ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Сен 27 2016

Ширкати Beeline ба мизоҷони худ таъкид менамояд, ки дар мавриди қаллобони мобилӣ бодиққат бошанд. 

Beeline хотиррасон менамояд, ки хатари ба қаллобони мобилӣ дучор шудан вуҷуд дорад. Мақсади ин шахсон ба маълумоти шахсӣ ва суратҳисоби мизоҷон роҳ ёфтан аст.   

Аз ҷониби ширкат мониторинги доимие амалӣ мегардад, ки барои саривақт пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳо имконият медиҳад. Ҳамин тавр, соли 2015  21216 рақаме, ки ба муштариёни ширкат таҳдиди хатар доштанд, аз ҷониби Beeline баста шуданд. 

Усулҳои маъмултарини қаллобӣ – зангҳо бо таклифи баргардонидани ҳуҷҷатҳои гумшуда, зангҳо оид ба ҳодисаҳои нохуш бо хешовандон ва хабарҳо дар бораи туҳфаҳои бардурӯғ. Барои ба доми қаллобон наафтидан тавсия дода мешавад, ки ба SMS-паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед, ба рақамҳои ношинос пул нагузаронед, шартҳои хизматрасониҳоро бодиққат хонед, арзиши онҳо ва маълумотро дар бораи иқдом ва мусобиқаҳо аниқ намоед. 

Менеҷер барои таҳлил ва идоракунии хатар ва амнияти ширкати Beeline Рустам Сияров ин хабарро шарҳ дода, чунин иброз намуд: «Beeline ҳамеша фикри таъмини бехатарии мизоҷони худро мекунад ва бино бар ин низомҳои бехатарии худро бар зидди қаллобон, ки мехоҳанд ба суратҳисобҳои шахсии мизоҷони ширкат роҳ ёбанд, доим мустаҳкам мегардонад. Соли 2015 низоми автоматикунонидашуда ба роҳ монда шуд, ки он дар холате, ки эҳтимоли пайдо шудани спам-ҳамлаҳо ба вуҷуд меояд, ба таври автоматӣ огоҳӣ медиҳад. Ин низом суръати кори мутахассисонро барои ошкор ва пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо хеле тез намуд».  

Мизоҷони Билайн метавонанд бо марказҳои хизматрасонии Beeline тавассути рақами 0611 тамос бигиранд ва ё ба рақами 0622 SMS ирсол намуда, маълумотро дар бораи хамаи иқдомҳо аниқ кунанд ва ё дар бораи содир шудани қаллобии мобилӣ хабар диҳанд. Маълумоти гирифташуда коркард мешавад ва дар ҳолати тасдиқ шудан, ширкат оид ба боздоштани хизматрасонии рақами қаллоб дар робита бо вайронсозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти ширкат чораҳо меандешад.  

Инчунин дар сомонаи ширкат www.beeline.tj , дар фасли «Саводнокии мобилӣ» (Мобильная грамотность) тавсияҳо оид ба мубориза бар зидди қаллобӣ пешкаш шудаанд, ки донистани онҳо барои муқобилият нишон додан бар зидди амалҳои қаллобони мобилӣ кӯмак хоҳад кард. Муфассалтар дар пайванди https://beeline.tj/tj/nav/Mobile_literacy_01 .

 

 

Панҷшанбе, Сен 22 2016

Бозори сарироҳии «Уялӣ» (дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа) аз бенизомтарин ва ифлостарин бозорест, ки ҳеҷ гоҳ ислоҳ ва обод нашуд. Дар ин бозор мардум аз куҷое чизе ёбанд, оварда мефурӯшанд: Бозори бесоҳиб!!! Дар 2 тарафи роҳи бозор савдогарон дегҳоро аз пеши худ монда, ба хӯрокпазӣ машғуланд. Дар ин вақт шоҳиди ҳаракати подаи гов ва рамаи гӯсфандоне мешавем, ки чанг карда мегузаранд ва чангу ғубор болои дегҳои сарҳуй мерезад. Мизоҷони гурусна бошанд болои мизу курсиҳои пур аз чангу хоку лой нишаста хӯрок мехӯранд. Дар бораи тозагии меваю сабзавот ҳоҷати гап нест! Фурӯшандаҳо хилъат ва либоси хос надоранд ва фарқ намекунед, «клиент» кист? Тамоми навъи хӯроквориҳо рӯи хок фурӯхта мешаванд. Нонфурӯш нони аз дасташ ба замин афтодаро «пуф» карда, боз дар фурӯш мезанад. Дар гармии 30-40 градус, рӯи кулчақанди кремдор ва кексҳо пашшаҳо нишастаанду фурӯшандаро парвое нест. Аз рӯи талаботи санитарӣ маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ (колбаса, гӯшти мурғ) бояд дар яхдонҳои хос гузошта ва фурӯхта шаванд, лек дар ин бозори «сунъӣ» яхдон аз куҷо? Пас кафили сиҳатии мардум кист? Занҳои ин бозор рӯи миз зарферо монда, дар дохилаш дилу ҷигар ва шиши бӯгирифтаро ба фурӯш гузоштаанд. Аҷибаш ин аст, ки мардум боз онҳоро мехаранд ва мехӯрандееееее!!!!!! Ба яке аз занҳои «шишфурӯш» гуфтам, «шумо, идораи бойторӣ иҷозат доред?» Аз пушти ин зан марде саволамро шунида, пеш омада гуфт: «Худат кистед?» Ҳуҷҷати хабарнигориро нишонаш додам. Дар ҳамин ҳол духтури бойторӣ-Давлат Олимов, ки он ҷо ҳузур доштааст, гуфт: «Иҷозати бойторӣ дорад!». Гуфтам, ки агар дошта бошад, нишон диҳад. Олимов гуфт: «Ака, биё, ягон сомонӣ гиру рав, ғам надеҳ! Мон, ки инҳо гӯшташонро савдо кунанд…»!!!!!!!

Қодир Пиримқулов-қассоби собиқадор аз ш.Қурғонтеппа оид ба сифат ва тозагии маҳсулоти гӯштии ин бозор мегӯяд, «ҷигарҳои бирён ва обҷӯшон эҳтимол дорад, ки одамро ба касалии «эхинококк» мубтало кунад. Ин беморӣ аз кирме пайдо мешавад, ки дар дохили ҷигар аст!»

Ёдрас мекунам, ки ин бозори ба ном «Уялӣ» ҳар рӯзи якшанбе, дар 1 чуқурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ташкил мешавад ва тартибу низом чӣ, ки ҳатто дару дарвоза надорад!!! Дар ин рӯз 1 шоҳроҳи калон-роҳи стротегӣ аз пробкаи мошинҳо комилан баста мешавад!!!

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори газетаи СССР дар вил.Хатлон

 

Ҷумъа, Сен 16 2016

Имрӯз, 16 сентябр яке аз духтурони дараҷаи олӣ, вакили Маҷлиси вакилони вил.Хатлон, дорандаи медали «Шафқат», ҷаноби Алихон Нуралиев-сардухтури беморхонаи ба номи Б.Воҳидов, 55 сола шуд. Мавлуд муборак шавад!

Ҷумъа, Сен 16 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар самти ҳаракати якчанд хатсайри мусофиркаши пойтахт тағийрот ворид гардид. Акнун хатсайрҳои микроавтобусҳои №№52,54, ки қаблан тавассути кӯчаи Н. Қаробоев ҳаракат мекарданд, ба воситаи кӯчаи Соҳилӣ ба роҳ монда шуда теъдоди микроавтобусҳои хатсайри №33 низ дар кӯчаи Н. Қаробоев кам хоҳад шуд.

Панҷшанбе, Сен 15 2016

14 сентябри соли 2016, соати 00:33 ба вақти маҳаллӣ, ҳавопаймои Боинг 737-800, ки мансуб ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад ва аз рӯйи хатсайри №203, самти Душанбе - Санкт-Петербург парвоз мекард, ба фурудгоҳи Душанбе баргардонида шуд. 

Панҷшанбе, Сен 08 2016

2 ид-Рамазон ва Қурбоне, ки мо мусулмонҳо ҷашн мегирем, барои мо бисёр хурсандиовар мебошанд, хусусан барои кӯдакони хурдсол, аммо барои одамони камбизоат миёншикананд. Мардҳо талаботи занҳояшонро агар иҷро накунанд ҳамчун харидани қанду қандалот ва мевю сабзавот занҳояшон дар назди дигар занҳои идгардаккунанда таънасору беобрӯ мешаванд, яъне дар зебу зинати дастархон занҳо раиси хона мебошанд. Мардаки хона дар андешаи пешбурди зиндагист, вале зан дар ҷустуҷӯи обрӯ, дар байни занҳои маҳалла аст. 1 муаллими маҳаллаи мо гуфт, ки дар Иди шарифи Рамазон 400 сомониро барои қанду қандалот харҷ кардааст, дар бораи мавизу дигараш нагуфт...

саҳ 137 аз 156

Китобҳо

Flag Counter