҳати  иҷрои супориши Президенти ҶТ ва бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” машварати табибон-консилиум доир гардид, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат  Мироҷов Ғ.Қ., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев, директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Ибодов Ҳ. ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

    Бояд гуфт, ки навори видеоии суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ин писарча, ки рӯзи 15.01.2020 зимни ифтитоҳи муассисаи таълимии №65-и н.Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт, аллакай дар шабакаҳои интернетӣ ҳаводорони зиёде пайдо намудааст. Бенямин зимни суҳбат бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба гиря даромада, дар бораи бемории худ арз мекунад. 

 

саҳ 41 аз 156

Китобҳо

Flag Counter