Ба гуфти бобои Ғулом «арақхӯрон ҳам одаманд!». Онҳо аз норасоӣ ва дар зимн гароншавии нархи арақ дар моҳи апрел-май нигарон буданд. Ин матлаб барои оромииш қалби ишон бахшида шуд. Мо Метавонем!
Чанд нафар аз хонандагони газета тӯли ҳафтаи равон занг зада, аз кам шудани маҳсулоти спиртӣ ва машрубот, хосса арақ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Нодирҷон Наимов, хонандаи доимии газета аз ш.Душанбе бар он ақидааст, ки 2 моҳи ахир тамоми ширкату корхонаҳои машруботбарорӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептикҳо гузашта, истеҳсоли арақро кам кардаанд. Ҳоло он, ки арақ низ антисептики хуб буда, барои профилактика ва пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ ва зуком доруст. Мо ин мавзӯро, ки дар ҳақиқат муҳим аст, пайгирӣ намуда, ба масъулони ширкати «Сиёма», ки дар ин рӯзҳои карантин ва худинзивоъ наздиктарин корхонаи истеҳсоли машрубот ва нӯшикиҳо дар пойтахт аст, муроҷиат намудем.
Арақ ҳам мавсим дорад!
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири мо Толибҷон Маҷидов, муовини раис оид ба корҳои тиҷоратии ширкати «Сиёма» иброз дошт, истеҳсоли машруботи спиртӣ, алалхусус арақ низ мавсими худро дошта, дар аксарияти ширкатҳое, ки бо истеҳсоли машрубот сарукор доранд, одатан моҳҳои апрел-май корҳои техникиву санҷишӣ гузаронида мешавад:
- Мо корҳои профилактикӣ, санҷишиву техникӣ гузаронида, тамоми иқтидори корхонаро барои мавсими нав, ки аз моҳи август оғоз мешавад, омода кардаем. Истеҳсоли машрубот низ хусусиятҳои хос ва мавсими худро дорад, ки ба хотири ба даст овардани маҳсулоти хушсифат онро бояд риоя кард. Бояд гуфт, ки дар ҳавои гарму тафсон сифати маҳсулот ба стандартҳо ҷавобгӯ ва баробар намешавад. Барои ҳамин мо истеҳсолотро аз моҳи август то моҳи апрел ба роҳ мемонем.
Арақ кам нест!
Дар идомаи сӯҳбат эшон афзуд, ки мардум бояд аз кам шудани маҳсулоти спиртии ватанӣ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои мамлакат нигарон набошанд, зеро маҳсулоти спиртӣ ба теъдоди кофӣ ҳаст:
- Мо, ки аз 27 августи соли 2019 ба фаъолият шурӯъ кардаем, ният дорем ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти спиртиро дар 1 сол то ба 30-40 тонна расонем. Айни замон 6 намуд арақ истеҳсол менамоем, ки онҳо дар зарфҳои 500 ва 750 мл бароварда шуда истодаанд. Дар анборҳо низ машрубот зиёд буда, он бозорро пурра таъмин хоҳад кард, - таъкид дошт Толибҷон Маҷидов.
Антисептик ба арақ халал намерасонад!
Ба гуфтаи Толибҷон Маҷидов сехи истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептик аз сехи истеҳсоли арақ ҷудо буда, он технологияи худро дорад.
- Шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ мо ба истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ оғоз кардем, то ба имрӯз алакай 20 тонна антисептикро барори фурӯш омода намуда, 7 намуди ин маҳлул истеҳсол карда мешавад. Мизоҷони мо асосан корхонаву идораҳои давлатӣ буда, антисептикҳо дар ҳаҷмҳои аз 250 мл то 6 литр ба фурӯш бароварда шудаанд. Мизоҷон бояд нигарон набошанд, истеҳсоли антисептик ба арақбарорӣ халал намерасонад,-таъкид дошт номбурда.
Мину Аминзода,
Хос барои арақхӯрони СССР
Ҳамкасбони гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад аз паҳншавии бемории илтиҳоби шуш дар канор намондааст.
Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати ҳифзи ҷомеъа ва бехатарии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ як қатор чораҳоро андешида истодааст, ки амалӣ кардани онҳо низ қарзи шаҳрвандии ҳар як корманди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва мизоҷони он мебошад.
Мутахассисон муқаррар карданд, ки сироятшавӣ бо бемории илтиҳоби шуш бештар бо роҳи расидани заррачаҳои луоби даҳон ба чашму бинӣ, дастони ифлос ва риоя накардани дигар қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба амал меояд.
Барои пешгирии ҳолатҳои пайдоиши бемории илтиҳоби шуш зарур аст, ки қоидаҳо ва шароитҳои зерин дар миёни кормандон ва дар хизматросонихо ба мизоҷон риоя карда шавад:
1. Пеш аз ҳама муҳим он аст, ки ба таҳлука ва воҳима дода нашавед, ҳаминро донед, ки шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз шумораи онҳое, ки ба бемории илтиҳоби шуш, дар солҳои қаблӣ гирифтор шуда буданд, зиёд нест.
2. Ҳамаи кормандон дар хонаву кӯчаҳо ва дар ҷои кор бо ниқоб таъмин бошанд.
3. Ҷойҳои корӣ бо маводҳои зиддимикробӣ коркард карда шуда, ҳар як соат ҳавои утоқҳои корӣ бо кушодани дару тирезаҳо тоза карда шавад.
4. Дастҳо зуд-зуд бо маводҳои моегии антисептикии спиртдор ва собунҳои либосшӯии оддӣ шуста шаванд.
5. Барои нагузаштани ҳар гуна микробҳо аз расонидани дасту ангуштон ба даҳон, бинӣ ва чашм худдорӣ карда шавад.
6. Ҷойҳои даромади биноҳо тариқи ҳатмӣ бо маҳлули хлор коркард карда шуда, дар дохили биноҳо ва ҷойҳои корӣ ба таври доимӣ аз дуди ҳазориспанд истифода карда шавад.
7. Аз ҳама мизоҷон талаб карда шавад, ки ба биноҳои филиалҳо ва МХБ-ҳо бо истифода аз ниқоб дароянд. Дар хизматрасониҳо масофаҳои байни мизоҷон ва кормандон дар ҳудуди на кам аз 1,5 метр риоя карда шавад.
8. Аз саломи дастакӣ бо якдигар ва мизоҷон худдорӣ карда шавад.
9. Бо тавсияи мутахассисон ҳамарӯза аз доруҳои зиддимикробӣ истифода карда шавад.
10. Кормандони синну солашон аз 60 сола боло ва кормандони бо нишонаҳои бемориҳои гирифтори қанд, фишорбаландӣ ва дигар намуди бемориҳои роҳи нафас ба рухсатӣ равона карда шаванд.
11. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини бемории сироятии мазкур ба худмуолиҷакунӣ машғул нашуда, ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст. Ҳар яки мо дар андешаи саломатии худ, аҳли оила, наздикон ва мизоҷони бонк бошем.
12. Фаъолияти мунтазами филиалҳо, МХБ тариқи реҷаҳои бегоҳирузӣ ва шабонарузӣ пурра нигоҳ дошта шавад.
13. Ҳама бонкоматҳо ба таври доимӣ бо пули нақд таъмин карда шуда, хизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигарон ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маошу дигар кӯмакпулиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
14. Муҳлати пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳаи кишоварзӣ то санаи 1-июни соли 2020 тамдид карда шудааст. Соҳибкорон ва ширкату ҷамъиятҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ғалладона машғул мебошанд дар кӯтоҳтарин муҳлат бо маблағҳои зарурӣ тариқи додани қарз таъмин карда шаванд.
15. Филиалҳоро зарур аст, ки аз пешниҳоди қарзҳои калон худдорӣ намуда, баргардонидани қарзҳои додашударо саривақт таъмин намоянд.
16. Захиракунии маводи хӯрока аз ҳисоби ғалладонагиҳо, картошка ва ҳар гуна ғизоҳои истеъмоли ҳамарӯза, пӯхтани мураббо, ҷем ва ғайраҳо ба роҳ монда шавад.
17. Ҷиҳати истифодаи самараноки замин барои гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъа бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шавад. Махсусан филиалҳое, ки дар ноҳияҳои кишоварзӣ қарор доранд, нагузоред, ки як ваҷаб замин бекор монад.
18. Ба бонувони Бонк супориш дода шавад, ки аз матоҳои мувофиқ ниқоб дӯхта, эҳтиёҷоти худ ва ҳамкоронро таъмин намоянд.
19. Ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки барои бехатарии худ ва атрофиён аз хизматрасониҳои Амонат Онлайн ва СМС-паёмак ба таври васеъ истифода баранд.
20. Мизоҷони Бонк огоҳ карда шаванд, ки ҳангоми хизматрасониҳо тавассути бонкоматҳо аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб, ки дар овезаҳои дар ҷойҳои намоёни биноҳои филиалҳо ва марказҳи хизматрасонии бонкӣ насб шудаанд, дуруст истифода баранд.
Пешниҳод менамудам, ки маоши якмоҳаи Раиси Раёсат ба ҳисоби махсуси дастгирии беморону табибон дар мубориза ба вабои COVID-19 гузаронида шавад ва аз ҳамаи кормандони соҳа даъват ба амал меовардам, ки маоши якрӯзаашонро ба ин ҳисоб гузаронанд.
Мудирони филиалҳо вазифадор карда мешаванд, ки мазмуну моҳияти муроҷиатномаро ба ҳар як корманд ва мизоҷи Бонк расонида, иҷрои пурраи вазифаҳо ва супоришҳои дар он омадаро таъмин намуда, хизматрасониҳоро боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ қарор дода, аз рафти корҳои созмондода мунтазам ба ситоди Бонк маълумот пешниҳод намоянд.
Сироҷиддин ИКРОМӣ,
Раиси Раёсат
АМОНАТБОНК ДАР ХИЗМАТИ МИЗОҶОН АСТ
Дар тамоми филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” бонкоматҳо бо пули нақд таъмин буда, хизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигарон ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маош, интиқоли маблағҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷойҳои кории кормандони Бонк ва нуқтаҳои мубодилаи асъору интиқоли маблағҳо бо маводҳои зиддимикробӣ коркард карда шуда, ҳар як соат ҳавои утоқҳои корӣ бо кушодани дару тирезаҳо тоза шуда, дар назди бино ва банкаматҳо шиору овезаҳои тавсиявии зидди бемориҳои сирояти овезон ҳастанд.
Мизоҷони муҳтарам, ҳангоми рух додани ҳолатҳои ногувор: дар бонкомат мондаги корт, истифодаи нодурусти Амонат Онлайн, СМС- Паёмак ё кор накардани бонкомат дар назди маҳалли худ метавонед ба Телефони Тамос 1885, ки 24 соат фаъол аст, муроҷиат намоед. Мутахассисони Бонк омодаанд мушкилии Шуморо дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.
ЁДУ НОМИ РУҲУЛЛО ҲАКИМЗОДА АБАДАН БОҚӣ ХОҲАД МОНД
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз марги нобаҳангоми собик Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Руҳулло Ҳакимзода ва писараш Кароматулло Руҳуллозода, ки санаи 11.05.2020 аз олам чашм пӯшиданд, сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонашон таъзия баён намуда, сабри ҷамил хохонанд.
Руҳулло Ҳакимзода аз соли 2015-2019 дар Амонатбонк ба ҳайси Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" фаъолият намуда, барои пешрафти сиёсати пулии мамлакат нақши худро гузоштаанд. Хизматхои Ҳакимзода ҷихати пешравии фаъолияти бонк арзандаи васф аст. Ин марди ватанпарвар тавонистанд, ки бо татбики сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як катор дастовархо ноил гарданд. Ёду номи Руҳулло Ҳакимзода дар хотири наздикону дӯстон ҳамчун инсони хештаншиносу ватандуст, саховатпеша ва ҳалиму меҳрубон абадан боқи хоҳад монд.
Руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод!
Паҳншавии пандемияи сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна бетаъсир намонд.
Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст.
Бо мақсади тақвият додани корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.
Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.
Руйдодҳои вақтҳои охир, яъне паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва таъғирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.
Вобаста ба ин, бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғ. Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби хеш №05.1-630/1591 аз 15.04.2020с. вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро мувақаттан мавқуф гузоранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.
Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 чораҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилотҳои хеш таъмин намоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз пайдо шудани пандемияи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд.
Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.
Меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд намудани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шавад.
Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 9,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба вуқӯъ пайваст.
Интизориҳо ва хавфҳо. Мавриди зикр аст, ки аз интиҳои моҳи декабри соли 2019 то инҷониб бинобар пайдо шудани вируси сироятии “коронавирус” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат расиданд. Ин вирус аллакай аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Мутобиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то санаи 27 апрели соли 2020, дар ҷаҳон зиёда аз 2 млн. 971 ҳаз. нафар гирифтори ин беморӣ гардиданд, ки аз давлатҳои шарикони асосии савдои кишвар бошад, ба Туркия 110,1 ҳазор нафар, Федератсияи Русия 80,9 ҳазор нафар, Қазоқистон 2,7 ҳаз. нафар, Ӯзбекистон 1,9 ҳаз. нафар, Афғонистон 1,5 ҳаз. нафар, ва Қирғизистон 682 нафар рост меояд.
Дар Федератсияи Русия ҳамчун яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор (апрели соли 2020) дар соли 2020 иқтисодиёти Федератсияи Русия 5,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.
Бояд зикр намуд, ки ба санаи 26 апрели соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел ба 25,1 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 62,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, коҳишёбии он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсири зиёд дорад. Ба ҳолати 27 апрели соли 2020 қурби рубли Русия нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 20,7 фоиз коҳиш ёфт.
Вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус (COVID-19), кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, аз ҷумла, дар минтақаи Аврупо, Русия, Туркия, ИМА, Канада, Покистон, Молдова, Хитой, Арманистон, Украина, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо.
Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонниз бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳишёбии қурби пули миллӣ ва эҳтимолияти зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи кутоҳмуддат таъсири худро расонад.
Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона аз 1 майи соли 2020 муқаррар карда шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Ҳафтаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро масъулини БДА ҶТ Амонатбонк дар як қатор филиалҳои Бонк баргузор намуданд.
“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” -шиори расмии Global Money Week-2020. Таҳти ин шиор гуруҳи кории Бонк чорабинии худро дар филиали №61-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Фархор дар ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи байналмилалии Олмон оғоз намуданд.
Дар оғози чорабини муовини Раиси Раёсат Шаҳло Сайфзода ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо имкониятҳои муосири имрӯзаи «Амонатбонк» ошно карда таъкид намуданд, ки ҳадафи асосӣ чорабинии мазкур баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар филиали №61-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Фархор семинари машваратӣ дар мавзӯи “Такмили маърифати молиявии аҳолӣ” гузаронида шуд. Дар рафти семинар ба иштирокдорон корманди Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар мавзуҳои нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои иқтисодии давлат ва субектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт дарси омӯзишӣ гузаронид.
Маъракаи Global Money Week-2020 дар филиалҳои Бонк ва марказҳои хизматрасонӣ идома дошта, давоми як моҳ оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг аз ҷониби мутахассисони “Амонатбонк” гузаронида мешавад. Чун анъана иштирокчиёни фаъол дар охир бо туҳфахои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Оғози курсҳои бозомӯзии кормандон дар БДА ҶТ "Амонатбонк"
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака, касбияти кормандони Бонк, бо дастур ва супориши Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ Идораи методология ва бозомӯзии кормандон таъсис дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар бинои нави Бонк барои омӯзиш ва такмили ихтисос ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда, толорҳои омӯзишӣ, утоқи тарҷумаи синхронӣ, бо технологияҳои муосири иттилотиву дафтардорӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Идораи методология ва бозомӯзии кормандон, барои кормандони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк», дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, давоми 5-рӯз тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурд» гузаронида шуд. Дар тренинги мазкур тамоми ҷабҳаҳои таҳлили молиявӣ, аз ҷумла ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди қарз, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, хавфҳои қарзӣ ва пешгирии он, гарав ва баҳодиҳии амволи гарав, мониторинг, истифодаи мақсадноки қарз ва ғайра фаро гирифта шуд.
Ба иштирокчиёни тренинг аз ҷониби мутахассисони Раёсати Бонк, аз ҷумла Сардори идораи методология ва бозомӯзии кормандон Умарзода З, кормандони Идораи мазкур Буриев У.Н, Зокирова С, мушовири Раиси Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Икромов З. ва сардори Идораи қарздиҳии Департаменти қарздиҳӣ, Фаррухзода С, дарсҳо гузаронида шуданд.
Дар хотима тренинг тавассути саволу ҷавоб ҷамъбаст гардида, ҳаллу фасли мушкилотҳо, пешниҳоду таклифҳои филиалҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Идораи методология ва бозомӯзии кормандон, минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми филиалҳои Бонк, оид ба мавзуъҳои самти афзалиятноки фаъолияти бонкӣ, инчунин масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, тренингу семинарҳои омӯзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ташкил намояд.
Кортҳои пардохтии «Амонатбонк»
Кортҳои пардохтии бонкӣ – ин воситаи қулаи нигоҳ доштани маблағ буда, хавфи гум кардан ва дуздидан аз байн бардошта мешавад. Ҳамзамон кортҳои пардохтӣ - сарфаи вақт, хизматрасонии қулай, тахфифҳо ҳангоми харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад.
Намудҳои кортҳо аз Низоми байналхалқии VISA International
Афзалияти кортҳои мо-Бехатарии маблағҳои Шумо.
Имконияти шабонарӯзӣ дастрас намудани маблағҳои нақдӣ дар зиёда аз 50 банкомат. Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.
Ҳангоми сафар кардан ба хориҷа зарурияти баёноти маблағҳо вуҷуд надорад.
Хабардор шудан аз ҳар як амалиёт бо корти худ тариқи SMS-хабар.
Суратҳисоби шуморо наздикону пайвандонатон метавонанд пур кунанд.
Бонк ба мизоҷони худ кортҳои пластикии локалӣ, Корти миллӣ, VISA Electron, VISA Classic ва боз ҳам бонуфуз VISA Gold пешниҳод мекунад. Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад. Арзиши корт 20 сомониро ташкил медиҳад.
Афзалияти асосии корти мазкур: дастрасӣ ба маблағ; бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад; муаммои вобаста ба пасту баландшавии асъор ва бақияи корт.
Корти VISA Electron
Кортҳои байналхалқии арзон ба Шумо дар сафарҳо ва ҳаёти ҳамарȳза кȳмак мерасонад. Дар ҳар банкомат ва POS-терминалҳои дигар кишварҳои дунё хизмат расонида мешавад. Арзиши корт 50 сомониро ташкил медиҳад.
Афзалияти асосии корт: Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед хизматрасониро анҷом диҳед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.
Корти VISA Classic
Кортҳои пардохтии маъмул барои сафар ба хориҷа пешбинӣ шудааст. Дар ҳама нуқтаҳо хизмат расонида мешавад, ки логотипи низоми пардохтии Visa аст.
Арзиши корт 145 сомониро ташкил медиҳад. Амонати суғуртавӣ-500 сомонӣ
Афзалияти асосии корт: Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ. Корт барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки даромади миёна доранд ва таҷрибаи муомила бо кортҳои бонкӣ доранд.
Корти VISA Gold
Корт дорои имконияти васеъи истифодабарӣ буда, ҳолати дорандаи худро ҳамчун шахси сарватманд муаррифӣ мекунад. Арзиши корт 195 сомониро ташкил медиҳад. Амонати суғуртавӣ-2500 сомонӣ
Афзалияти асосии корт: Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ. Тахфифҳои калон ва пешниҳоди фоиданок аз рȳи барномаи байналхалқии «Visa Special Offers».
VISA Gold барои кӣ пешбинӣ шудааст? Барои мизоҷони бонуфуз ҷиҳати нигоҳ доштани обрȳ ва нуфуз.
Лоиҳаи музди меҳнат
БДА ҶТ «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд. Лоиҳаи мазкур барои ташкилот чунин имкониятҳо медиҳад:
Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи Банкомат ва ПОС-терминалҳо; Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон; Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он; Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;
Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам; Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд; Аз байн бурдани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат.
Кормандони ташкилот чунин имконият ба даст меоранд:
Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк; Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал; Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ; Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;
Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд. Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;
Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»
Ронандагонро мебояд аз имкониятҳои бо ин мақсад фароҳамшуда самаранок истифода баранд
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд.
Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст. Садҳо далел мавҷуд аст, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.
Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир пардохти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ қариб ду миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги пархти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад».
Пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани пардохти ғайринақдиро дарк накардаанд. Бинобар ин, рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро мувофиқи мақсад ва заруру ногузир аст. Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва кортҳои электронии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад.
Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.
Сониян, ин иқдом то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.
Муҳим он аст, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст.
Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаркат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок филфавр “чароғаки сабз” фурузон мегардад.
Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз кортҳои пардохтии “IRS” истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад.
Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳбуд меёбад.
Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд. Бо мақсади осон намудани дастарсии шаҳрвандон ва сарфи вақти онҳо шароит фароҳам шудааст, ки дар сомонаи филиали Ширкат – www. irs.tj аз тариқи онлайн ба ин намуди хизматрасонӣ пайваст гарданд. Ҳамрадиф бо ин, пардохт аз тариқи кортҳои бонкӣ низ мумкин буда, ин амал бо кумаки хазинадор амалӣ гардида, доштани корти бонки дахлдор ҳатмӣ мебошад. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали Ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт аст.
Ибтикори мавриди назар далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, кулли шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар