ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Авг 17 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» дар давраи 10 соли амали худ барои мардум хеле манфиатбахш буд, вале бо мурури замон он беҳбудӣ, такмил ва тағйироту иловаҳоро талаб менамояд. Вобаста ба ин таклиф менамоям:
1.Пеш аз ҳама ҳайати комиссияҳои танзим пурқувват карда ва шумораашон зиёд гардида, шахсоне аъзои он бошанд, ки маълумоти олӣ дошта, аксарашон собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанду поквиҷдон ва принсипнок!
2.Дар кишварамон анъанаю маърака ва маросимҳо чунон бисёранд, ки аксари онҳо арзише надоранд, танҳо 1 амалу кори бефоидаю бемаъниянд. Барои ҳамин дар матни нави Қонуни танзим ҳамаи анъанаю маъракаю маросимҳои нолозим пурра нишон дода шаванд, чунки мардум чунон қонундон шудаанд, ки ба ҳар калима эрод мегиранд.
3.Одати бад ва беақлонаи дигари мо ин аст, ки ба хонаи домод аз паси арӯс 10-15 нафар, ҳатто баъзе мавридҳо 25-30 зану духтар, янга шуда меравад. Инро манъ кардан лозим!
4.Ҳоло байни мардум қоидаи нонавиштае ҷорӣ шудааст, ки фикр мекунӣ, арӯсакон ва занҳои Тоҷик ақлу фаросатро аз даст додаанд. Онҳо падарону модарони худро маҷбур месозанд, ки барояшон тамоми ҷиҳози рӯзгор-кӯрпаю кӯрпача, таксарию қолин барои 2 кати хоб, диван, кресло, шифонеру шкаф, ТВ, мошинаи либосшӯӣ, чойнаку сатилу тағора ва дигар асбобҳои рӯзгорро пайдо намуда, ба хонаи домод фиристанд, то ин ки назди хусуру хушдоман худро сарбаланд донанд, аммо фикр намекунанд, ки падари заҳматкаши худро зери бори гарони қарз мегузоранд ва падари бечора доимо дар андешаи ҷамъ овардану баргардондани маблағи қарз мешавад. Рӯзгори вазнинеро аз сар мегузаронад. Ман фикр мекунам, ин одати бемаънӣ ҳам аз байн бардошта шавад.
5.Як одату расми номақбули дигаре, ки мо дорем, ин амали рӯкушоён ва ордбезон аст. Ҳамин маъракаро низ занҳо ташкил мекунанд ва хароҷоти зиёд дар пай дорад. Ин маърака ғайр аз худнамоӣ чизи дигаре нест.

Домод 40.000: Арӯс 100.000…!
Ҳоло бароятон аз хусуси ҳарҷи пулу молу ускуна дар тӯйи арӯсиву домодӣ мегӯям. Тарафи домод ба тарафи арӯс аз 2 то 3000 доллар, ё худ 18-25 ҳазор сомонӣ медиҳад. Тарафи домод барои гузаронидани тӯйи худ камаш 1500-2000 доллар (13-18.000 сомонӣ) хароҷот мекунад, ки ҷамъи хароҷот ба 31-40.000 сомонӣ мерасад. Аммо тарафи арӯс боз бештар харҷ мекунад. Тӯйу сур як бало, хариди колои арӯсӣ бо тамомии ҷиҳози хона то 80-100000 сомонӣ мерасад!
Агар шахс 1000 сомонӣ маоши ҳармоҳа дошта бошад ва он оила ҳеҷ чизе нахӯраду нанӯшад, 7-8 сол лозим аст, ки пул ҷамъ орад то фарзандашро оиладор кунад. Шумо-хонандагони азизро намедонам, вале ман ҳеҷ фаҳмида натавониста истодаам, ки куҷои ин маърака танзим шудааст?
Барои ҳамин дар Қонун нишон дода шавад, ки шаҳрвандон аз давраи маслиҳат-фотиҳа кардан ба Комиссияи танзим хабар диҳанд ва ҳам аз ҷониби домод ва ҳам аз ҷониби арӯс намояндагони Комиссияи танзим ва шӯрои маҳалла дар ин чорабинӣ иштирок ва харҷу сарфи тӯйро муайян кунанд. Агар маъракадорон ин талаботро риоя насозанд, пас ба гузарондани тӯй умуман иҷозат дода нашавад.

Комрони Далер,
ш.Бохтар, тел: 919 28 30 00


Аз СССР: Нимҳазлу нимшӯхӣ: барои кам кардани харҷи тӯй ва риояи Танзим бояд зани…рус ё аврупоӣ гирифт!!! Зани Тоҷик то вақте ҳаст, аз худнамоӣ даст намекашад ва қонуни танзим то бар ҳадди зиндонӣ кардан низ сахт шавад, Танзим на-ме-ша-ваддд. Инро аз таҷрубаи талхи худи мардони Тоҷик мегӯем. Мо метавонем!

Ҷумъа, Авг 17 2018


Салом, СССР-и гиромӣ ва мардумӣ! Ҳоло, мутаассифона, дар куҷое чӣ садамае рӯй диҳад, ҳатман ба кисаи мардум умед мебанданд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё маблағ надоранд. Лиҳозо, тамоми таъмиру ободкориҳо аз ҳисоби маоши ночизи мардум сурат мегиранд. Бигзор пул ҷамъ кунанд, лек ба истиснои онҳое, ки даромад надоранд, на замин, на боғ, на дӯкончае, на техникае ва на мардикоре дар Россия. Аз нодору доро баробар пул ҷамъ кардан ҳамон ҷашну маъракаҳои серхароҷоти пеш аз танзимро ба ёд меорад. Яъне мо-мардуми камбизоатро аз таги борон хезонда, дар таги новардон шинондем, ки ин аз рӯи инсоф нест. Дар ҷамъият зиндагии ҳама баробар нест. Яке зиндагии хуб дорад, дигаре миёнаҳол, сеюмӣ камбизоат. Имрӯзҳо зиёда аз 20 намуду номгӯи пулҷамъкуниҳо тавлид шудаанд. Рӯз аз рӯз афзудани пулҷамъкуниҳо шубҳанок буда, шояд нисфи он ба ҷайби баъзе масъулон дароянд? Магар ин ҳама паст задани шаъну шарафи миллати ба нангу номуси тоҷик нест?
Ман таклиф мекунам, ки мардуми одию камбизоатро аз пулҷамъкуниҳо озод кунанд. Раисони ҷамоату маҳаллаҳоро водор сохтан лозим аст, ки ба шахсони доро такя кунанд. Ҳатто президенти кишвар дар баромадҳои хеш борҳо гуфтааст, ки бештар аз саховатпешагону сармоядорони маҳаллӣ истифода кунанд, то ки ҳама зиндагии шоиста дошта бошанд.

Табаралӣ Авсақолов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Ҷумъа, Авг 17 2018


    Рӯзҳои  18 -19 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор  мегардад.
   Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт сурат гирифта, дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.
   Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш мегузоранд. Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла,  бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардида, онҳо метавонанд дар ин ҷо аспсаворӣ намоянд.
   Ҳамчунин дар Фестивали тобистонаи Душанбе баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.


Панҷшанбе, Авг 09 2018

Бо сабаби таъмиру таҷдиди чорроҳаи наздики Барқи Тоҷик, пайкараи Синоро ба ҷои дигар интиқол карданд. Хотиррас мешавем, ки ин ҳайкал дар соли 1980, дар арафаи ҷашни 1000-солагии Шайхурраис гузошта шуда буд. Муаллифи ин шоҳкорӣ ҳайкалтароши хизматнишондодаи РСС Озарбойҷон-Умар Ҳасан оғлӣ Елдаров дар ҳамкорӣ бо муҷассамасозони РСС Тоҷикистон-Рустам Каримов ва А. Агаронов аст.  Дар тӯли 38 сол шоҳу арӯсони, усулан табиби тоҷик, зери ин пайкара гул мегузоштанду ақд мебастанд.

Ҳайкали Абуалӣ ибни Синоро ҳамакнун ба наздики яке аз факултаҳои Донишгоҳи Тибб, дар рӯ ба рӯи беморхонаи Қарияи Боло, устувор карданд. Шояд ин бор барои абадӣ. 

Ҳарчанд гумон аст, ки онро боз кӯч надиҳанд. Зеро худи Сино дар тӯли умри пурбаракоташ ҳамеша саргардон буду даҳҳо шаҳру қасабаро иваз намудааст.

Ва ахиран дар арафаи зодрӯзи Падари Тибби олам (22.08.960) ҳайкалашро боз кӯч доданд…

 

 

Панҷшанбе, Авг 09 2018

 

Муҳаммад ном таксирони Тоҷике, ҳамёни пури пули ҳомили 2000 доллар ва чандсад сомонии дигар ва ҳуҷҷатҳои 1 оилаи амрикоиро ёфта, ба соҳибонаш баргардонид!

Муҳаммад Изатуллоеви 23-сола, ки Донишгоҳи техникиро хатм кардааст, таксӣ меронад. Ӯ баъди куштори сайёҳони хориҷӣ дар н.Данғара худро сахт хиҷолатзада дар назди сайёҳон медонист ва ба гуфтаи худаш, вақте ҳамёну асноди Матю Пушели амрикоиро дар мошинаш ёфт, оҷилан онҳоро ба мақомот бурд. Дар ин миён худи Матю аллакай ба пулис муроҷиат карда буд, зеро ӯ бо оилааш бояд пагоҳ Амрико мерафт. Муҳаммад мегӯяд, вақте ҳамёнро бе зарар ба соҳибаш баргадонид сайёҳи амрикоӣ ӯро оғӯш кардаву ашк рехт. «Ман ҳам гиристам!»-гуфт Муҳаммад, «зеро мехостам бо ин рафторам ба хориҷиҳо симоми асили Тоҷиконро нишон диҳам».

Ин воқеа рӯзи 08.08.2018 рух додааст. Муҳаммад ин сайёҳонро ҳамон рӯз ба ҷое интиқол додаву бозпас баргаштааст. "Вақте хостам ба хона равам, дидам, ки дар даруни мошин чанд ҳуҷҷат, ҳамён дар дохилаш пул дошт. Ба модарам ҳодисаро гуфтам, модарам ба ман гуфтанд, бояд ба ҷое, ки мусофиронро фаровардам, рафта, онҳоро пайдо кунам ва ҳуҷҷатҳоро ба онҳо баргардонам. Аммо ман дар ҷое, ки онҳо фаромада буданд, касеро пайдо накардам. Баъдан ба шаҳри бехатар рафтам",-афзуд ӯ.

Тавассути дурбинҳои Шаҳри бехатар ҳайсияти мусофирони амрикоӣ маълум ва ба онҳо ҳуҷҷату пулҳояшон баргардонида шуд.

 

Браво, Муҳаммад, ту воқеан ҳам симоми миллати Тоҷикӣ. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, Авг 09 2018


   Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахши интиқоли ҳавоӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол ба иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз намуд. Тибқи иттилои аз маркази матбуоти ширкати номбурда ба СССР расида,  парвози нахустин ба самти Бухоро 6.08.2018 иҷро гардида, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ, зиёиён ва гурӯҳи хабарнигорон аз зумраи мусофирони аввалини хатсайри мазкур  буданд.
   Бояд тазаккур дод, ки  ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар фурудгоҳи шаҳри Бухоро бо нону намак  ва меҳмоннавозии шарқиёна истиқбол намуданд. Ҳавопаймои Боинг 737 тибқи анъана аз зери равоқи обӣ гузаронида шуд. Мусофирони хастайри аввалинро ҳайати расмии шаҳрдориву фурудгоҳи Бухоро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ пешвоз гирифта,  онҳо аз мавзеъҳои таърихии Бухоро дидан намуданд.
   Парвозҳо дар масири  Душанбе-Бухоро-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе иҷро гардида, давомнокии парвоз 60 дақиқаро ташкил медиҳад.Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе  ба роҳ монда, парвозҳо ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  шаҳри Тошканд рӯзҳои ҷумъа анҷом меёбад. Давомнокии парвоз дар ин масир 45 дақиқаро ташкил медиҳад.






саҳ 76 аз 156

Китобҳо

Flag Counter