Ба ҳолати 1.07.2019 маблағи умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 2,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он ба 35,9% Маҷмӯии маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи ҶТ хабар дод.
Бино ба иттиллои вазир, хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ аз рӯи нақшаи маблағгузории нимсолаи аввали соли 2019 пурра дар мӯҳлатҳои муайаншуда пардохт карда шуда, ба ҳолати 1.07.2019 дар назди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ӯҳдадориҳои иҷронашуда вуҷуд надорад.
- Айни замон барои дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ таҳияи тарҳи барномаҳои нави ҳамкорӣ барои давраҳои миёнамӯҳлат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Авруосиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо идома дорад, - афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати ҶТ буда, барои пиёда намудани ин ҳадаф дар тамоми шаҳру навоҳири кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо тадриҷ амалӣ меёбанд. Яке аз чунин минтақаҳо ин ш.Турсунзода мебошад, ки бузургтарин шаҳри саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, соҳаи энергетикии ин шаҳр, ки бар дӯши ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” вогузор шудааст, дар чанд соли охир рӯ ба рушду беҳбудӣ овардааст.
Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» пас аз 50 сол
Бояд гуфт, ки зеристгоҳи барқии «Равшан» 220/35/10 кВ яке аз зеристгоҳҳои муҳими ш.Турсунзода ба ҳисоб рафта, он соли 1968 бунёд шуда буд. Ин зеристгоҳ аз зеристгоҳи «Регар-500» бо хати барқии ҳавоии 220 кВ бо барқ таъмин буда, то с.2018 танҳо аз 2 адад автотрансформатори навъи АТДЦНТ-125000/220/35/10 кВ, автотрансформатори навъи АТДЦНТ-125000/220/110/10 кВ, 1 адад трансформатори пуриқтидори ТДТНГУ-20000/220/35/10 кВ иборат буду халос. Бинобар бо сабаби солҳои тӯлонӣ истифода бурдан таҷҳизоти барқӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, соли 2019 зеристгоҳи барқии «Равшан» 220/110/35/10 кВ аз нав таҷдид гардид. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии ЗИБ “Равшан” 220/110/35/10 кВ” дар санаи 10.02.2014 байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки Исломии Рушд Созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуда, Лоиҳаи мазкур бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 25.06.2014 тасдиқ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани озмуни байналхалқӣ ширкати “MVV Decon-Dubai Branch” (Дубай АМА) машваратчии лоиҳаи мазкур интихоб шуда, дар санаи 5.06.2015 Қарордод байни ШСХК “Барқи тоҷик” ва ширкати “MVV Decon-Dubai Branch” шартнома ба имзо расид. 22.08.2016 бошад байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” шартнома ба тасвиб расида, ҳамин тавр зеристгоҳи барқии “Равшан” таҷдид гашта, ҳоло бо иқтидори бештар хизмат расонида истодааст. Тибқи қарордод дар ЗИБ “Равшан” таҷҳизотҳои зерин ворид ва васлу насб карда шуданд: 2 адад автотрансформаторҳои 125 МВА, 2 адад трансформаторҳои танзимкунандаи 40 МВА, 1 адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, 5 маҷмуъ чашмакҳои 220 кВ, 8 маҷмуъ чашмакҳои 110 кВ, 2 адад трансформаторҳои эҳтиёҷоти худӣ 400 кВА, чашмакҳои 10 кВ дар биноҳои ДТП-1 ва ДТП-2, васлу насби лавҳаҳои ҳимояи релегӣ автоматӣ ва системаи СКАДА, сохтмони бинои нави идоракунии фаврӣ.
ЗИБ “Промзона”-васеъсозӣ бо мақсади таъминоти иловагӣ
Бояд гуфт, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар ш.Турсунзода ва зарурати иҷрои ҳаҷми корҳои иловагӣ, яъне васеъсозии зеристгоҳи барқии “Промзона” 35/10 кВ ба миён омад. Ин зеристгоҳ низ соли 1980 сохта шуда, тӯли солҳои гузашта таҷҳизоташ кӯҳнаву фарсуда шуда буданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин намудани истеъмолкунандагон бо нерӯи барқи хушсифат зеристгоҳи барқии “Промзона” ба шиддати 10/ 35/10 кВ- ро васеъ карда шуда, аз нав таҷдид гашт. Бо ин мақсад, аз ҳисоби маблағҳои сарфшудаи лоиҳаи мазкур дар моҳи феврали соли 2018 байни ШСХК “Барқи тоҷик” ва ширкати пудратии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Қарордод барои сохтмони дастгоҳи тақсимоти кушодаи 110 кВ бо насби 2 адад трансформаторҳо бо иқтидори 25 МВА дар зеристгоҳи барқии “Промзона”110/ 35/10 кВ ба имзо расонида шуд. Дар доираи корҳои иловагӣ дар ЗИБ “Промзона” 35/10 кВ васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ идома дошта, вобаста ба зери шиддат қарор додани трансформатори якум Т-1 корҳои омодагӣ рафта истодааст. Дар хати интиқоли барқии “Равшан-Промзона” кашидани ноқилҳо ва насб намудани оиқҳо алакай ба анҷом расидааст.
Тибқи Қарордод дар зеристгоҳи “Промзона” таҷҳизотҳои зерин васлу насб карда мешаванд: 2 адад трансформатори 25 МВА, 2 адад васлакҳои элегазии 110 кВ, 4 маҷмуъ калидҳои барқӣ 110 кВ, 4 маҷмуъ трансформатори ҷараён 110 кВ, 4 маҷмуъ барқгиракҳои 110 кВ, васлу насби ҳимояи релегӣ ва автоматӣ, сохтмони бинои нави идоракунии фаврӣ. Дар хати интиқоли барқии «Равшан-Промзона» бо дарозии 5 км ноқилҳо ва оиқҳо иваз карда шуданд.
Пеш аз ҳама деҳаҳои дурдаст
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Салоҳиддин Холиқзода, сардори ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” иброз намуд, дар нимсолаи 1-уми соли 2019 корхона фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва ширкати “Барқи Тоҷик” ҷиҳати таъминоти боэътимод ва сифатнокии эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии ш.Турсунзода бо нерӯи барқ, ҷамъоварии хаққи истифодаи он дуруст ба роҳ монда, ҳамаи тадбирҳоро барои сарфакорона истифода намудани қувваи барқ равона кардааст.
- Бинобар сабаби кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 шумораи муштариёне, ки ҳисобкунакҳои барқиашон аз дохили биноҳо ба берун бароварда шудааст ҳамагӣ 680 ададро ташкил дод, аз ҷумла: аз дохили хонаҳои баландошёна-200 адад ва аз хонаҳои заминӣ-480 адад. Дар ин муддат дар ИТ-10/0,4 кВ (истгоҳҳои трансформаторӣ) ба миқдори 71 адад ҳисобкунаки барқии электронии интеллектуалӣ насб карда шудааст. Инчунин, дар деҳаҳои дурдасти Шулум ва Шифокор бинобар сабаби кам намудани талафот трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидораш баландтар иваз гардиданд. Дар деҳаҳои Ҷари Сурх, Анҷибар, Кадучӣ, Ширкент симҳои пӯлодин ба симҳои алюменӣ иваз шуда, дар гирду атрофи шаҳру деҳаҳои Турсунзода 5 адад трансформаторҳои иловагӣ барои боз ҳам беҳтар гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон ва кам намудани талафот насб карда шуданд,-гуфт мавсуф.
Ҳамчунин, хати интиқоли барқи 0,4-10 кВ ба масофаи 4,06 км бо мақсади кам намудани талафот, хати интиқоли барқи 0,4 кВ дар деҳаи Хонақо, хати интиқоли барқи 10 кВ дар деҳаи Маданият, дар деҳаи Оға хати интиқоли барқи 0,4 кВ сохта ба истифода дода шуд.
Омодагӣ ба зимистон аз тобистон
Дар доираи корҳои омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 аз ҷониби ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” 1 қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла: дар хати ҳавоии 10/0,4 кВ симҳои лучи алюменӣ 74120 метр, оиқҳо ба миқдори 1850-адад, сарбанд ба миқдори 178-адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 191-адад иваз карда шуданд. Гузаронидани корҳои қисман таъмиркунӣ ва ивазкунии асбобҳои барқии сӯхта аз кор баромада, дар олоти тақсимоти 10/0,4 кВ нуқтаҳои трансформатори шаҳр ва деҳаҳо, ҷудокунак (рубильник) ба миқдори 182-адад, муҳофизак (предохранител) ба миқдори 670-адад, барқгир ба миқдори 32-адад васл карда шуд. Дар хати кабелии 10/0,4 кВ ба миқдори 4420 метр кабели намудҳои гуногун иваз гардиданд.
Дар ҳудуди ш. Турсунзода ба миқдори 30 адад ИТМШ-10/04 кВ (истгоҳи трансформатории маҷмуъи шаҳрӣ) аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бастаки васлӣ 11-адад, КВТПН-10, 10-адад, СТП-10 дар хати кабели 10 кВ васл карда шуд. Дар нуқтаи трансформатории шаҳр ва деҳаҳо равғани трансформаторӣ ба миқдори 5240 литр рехта шуд. Аз аввали сол то ин ҳол ба миқдори 89 адад истгоҳҳои трансформатории 10/0,4 кВ аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ сурат гирифтанд. Барои зарурияти истеҳсолӣ ва барои тайёрӣ дидан ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, дарахтҳо аз хатҳои интиқоли барқи 10/0,4 кВ ба масофаи 462 км тоза карда шуданд. Барои пешгирӣ дар мавсими раъду барқ 3 адад барқгир иваз карда шуд. Корҳои бақайдгирии нишондодҳои сабткунакҳои кории барқгирҳои РВМГ-220 кВ, РВС-35 кВ дар ЗБ-35/10 кВ «Промзона», ЗБ-35/10 кВ «Лоҳутӣ» гузаронида шуд. Барои пешгирӣ дар мавсими борандагӣ–обхезӣ 12–адад ЗТМ 10/0,4 кВ, ЗТМШ – 10/0,4 кВ ва ИТ-10/0,4 кВ герметизатсия карда шуда, ҷуйбори обпартои НБО-и хурди «Ширкент» аз қуму шағал ва ифлосиҳо тоза карда шуд.
М. Аминзода, СССР
Дар айёми тантанаҳои истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз иншоотҳои стратегии аэронавигатсионии кишварамон Манораи муназзимӣ ва инфраструктураи марбути он дар фурудгоҳи Душанберо, ки зертобеи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аст, ҳусни ифтитоҳ бахшида, баҳои баланд доданд. Имрӯз ин корхона боз ба 1 комёбии дигар-ташкил ва баҳрабардории истифодабарандагони фазои ҳавоӣ супоридани долони нави транзитӣ ноил гардид. Дар иртибот ба ин дастовард мухбири СССР мусоҳибае орост бо Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Ашуров Лоиқ Бегиҷонович ва фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
-Мӯҳтарам Лоиқ Бегиҷонович, чуноне медонем, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” яке аз беҳтарин корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, пайваста нишондодҳои назаррасро ноил мегардад. Дар ин нимсола ба кадом комёбиҳо ноил гардидед?
-Корхона дар ин 6-моҳаи аввали соли ҷорӣ тамоми корҳои нақшавии худро бо муваффақият иҷро кард. Хоса, дар ин фосила ба 21.522 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат намуда, ӯҳдадориҳои худро дар самти пардохти андозҳои давлатӣ бинобар зиёд намудани даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 9,4% ба андозаи 5,9% бештар ва ҳисҷудокунӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолиро 24% афзуд.
-Маълум аст, ки танҳо дар сурати навсозиву модернизатсия метавон ба пешрафт ноил гардид. Кадом омилҳо боиси иҷрои ӯҳдадориҳоятон шуд?
-Чуноне иттилоъ доред, корхона тавонист Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастоварди ниҳоят хуб пешвоз гирад. Баробари анҷоми сохтмони Манораи муназзимӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ки аз ҳисоби гранти Ҷумҳурии Фаронса бо иштироки ширкати бонуфузи сохтмонии ин давлат “Mark Meunier” эъмор гардид, аз ҳисоби даромадҳои корхонаамон бо таҷҳизоти марбути аэронавигатсионии муосири ширкатҳои «Систем-Интерфейс»-и Британияи Кабир ва «RID»-и Олмон муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни ифтитоҳ ёфт. Ғайр аз ин дар ин фосила бо дастгириву ҳидояти Пешвои миллат ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Евразия” бо иштироки роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионии Давлатҳои муштаракулманофеъ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионии ҷаҳонӣ аз ИМА, Олмон, Фаронса, Испания, Чехия, Австрия, Финландия, Россия ва чанди дигар, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалии авиатсионии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ-ИКАО, Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ-ИАТА ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ-МАК бомуваффақият гузаронида шуда, аз тарафи иштирокдорон баҳои баланд гирифт.
Ҳамчунин, бо мақсади вусъат бахшидан ба сифатнокии фаъолият ва ҳамчунин ҷалби баҳрабардорони нав дар ин фосила 72 адад NOTAM нашр шуда, 565 адад иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии ҷумҳурӣ, ки аз онҳо 59 адад барои парвозҳои доимии транзитӣ, 264 адад барои парвозҳои ғайридоимии транзитӣ, 122 адад барои парвозҳои доимии нишаст ва 120 адад барои парвозҳои ғайридоимии нишаст дода шуд. Ҳайати роҳбарикунандаи корхона дар ин нимсола ҳам диққати махсус ба тайёрии касбии ҳамаҷонибаи кормандони муассиса, ба хусус донистану ҳифозати ҳуҷҷатҳои ИКАО, баҳрабардориву истифодаи забони англисӣ, ворид намудани қоидаҳои иҷрои парвозҳо ва таҷҳизоти муосир ба маҷрои истеҳсолии корхона дода, танҳо барои курсҳои такмили ихтисос, бе ба инобат гирифтани таҷрибаандӯзиву бозомӯзии такрорӣ, дар дохилу хориҷи кишвар 25 мутахассисро ҷалб намуда, дар ин самт беш аз 553.000 сомонӣ сарф намуд, ки хеле назаррас аст. Илова бар ин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони сохторҳои гуногуни корхона ва бархӯрдориву дастгирии сиёсати давлату ҳукумат курсҳои иловагии забони англисии умумӣ ва хонишҳои идоравии кормандон ба роҳ монда шуд, ки самараҳои хуб дода истодааст.
-Лоиқ Бегиҷонович, дар самти тавсеаи имконоти истеҳсолии корхона, ба ҷуз ворид намудани таҷҳизотҳои муосиру пешрафта, боз чӣ кору пайкоре анҷом додаеду чӣ нақшаҳое доред?
-Чуноне медонед, Пешвои муаззамамон дар “Паём”-ашон яке аз барномаҳои меҳварии кишварро дар таъмину ташкил кардани шароити гузариш ба “Кишвари транзитӣ” муқаррар карданд. КВД “Тоҷикаэронавигатсия” танҳо дар соли 2018 тавонист бо истифода аз захираҳои зеҳнии худ 11 долону хатсайрҳои транзитии ҳавоиро ташкил, тасдиқ ва ба истифода супорад. Пайваст намудани роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷануб ба самти Шимол тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долони ҳавоӣ бо номи PINAX (Панҷ), ки қитъаи воқеъ дар фазои ҳавоии Афғонистон асту аз соли 2001 бинобар вуруди Қувваҳои эътилофии байналмилалӣ то соли 2017 барои парвозҳо баста буд, тавассути гуфтушунидҳои бевоситаи доманадори пайваста бо мақомоти авиатсияи граждании Афғонистон, ҳам дар ҳудуди Тоҷикистону ҳам ҳудуди Афғонистон, ниҳоят имкон фароҳам овард, ки он моҳи феврали соли 2017 аз нав ифтитоҳ ёбад. Боиси таъкид аст, танҳо дар соли 2018 аз ин долон беш 3000 киштиҳои ҳавопаймоӣ баҳра бардоштанд, ки нишондоди ниҳоят баланд аст.
Бо дастрасӣ аз ин комёбӣ ва баррасии амиқи масъала зарурати кушодани роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ таввасути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долонҳои ҳавоии байни Афғонистону Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар нимсолаи кунунӣ тавонистем бо мақсади татбиқи барномаҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти “Сиёсати дарҳои кушода” ва ба “кишвари транзитӣ” табдил додани Тоҷикистон қитъаҳои нави хати байналмилалии ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон DILRO-ULMO ва FAYZOBOD-OKTAB-IRTAJ бо долони нави IRTAJ байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия, ташкил, тасдиқ ва дар NOTAM нашр намоем, ки ниҳоят муҳиму қобили зикри махсус аст. Масири нав аз нуқтаи FAYZOBOD ибтидо ёфта, тавассути нуқтаи IRTAJ-и сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои ҳавоии Афғонистон тавассути нуқтаҳои роҳҳои ҳавоии KHOLM, BURTA ва BUDBO ва шабакаи хатҳои ҳавоии мавҷудаи Эрон пайваст мешавад. Он дар қиёс бо масирҳои амалкунандаи берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 км кӯтоҳтар буда, вақти парвозро танҳо дар 1 самт 15-20 дақиқа ва сарфаи сӯзишвориро тақрибан 800-1000 кг кам менамояд.
Масалан, ҳангоми парвоз бо тайёра аз фурудгоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар ба тарафи Дубай, Шарҷа вақти парвоз то 20 дақиқа коҳиш ёфта, масофа дар ин сурат 237 км ва сарфи сӯзишворӣ барои тайёраҳои миёнаҳаҷм то 800 кг кам мешавад. Ҳангоми парвоз аз фурудгоҳҳои Алмаато ба Дубай бошад вақти парвоз то 35 дақиқа, масофа 422 км ва сарфи сузишворӣ барои чунин тайёраҳо то 2000 кг кам мешавад, ки хеле назаррас буда, метавонад боиси боздиди нархномаву имтиёзҳо барои мусофирон ва захираи вақти онҳо бошад. Бо назардошти ба истифода супоридани долони нави IRTAJ - минтақаи нави хати ҳавоии байналмилалии “B904” фармоиши муштараки Вазорати мудофиаи ҶТ ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2019 таҳти №455/143 содир шуда, 26.06.2019 аз ҷониби Тоҷикистон ва 6.07.2019 аз ҷониби Афғонистон оид ба истифода додани ин хатҳои ҳавоии НОТАМ нашр шуд ва дар “Номгӯи хатҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор ёфт.
-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.
-Ташаккур.
М. Аминзода, СССР
Аббоси Аълохон
«Кадом супермаркет, ошхона ё тарабхонаи пойтахт худ ферма дораду ҳамарӯза чорво забҳ мекунад? Ҳамаи ин нуқтаҳо аз бозорҳои коммуналӣ омада гӯшт-асосан биқин ва гӯшти хубу беҳтаринро бо нархи арзон харидорӣ карда, пасон бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ҳоло мавсими истироҳат дар Варзобу Ромит низ оғоз шудаасту 1 қисми асосии гӯшт аз қассобхона рост ба он тарафҳо меравад...».
Гӯшт фаровон аст, агар…
Болоравии нархи гӯшт, хосса, гӯшти гов дар 2 ҳафтаи охир то 47-50 сомонӣ дар бозорҳои кишвар боиси нигаронии сокинон гашта, мардум аз он тарс доранд, ки пешопеши иди Қурбон имкон дорад ин нарх то ба 60-70 сомонӣ расад. Омилҳои асосии болоравии нархи гӯшт дар бозор кадомҳоянд ва қассобон дар арафаи иди Қурбон бо кадом нархҳо истеъмолкунандагонро ба ҳайрат хоҳанд гузошт? Ин буд мавзӯе, ки мо дар оғози ҳафтаи гузашта пайгирӣ намуда, дар мавридаш маҳз аз қассобон пурсидем.
Сабаби №1: Кунҷора… №2: Сӯзишворӣ!!!
Амирбек Назаров-фурӯшандаи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар бозори «Саховат»-и пойтахт дар сӯҳбат бо мухбири СССР яке аз омилҳои болоравии бесобиқаи нархи гӯштро дар гароншавии нархи кунҷора-хӯроки асосии чорво ва маводи сӯхт мебинад.
-Бубинед, нархи кунҷора дар бозори хӯроки чорво имрӯз аз 4-4,20 сомонӣ барои 1 кг кам нест. 3-4 сол пеш нархи кунҷора 2,70-2,80 сомониро ташкил медоду нархи бензину солярка низ ба маротиб арзонтар буд. Ҳоло барои бурдан ва ё овардани 1 гов аз Хуҷанд ба Душанбе то 200-250 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд, солҳои гузашта ин нарх то 100-120 сомониро ташкил медод ва он қадар ба киссаи қассоб зарба намезад. Дар Тоҷикистон кунҷора кам истеҳсол мешавад. Аз куҷо ҳам зиёд шавад, вақте пахтаро кам мекорем? Кунҷора дар Ӯзбекистону Туркманистон хеле зиёд ва арзон аст, вале содир карданаш мушкил. Хуб, ки имсол баҳор сербориш омаду дар кӯҳу пуштаҳо алаф афзуд, вагарна вазъи хӯроки чорво ҳам бад мешуд, -мегӯяд А.Назаров.
№3: Каллаву пӯсту дилу ҷигар ҳам арзон шуд
Чуноне ки Сайфулло Назиров-қассоби бозори «Деҳқон» мегӯяд, яке аз омилҳои дигари қиматшавии нархи гӯшт ин арзон шудани каллаву пӯсту дилу ҷигари чорвост.
-Қаблан қассоб чорворо забҳ ва вақти фурӯш маблағи гӯшти тозаи онро ҳисоб карда, ба савдо мегузошт. Ӯ медонист, ки каллаи гов, пӯсти он, дилу ҷигару гурда ва шушу пояшро метавонад алоҳида ва бо нархи хуб ба фурӯш гузорад. Имрӯз бошад нархи 1 пӯсти гов, ки соли гузашта то 150 сомонӣ арзиш дошт, то ба 50-60 сомонӣ афтода, нархи каллаву дилу ҷигару шуш ва пою забон низ ба маротиб арзон шуда, аз 5 то 20 сомонӣ нарх дорад. Манъи содироти пӯст ва коркарди хеле ками он боиси арзон ва гоҳо хароб шудани пӯсти гов шуда истодааст. Қассоб маҷбур аст акнун пули инҳоро низ ба нархи гӯшт зам кунад. Ғайр аз ин харидор бояд донад, ки чорво пас аз забҳ шудан дар муддати 3-4 соат метавонад то 4-5 кг вазни худро аз ҳисоби бухор шудани обҳои бадану равған кам кунад. Маблағи ин килоҳо низ ба арзиши гӯшт зам карда мешавад. Ҷуз ин маблағҳои дигар, амсоли шаҳодатномаи соҳибкорӣ, хизмати коммуналии бозорҳо ва даҳҳо харҷи дигар низ ба арзиши гӯшт ҳамроҳ карда мешаванд,-таъкид медорад фурӯшанда.
№4: Тарабхонаҳо…
Шодӣ Наботов-гӯштфурӯши бозори «Меҳргон»-и пойтахт омили камшавии гӯштро дар бозорҳои пойтахт дар зиёдшавии тарабхонаву ошхонаҳо медонад. Ӯ мегӯяд, маҳз ҳамин муассисаҳои хӯроки умумӣ ва супермаркетҳо сабабгори асосии гароншавии нархи гӯшт дар бозор шудаанд.
-Кадом супермаркет, ошхона ё тарабхонаи пойтахт худ ферма дораду ҳамарӯза чорво забҳ мекунад? Ягонто! Ҳамаи ин нуқтаҳо аз бозорҳои коммуналӣ омада гӯшт-асосан биқин ва гӯшти хубу беҳтарини говро бо нархи арзон харида, пасон бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ҳоло мавсими истироҳат дар Варзобу Ромит низ оғоз шудаасту 1 қисми асосии гӯшт аз қассобхона рост ба он тарафҳо меравад. Пештар ошхонаву тарабхонаҳо дар баробари гӯшти тоза гӯшти яхиро низ истифода мебурданд, ҳоло пурра ба гӯшти наву тоза гузаштаанд. Ин аст, ки гӯшт дар бозорҳо кам шудааст. Айни замон нисбати нарх ва хариди гӯшт ҳаёҳӯй нест, мардум ҳам кам мехаридагӣ шудаанд, шояд пул надоранд, ё дар Рамазон хуб хӯрданду сер шудаанд, - меафзояд Наботов.
Гӯшт гарон намешавад!
Сайвалӣ Сабзаев-директори КВД «Бозори «Саховат» дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки таъминоти гӯшт дар бозори зертобеаш ба таври лозимӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза ба бозор то 2200-2400 кг гӯшти тозаву нав ворид мешавад. Ин нишондод аз омори мавсими пеш аз моҳи Рамазон тағийр наёфта, 21 дӯкони гӯштфурӯшии ин бозор аз субҳ то шом фаъоланд:
-Мо талош дорем, нархи имрӯзаро бетағйир нигоҳ дорем ва бояд мардумро мутмаин созем, ки нархи он ҳеҷ гоҳ то 60-70 сомонӣ нахоҳад баромад. Аз рӯи таҷрибаҳои бисёрсолаи чорводорон то 3 ҳафтаи дигар алаф дар талу теппаву адирҳо хушк шуда, чорворо хароб гардонида, танҳо пас аз ин соҳибони чорво ба забҳашон сар мекунанд. Баъдан бояд гуфт, дар арафаи иди Қурбон мардум аз гӯшти гов ба гӯшти гӯсфанд мегузаранд ва талабот ба гӯшти гов камтар мешавад. Ин тамоюл ба таври автоматӣ нархи гӯштро танзим мекунад! Ғайр аз ин воридоти гӯшт низ аз вил.Суғд ба бозорҳои пойтахт пас аз моҳи шарифи Рамазон афзуда, имкон дода истодааст, ки нарх нигоҳ дошта шавад, - таъкид дошт С.Сабзаев.
Эрка шудаем!
Гӯштфурӯшон ва қассобоне, ки тайи 2 рӯзи охир бо эшон ҳамсӯҳбат шудем, аз 1 омили дигар низ ёдовар шуданд, ки ин ҳам эрка шудани мардум аст. Ба гуфтаи Амирбек Назаров, мардум, хосса, мардуми деҳот имрӯз эрка шудаасту дигар дар хона гову молу мурғ парвариш намекунад. «Аз пойтахт баровардани чорвои хонагӣ боиси ҳайф шудану пӯсидани ҳазорҳо тонна пучоқ дар партовгоҳҳо ва бозорҳои пойтахт шуда, мардуми дурдасттарин шаҳру ноҳия низ ҳамакнун хариди гӯшту тухму сабзавотро низ аз пойтахт супориш медиҳанд. Эрка шудаем, дигар хонаҳоямон ифлос мешавад гуфта, молу ҳол намекунем, гӯштро аз Душанбе супориш медиҳем, то ронандаи мусофиркаш бароямон биёрад, ин ҳам яке аз омилҳост!»- таъкид медорад ӯ.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
PS: Барои арзоншавии гӯшт бояд чанд омилро матраҳ кард:
1.Бояд иҷозат дод, ки дар канори шаҳр, дуртар аз марказ, сокинони пойтахт чорводорӣ кунанд. Ин имкон медиҳад, ки гӯшт фаровон ва шаҳр аз пасмондаи меваҷоту тарбузу харбуза пок гардад;
2.Хитоиҳо, ки усулан бо коркарди пахта сару кор доранд, бояд муваззаф гарданд, ки кунҷораро арзон ва дар Тоҷикистон фурӯшанд;
3.Тарабхонаҳо фермаҳои худро дар музофот кушоянд;
4.Фурӯши пӯстро ба хориҷа иҷозат диҳанд, то рақобати солим барқарор гардаду қассоб аз пули пӯст нархи гӯштро танзим кунад;
5.Ба қассобон, мисле ки ба чорводорони соҳибмансаб, имтиёзи андоз дода шавад…
Вохӯрии раиси БМТ бо роҳбарият, мудирони филиалҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории БДА ҶТ “Амонатбонк”
Мақсади мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти соҳаҳои мазкур буд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур аст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, дар маҷмӯъ рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Илова бар ин, қайд намуданд, ки низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои давлат ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд намудани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд. Зимни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ андешидани чораҳои заруриро дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ лозим дониста, тавсеа бахшидани риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи молияро зарур донистанд. Дар баробари ин, Пешвои Миллат қайд карданд, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои дохиливу берунӣ, инчунин, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани идораи як қатор бонкҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани назорат вазъи умумии низоми бонкӣ дар кишвар буҳронӣ шуд. Хотирнишон намуданд, ки камбудиҳои мавҷудаи сохторӣ, аз ҷумла зиёд будани хавфҳо дар низоми бонкӣ ва қарзҳои ғайрифаъол, паст будани сатҳи захираҳои софи байналмилалӣ, қобилияти пардохт ва сармояи бонкҳо, сатҳи баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёт, лапишҳои асъорӣ, таъмин нагардидани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии пасти аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳанӯз боқӣ мондаанд. Дар робита ба ин масъала дар БМТ бо иштироки раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, мудирони филиалҳои Бонк аз миқёси кишвар ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсат ҷаласа баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Нурмаҳмадзода ба ҳозирин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва саривақтӣ иҷро намудани ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат маърӯза намуданд. Дар маърӯза бо таъкид ба супоришҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қайдшуда ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба ҳозирин супоришҳои иловагӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа барои баланд бардоштани саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда андешидани чораҳои қатъиро лар ин самт талаб намуданд. Зикр шуд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонкӣ давлатӣ ва низомсозӣ ҷумҳурӣ бояд дар дастгирии сиёсати давлат пешсаф бошад ва нақши он дар самтҳои зикргардида хеле ҳам муҳим аст. Аз ҷониби Нурмаҳмадзода ба мудирони филиалҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд. Инчунин, бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои низомӣ бонкӣ омода карда шуда, барои иҷро ба Бонк ирсол карда шуд. Аз ҷониби раиси БМТ Ҷ.Нурмаҳмадзода таъкид шуд, ки зарур аст камбудиҳои дар фаъолият ҷойдоштаро бартараф карда, иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии Нақшаи чорабиниро таъмин намоянд. Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа аз ҷониби С.Икромӣ барои саривақтӣ иҷро кардани супоришҳои мазкур ва расидан ба аҳдофи манфиатовар ба ҳозирин маърӯза пешниҳод шуд. Раис иброз доштанд, ки Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” эродҳои асоснок ва дастуру супоришҳои муфиди ба фаъолияти Бонк нигаронидашударо бо як ҳисси масъулият дарк намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва БМТро бовар мекунонад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Бонк кӯшиш менамояд, нишондиҳандаҳои молиявиро дар соли ҳисоботӣ босифат ва сари вақт таъмин намуда, барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас талош намояд.
Маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»
Чаро як идда бартариҳоро «бо доман пӯшониданианд»?
Қонуни ҶТ «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян месозад. Консессиядор уҳдадор аст, шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ кунад, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҶТ ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ кунад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.
Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати ҶТ 2 шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Лиҳозо, дар ин матлаб натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯӣ мекунем. С.2002 байни Ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расида буд, ки он ба пешрафти минбаъдаи такони ҷиддӣ бахшид. Яке аз мақсадҳои шартнома дар тӯли 25 сол таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ маҳсуб мешуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ шудани ин шартнома ба комёбиҳои зиёд ноил гашта, то ба имрӯз 31%-и воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи с.2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо иҷро намешуд.
Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси шартнома механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ шуд. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе-Чанок 358 км-ро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» 897 метр, «Истиқлол» 4998 метр, «Шаҳристон» 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ кардани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 200 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, роҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро тақозо менамояд.
Бо мақсади густариш бахшидани ин раванд 4 корхонаи истеҳсоли асфалт ва 2 корхонаи масолеҳи сохтмонӣ бунёд шуд. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола беш аз 50 км-и роҳро таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то имрӯз филиали ширкати мавриди назар 11 кӯпруки масири роҳро таъмири ҷорӣ намуда, 2 кӯпрукро аз нав сохт. Ғайр аз ин, дар масофаи 11000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ё гузошта шуда, дар даҳҳо км корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд. То имрӯз зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст кардани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ муқаррар кардани имтиёз аст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин омил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ бо итминони комил метавон гуфт, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт дахлдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ мусбат кард.
Далер Мерганов,
журналист
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар