ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 21 2016

Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон иттилоъ дод, ки 21.07.2016 дар ш.Кӯлоб «Иди харбуза ва кадуи Хатлон» баргузор мегардад. Дар иди мазкур аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, маҳсулотҳояшонро пешкаш менамоянд ва дар охир ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Панҷшанбе, Июл 21 2016

1 нафар аз сокини вилояти Суғд мегӯяд, дуруст будани нархномаҳоро дар беморхонаҳои вилоят барои ӯ муаммост.

Чоршанбе, Июл 20 2016

Назаралӣ Ғаниев, раҳбари идораи таҳлил ва омори Кумитаи гумруки ҶТ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар нимаи аввали соли 2016 ба ин кишвар каме бештар аз 1300 мошини сабукрав аз хориҷа ворид шудааст, ки назар ба 1 соли пеш 80% камтар аст. Ӯ гуфт, ки дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 6600 мошин ворид шуда буд.

 

Чоршанбе, Июл 20 2016

Якчанд ширкати бонуфузи Русия, ки бо харид ва захираи меваю сабзавот машғуланд, дар азми хеш оид ба харидорӣ намудани теъдоди зиёди пиёзу картошкаи тоҷик устувор намонданд ва маҳсулоти кишоварзони мо, ки барои содирот ба Русия омода шуда буд, бо нархи аз арзиши асосиаш ҳам поинтар ба фурӯш рафт.  Ин нуқтаро вазири кишоварзии мамлакаи рӯзи 20 июли соли ҷорӣ дар мулоқоти хеш бо хабарнигорон иброз дошт.

Чоршанбе, Июл 20 2016

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҶТ мегӯяд, ки нархи навои мева, хусусан меваи маҳаллӣ имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта арзонтар буда ҳар 1 хонаводаи кишвар ба анвои гуногуни мева дастрасӣ дорад. Ӯ афзуд, ки ҳоло нархи 1 кило себи маҳаллӣ дар бозорҳои мамлакат аз 4 сомонӣ шурӯъ шуда мардум бояд дар баробари талаб намудани нархи арзон дар бораи меҳнату заҳмат ва харҷи деҳқон низ фикр намоянд.

Сешанбе, Июл 19 2016

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти худ ва ба ин васила ҷалби бештари шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва инчунин мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол-2016”-ро эълон менамояд.

саҳ 143 аз 156

Китобҳо

Flag Counter