Чанде аз сокинони ш.Панҷакент мегӯянд, ки гург ба чорвои онҳо ҳуҷум намуда чанде аз онҳоро нобуд сохтааст. Аввалин хабари ҳуҷуми гург ба чорвои сокинони Панҷакент, ки ҳанӯз онҳо дар сари заминҳои корами хеш қарор доштанд, тақрибан 1-2 ҳафта пеш пайдо шуда, он вақт гург 1 хар ва чанд сар гӯсфанди деҳқононро нобуд карда буд. Сипас деҳқонон аз тарси ҳамлаи гург чорвои хешро аз сари заминашон ба хонаҳои хеш бурда буданд.
Баъдан, боз хабари ҳамлаи гургон пайдо шуд. Бобоҷон 1 сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ин ҳайвони ваҳшӣ ва даранда, ба чанд моли онҳо ҳуҷум намуда, 3-4 сар гӯсфандашонро нобуд кардааст. Ҳоло, ки ҳаво он қадар сард несту барфи баланд ҳам наборидааст, фаромадани гургҳо ва ҳамлаи онҳо ба чорвои сокинони Панҷакентро нигарон кардааст.
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 9 моҳи соли 2016 ба 854,1 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, аз он ҷумла, ба 468,6 ҳазор мусофири рафта ва ба 385,4 ҳазор мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин муддат 1754 тоннаро ташкил додааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе эълон медорад, ки аз 26.10.2016 сар карда дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои пойтахт ба муддати 1 шабонарӯзӣ аз рӯи реҷаи тасдиқшуда, оби нӯшокӣ қатъ гардида сокинони пойтахтро мебояд пеш аз қатъ шудани оби нӯшокӣ, бо теъдоди лозима онро захира намоянд. Қатъ гаштани оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар истгоҳҳои обкашӣ пеш аз мавсими зимистони соли ҷорӣ буда он аз рӯи реҷаи зайл сурат мегирад:
Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар мавзӯи «Сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» баргузор гардид. Шаҳрдори Қурғонтеппа-Амирулло Асадулло иброз дошт,ки дар муддати 5 соли охир зиёда аз 3500 нафар оила барпо намудаанд, ки аз онҳо 542 нафарашон аз ҳам ҷудо шудаанд. Шаҳрдор афзуд, ки тавре таҷрибаи ҳаёти ҷомеа, тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳад, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо чунинанд:
Қаҳҳорова Бибираҷаб-сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳамсараш дар пайи фишори равонии нозири минтақавӣ бемор шуда, баъдан вафот кардааст.
9.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30. Ба самти хонаи бародар Маҳмудҷон Муқимов, ки дар ҷамоати Чимтеппаи н.Рӯдакӣ воқеъ аст, меравам. Муқимов имрӯз дар Тоҷикистон ягона шахсест, ки ба собунпазӣ машғул ва собунҳои мушкини Тоҷикиро, ки падидаи нав аст, дар хонааш бо истифода аз асбобу ашё ва равғану хушбӯиҳои хос омода мекунад. Мо низ тасмим гирифтем меҳмони манзили ӯ гашта, барои пухтан ва омода намудани бастаи нави собунҳо барояш кӯмак кунем. Бояд гуфт, ки барои пухтани 1 бастаи нави собунҳо, ки дар маҷмӯъ 15 кг маҳсулоти табииро дар бар мегирад, на кам аз 8 соат вақт лозим будааст!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар