Раҷабалӣ Бояков, муовини якуми раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷануб»-и вилояти Хатлон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сар аз 14.01.2017 сокинони вилояти Хатлон 24 соат нерӯи барқ хоҳанд гирифт.
Баҳодур Уроқов, хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон
Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ мегӯяд, ки вазифаи кумитаи навтаъсиси рушди маҳал ин такмил додани фаъолияти ҷамоатҳои деҳоти мамлакат буда кор дар ин самт оғоз шудааст.
Чуноне ки Қосим Раҳбар, дар нишасти нахустини кумитаи номбурда зикр намуд, айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 60 шаҳрак ва 370 ҷамоат фаъолият дошта мушкилоти аксарияти ҷамоатҳо имрӯз-ин набудани шаффофият дар фаъолият, штатҳои корӣ, камбуди молӣ, кам будани таҷриба ва надоштани иттиллоот мебошанд.
- Имрӯз фаъолияти ҷамоатҳо бештар 1 тарфа аст: ё ҳашар мегузаронанд, ё дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат меварзанду ба мардуми ҷамоат ҳуҷчат менависанд, ҳоло он, ки фаъолияти онҳо бояд фарохтар бошад. Бо назардошти ин, мо 1 лоиҳаеро пешбинӣ кардаем, ки кору фаъолият ва хизматрасониеҳоеро, ки ҷамоат анҷом медиҳад, муайану мушаххас намуда дар оянда ба кормандони ҷамоатҳо статус низ бидиҳем. Мо бо ташкилоти байналмилалии USAID 1 лоиҳаи қарор тартиб додем, ки ба таври таҷрибавӣ 4 ҷамоати пилотӣ-Сучони Бадахшон, деҳаи Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат, шаҳраки Лучоби ноҳияи Ёвон ва шаҳраки Бобоҷон Ғаффурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шуд. Мақсади асосии мо алоҳида кардани буҷети ҷамоату маҳалҳо мебошад, яъне ҷамоатҳо бояд мустақил бошанд. Мо медонем, ки ҷамоатҳо буҷет надоранд, онҳо танҳо моҳона мегиранду халос, - таъкид дошт Қосим Раҳбар.
СССР
Дар давоми соли 2016 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар раванди баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 22893 санҷиш гузаронида шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Ғиёсов, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд.
- Комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригардида бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботи он дар соли равон 12886, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 398, вилояти Суғд 1983, вилояти Хатлон 3212, ВМКБ 1491 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5802 сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд, - гуфт Ҷумъахон Ғиёсов.
Мутобиқи маълумот, барои вайрон намудани қонуни мазкур 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда баррасӣ, 17 адад қатъ ва 128 адад парванда дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаҳои парвандаҳои баррасисишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медихад.
СССР
1.01.2017. Соат бо вақти Душанбе 16:00 дақиқа. Бо кӯдаконам вориди маркази нави дилхушии «Минйён», ки чанде пеш дар ошёнаи 2-юми Маркази нави Сиёвуш, дар маркази шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфтааст, медароем. Чун таблиғи «Минйён» вақтҳои охир дар ТВ ва радио хеле зиёд буд, ба онҳо ваъда дода будам, ки дар рӯзи 1-уми соли нав ҳатман ба «Минйён» мебарам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин маркази нави дилхушии кӯдакона бо қаҳвахонаи машҳури бренди «Шоколадница» дар 1 ошёна қарор дорад. Дар назди даромадгоҳи маркази дилхушӣ ва қаҳвахона чанд нафар ҷавонмардон истода ба падару модарон ва калонсолон тавсия медиҳанд, ки калид ва телефонҳои мобилии хешро ба 1 сӯ гузошта, худ аз зери долони амниятӣ гузаранд. Кӯдакон бошанд баҳузур бе ягон тафтиш вориди толор мешаванд. Мо низ бо муваффақият аз санҷишу тафтиши ҷиддӣ гузашта, тавассути зинаҳо боло баромадем ва барои чипта назди хазинаи «Минйён» навбат гирифтем.
Зиёда аз ним сол мешавад, ки ошхонаи "Хуҷандиён" бо вуҷуди танқидҳо номи "Чингизхон"-ро аз рӯйхати рекламааш берун намекунад. Ошхонаи мазкур дар шаҳри Панҷакент воқеъ буда, хӯрокҳои гӯштӣ бисёр тайёр мекунад. Дар рӯйхати рекламаи хӯрокҳояш ғизое бо номи "Чингизхон" мавҷуд аст, ки ба гуфтаи кормандони ин ошхона аз 8 намуд гӯшт омода мешудааст. Аз ҳолати санитарӣ, сатҳи хизматрасонӣ ва набудани мошинаи хазинавию надодани чек ба муштариён дар ин ошхона шикоятҳои зиёди муштариён ҷой дорад. Нозироти андоз мегӯяд мо ин ошхонаро як маротиба барои надоштани мошинаи хазинавӣ ҷарима бастем. Намояндагони "Тоҷикстандарт" ҳам иброз медоранд, ки мо ин ошхонаро ҷарима бастем ва барои ислоҳи камбудиҳояш огоҳӣ додем. Аммо овозаҳое ҷой доранд, ки гӯё ошхонаи "Чингизхон"-ро "крышае" ҳимоят ва дастгирӣ мекунад. Вагарна чаро ин ошхона камбудиҳояшро ислоҳ намекунад? Мавзӯро пайгир мемонем!
Хонум Элизабет Миллард, сафри ИМА дар ҶТдирӯз аз бозори «Корвон» дидан кардааст. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода 1 навори хурдеро низ аз ин сайругашташ дар бозор гузоштааст.
Хонум Миллард дар навор бо забони тоҷикӣ низ чанд калима гуфта зикр кардааст, ки сайругашт дар калонтарин бозори пойтахт барояш хуш омадааст.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар