ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 24 2018



Бо супориши редаксия зимни сафари хеш ба Туркия, ки аз 22.09 то 1.10 идома дошт, ман 2 рӯзи онро дар Истамбул гузаронида, бо ҳаёти имрӯзаи Истамбулу сокинон, аз ҳама муҳим бозораш аз наздик ошно шудам. Диққати маро бештар бозоре ба худ ҷалб намуд, ки тоҷирони Тоҷик аз он ҳар гуна молу маҳсулот харида, сипас барои фурӯш ба Тоҷикистон меоранд. Агар 1 рӯзам барои сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихии ин шаҳр гузашта бошад, рӯзи дигарашро пурра ба омӯзиши бозори яклухтфурӯшии он бахшидам.

Истамбули Осиё ва Аврупо
Истамбул-шаҳри лаби гузаргоҳи Босфор-калонтарин маркази фарҳангиву тиҷоратӣ ва сайёҳии кишвари Туркия буда, қитъаи Осиё ва Аврупоро аз ҳам ҷудо мекунад. 1 қисмати Истамбул дар қитъаи осиёӣ ва қисмати дигари он дар қитъаи аврупоӣ ҷойгир буда, ҳар 2 қисматро пулу нақбҳои зеризаминии бешумор пайваст мекунанд. Бо ин хусусияти ҷуғрофии хеш Истамбул калонтарин шаҳри ҳам Аврупо ва ҳам Осиё ба шумор рафта, шояд ин аст, ки туркҳо дар кишварҳои дигар худро аврупоӣ меҳисобанд.



Шоҳ Сулаймон ва давраи тиллоии империяи Усмонӣ
Дар тӯли таърих ин шаҳр, ки римиҳо ба он номи Константинополи бузургро дода буданд, борҳо мавриди ҳуҷуми қушунҳои шоҳони гуногун қарор гирифта, пас аз он, ки ин шаҳрро империяи усмонӣ ба даст овард, тамоми масҷидҳои православӣ ба масҷидҳои мусалмонӣ табдил дода шуда, туркҳо ба шаҳр номи Истамбулро гузошта, онро пойтахти салтанати хеш эълон карданд. Туркҳо мегӯянд, замони ҳукмронии шоҳ Сулаймони мӯҳташам-ӯ чунин лақаб дошт, давраи тиллоии кишвар буда, аксарияти ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ маҳз дар давраи ӯ бунёд ёфтаанд. Мисоли ин метавонад масҷиди Сулаймония бошад, ки то ба имрӯз шукуҳу шаҳомати хешро гум накардааст.

Масҷиди Кабуд ва манораҳои он
Дар баробари ин масҷиди Кабудро низ ёдгории беназири меъморӣ меҳисобанд-онро шоҳ Султон Аҳмади 1, яке аз аберагони шоҳ Сулаймон бунёд кардааст. Масҷиди Кабуд низ 1 хусусияти хос дорад-он аз 6 манора иборат аст. Мегӯянд, дар он асрҳо сохтани беш аз 4 манора дар масҷидҳо мумкин набуд, лек меъмори ин масҷид хоҳиши шоҳ Аҳмадро нодуруст фаҳмида, 6 манора месозад. Он замон танҳо масҷиди Ал-Ҳарами Макка 6 манора дошту халос. Ба хотири барнахостани низоъ дар байни мусалмонон шоҳ Аҳмад дастур медиҳад, ки дар масҷиди Ал-Ҳарам боз 1 манораи дигар сохта, теъдоди манораҳоро ба 7 адад бирасонанд. Бо ҳамин нофаҳмӣ байни туркҳову арабҳо ба охир мерасад.



Лалели-маркази савдо барои кишварҳои собиқ шӯравӣ
Минтақаи Лалели, ки макони тиҷорат ва харид барои туҷҷору савдогарони кишварҳои собиқ шӯравии Истамбул аст. Агар 20 сол қабл ба ин маҳалли Лалели, ки дар қисмати Истамбули кӯҳна ҷойгир аст, танҳо туркони камбизоат меомаданд, имрӯз он пурра ба ихтиёри савдогарону харидорони русу ӯзбек, қирғизу қазоқ, доғистониву молдован, тотору бошқирд вогузор карда шудааст. Яъне, соҳиби мағоза турк ҳам бошад, кормандонаш ҳатман аз кишварҳои ИДМ мебошанд. Ман низ аз соати 10-рӯз ба кӯча баромада, то соати 18-и бегоҳ тамоми кӯчаву паскӯчаҳои Лалелиро гашта, ҳатто дар баъзе аз дӯконҳо ҳамшаҳриҳои худро дидам, ки мол мехариданд. Аҷибаш он буд, ки дар Лалели 99%-и мағозаҳо савдои хешро яклухт ба роҳ монда, ба нафарони мисли ман-тамошобин намегузоштанд, ки ҳатто вориди дӯкон шавам. «Оптом или в розницу?»-дар дами дар мепурсиданд духтарони рус ё қазоқу қирғиз, агар гӯям, ки барои тамошо медароям, «Нет, нельзя!»-гуфта меронданам.
Дар Лалели тамоми маҳсулотро бояд яклухт бихарӣ ва камтарин теъдоди он 4 адад аз ин ё он намуди мол аст. Дар ҳар кӯчаи Лалели ҳатман 1 маркази боркашонист, ки барои тоҷир корро осон мекунад-шумо интихоб мекунед, мағозадор онро ба меҳмонхона ё ҷои лозимӣ бурда, ширкати дигари боркашон онро аз шумо гирифта ба анбори худ мебарад. Он бор дар навбати худ бо мошинҳои гаронвазн пас аз 1-2 ҳафта ба Тоҷикистон расида меояд. Осон ва бидуни заҳмати зиёд! Вале бо вуҷуди он, ки 1 рӯзамро сарф кардам, натавонистам аз Лалели чизе бихарам: Надоданд!!!

Сифату кайфият ҳам гум шудааст
Занҳои турк мегӯянд, сифату кайфияти молҳои дар мағозаҳои Лалели ба фурӯш гузошта шуда, кайҳо гум шуда, ҳоло маҳсулоти пастсифат ва ё дуюмдараҷаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия дар ин мағозаҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Маҳсулоти хушсифати туркӣ, хосса сарулибоси кӯдакона, мардонаву занона, пойафзол ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои машҳури туркиянд, танҳо дар фурӯшгоҳҳои калон фурӯхта шуда, ба Аврупо низ содир мешаванд. Барои мағозаҳои Лалели бошад, имрӯз корхонаҳои миёнаи дӯзандагӣ ва истеҳсолии дохилӣ кор карда, маҳсулоти истеҳсолшуда дар фабрикаҳои шаҳрҳои дуюмдараҷаи Туркия омода мешаванд. Маҳсулоти нассоҷии ҳақиқӣ ва аълосифати туркӣ дар ҷаҳон ҷои 4-ро ишғол карда, дар кишварҳои Ғарб харидори бештар дорад ва нархаш низ гаронтар.
Хуб, маълум аст, ки тоҷирони Тоҷик саъй мекунанд молро арзонтар бихаранд. Ин дар ҳолест, ки асъори хориҷӣ, ба мисли доллари амрикоӣ ҳоло камёфт буда, қурбаш боло рафтааст. Харидуфурӯши тоҷирон дар Туркия бо доллари амрикоӣ анҷом ёфта, савдогарон бар илова ба нархи аслии бор боз аз 30 то 50%-и маблағро зам мекунанд-хароҷоти бор то расидан ба Душанбе.

Брендҳои туркӣ моро фиреб медиҳанд!
Тавре дар боло қайд кардам аз Лалели натавонистам чизе барои наздикону пайвандон тӯҳфа бихарам ва бо тавсия дӯсти тоҷикам Фарзона, ки дар Истамбул коромӯзӣ мекунад, ба маркази савдои «Форум Истамбул» рафтам. Он аз меҳмонхонаи мо он қадар буд. Дар ин маркази савдо тамоми ширкатҳои брендӣ мағозаҳои хешро доштанд. Таваҷҷӯҳи маро бештар мағозаҳои «LC Waikiki», «De Facto» ва «Koton» ба худ ҷалб карданд, зеро новобаста аз он, ки яке аз ин брендҳо дар Душанбе низ мағозаҳои худро дошт, номгӯи мол ва интихоби васеи он маро дар ҳайрат гузошт. Беҳтарин либосҳоро барои кӯдакон ман маҳз аз ҳамин мағоза харидам, нархаш низ аз мағозаҳои брендии Душанбе ба маротиб арзонтар. Баъдан фаҳмидам, ки моли аз фурӯш монда ва камхаридорро ҷамъ намуда, дар 2-3 моҳ 1 маротиба ба мағозаҳо-филиалҳои дар кишварҳои ИДМ фаъолият дошта, аз ҷумла, Тоҷикистон мефиристанд…ва мо моли нав омад гуфта, онро дар Душанбе бо нархи гарон мехарем! Ин буд чанд мушоҳида аз сафари Туркия, ки бароятон гуфтам. То сафарҳои баъдӣ. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Истамбул-Душанбе

Панҷшанбе, Окт 18 2018


Тибқи иттилои БМТ, қурби доллар ва евро дар кишвар тақрибан бетағйир монда, рубл боло рафтааст. Инчунин БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ аст ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад. Тибқи иттилои БМТ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши $ дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.43 сомонӣ ва арзиши фурӯши 1 евро аз 10.9175 то 10.9000 сомонист. Қурби рубли русӣ дар кишвар каме боло рафта, 1 рубл 0.1435 то 0,1440 сомонӣ арзиш дорад.

Чоршанбе, Окт 03 2018


 Аз 1.11.2018 нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон боло рафта, 1 киловатт соати он то ба 20 дирам баробар хоҳад шуд.
Қарори марбута вобаста ба афзоиш ёфтани нархи қувваи барқ рӯзи 25.09.2018 аз тарафи ҳукумати кишвар ба тасвиб расида, дар асоси ин қарор, аҳолии Тоҷикистон аз 1.11.2018 барои ҳар киловат соат қувваи барқ 19,37 дирам пардохт хоҳанд кард.
 Бар асоси ин қарор, аз 1.11.2018 ба истиснои ТАЛКО нархи барқ барои корхона ва муассисаҳои дигари кишвар низ боло меравад. Инчунин, корхонаи "Комбинати металлургии Тоҷикистон" барқро аз 1 май то 30 сентябр бо нархи имтиёзноки 8,28 дирам хоҳад гирифт. Арзиши ҳар киловат соат нерӯи барқ барои боқии корхонаҳои кишвар 47,13 дирам муқаррар шудааст. Корхонаҳои соҳаи буҷетӣ, иншооти варзишӣ, нақлиёти барқӣ минбаъд чун аҳолӣ барои ҳар киловат соати барқ 19,37 пардохт мекунанд.



Панҷшанбе, Сен 27 2018


   Ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомиро барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ намуданд.
   Сардори Идораи ҳисобдорӣ-сармуҳосиби Бонки миллии Тоҷикистон Фархуддинов Раҷабалӣ барои дастовардҳои баланд ва фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
   Дар ҷаласаи идона, ки 4 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирокдорони ҷаласаро бо ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҷоизаи мазкурро дар вазъияти тантанавӣ ба Фархуддинов Раҷабалӣ аз номи Сарвари давлат тақдим намуд. Номбурда қайд кард, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушду нумӯи иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ назаррас буда, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, барои рушду такомули ин соҳаи ҳаётан муҳим ва дар амал татбиқ намудани орзуву омолҳои неки худ кӯшиш ба харҷ диҳем.
   Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии худ, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии кормандони соҳа арзи сипос намуда, аз ҳар нафар корманд даъват ба амал овард, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона дар рушди нумуи Ватани азизамон доимо саҳмгузор бошанд.
   Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони соҳоти мухталифи кишвар, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов 30 августи соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлат бо нишони сарисинагии “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Ташрифи навбатии Ҳайати ХБА ба БМТ


   11 сентябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид.
   Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати ХБА-ро инчунин ба вазъи кунунии бозори беруна ва дохилии асъор, омилҳои асосии ба он таъсиркунанда, тағйироти қурбӣ дар ду соли охир, рушд ва дурнамои интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва созишномаҳои бо он алоқаманд, талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) ва нақши барориши евробондҳо, татбиқи минбаъдаи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
   Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ афзуд, ки Ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
   Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба ислоҳоти cоҳаи бонкӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзӣ бо гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҳалли мушкилоти бонкҳои низомсоз ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.
   Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар сафари навбатӣ фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.
   Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ва коршиносони ХБА Санан Мирзаев, Йохан Молин, Далмасио Бенисио, Олумуйива Адедеджи, Мурад Омоев, Александр Шеин ва Владислав Костюченко иштирок намуданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии “рӯ ба рӯ”


   Аз моҳи сентябри соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 5-15 марти соли равон ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорон ба ш.Душанбе баргузор гашт. Дар рафти ташриф вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин, бо намояндагони бахши хусусӣ доир гардиданд.
Баъдан, тибқи тартиби муайяншуда ҷараёни омодагӣ ва баррасии лоиҳаҳои ҳисобот вобаста ба натиҷаҳои ташриф ва ҳуҷҷатҳои тавассути тартиби дистансионӣ баррасигардида сурат гирифт.
   Дар робита ба масъалаи мазкур бояд қайд кард, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб дар доираи лоиҳаи ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии “рӯ ба рӯ” бо баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Гурӯҳи Авруосиё), рӯзҳои 5-7 сентябри соли 2018 ба ш. Москва (Федератсияи Русия) сафар намуд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати байниидоравӣ аз намояндагони роҳбарият ва шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла: Вазорати адлия, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иборат буд.
   Тибқи барнома дар вохӯрии нахустин бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби баргузории вохӯрии “рӯ ба рӯ”, масъалаҳои муҳими баррасишаванда ва марҳилаҳои минбаъдаи баҳодиҳии тарафайн муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, мутобиқи барнома масъалаҳо дар доираи хавфи ҚД/МТ, ҳамкории байналмилалӣ, низоми ҳуқуқӣ ва масъалаҳои фаъолияти оперативӣ, чораҳои огоҳкунанда ва назорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, муҳокимаи хулосаҳои коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё дар бахшҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва молиявӣ таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи 7-уми сентябр муҳокимаи масъалаҳои иловагӣ вобаста ба натиҷаҳои бевосита, инчунин хулосаҳои мутобиқати техникӣ миёни ҳайати кишвар ва коршиносони Гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид.
   Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти 29-умин ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ш. Минск (Ҷумҳурии Белорус) баргузор мегардад, натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии То ҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Чоршанбе, Сен 19 2018


   Нерӯгоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон», ки ҳафтаи гузашта бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар н.Мурғоб ифтитоҳ гашт, дорои иқтидори 1500 кВт буда он тамоми ташкилоту идора ва аҳолии н.Мурғобро пурра бо барқ таъмин хоҳад кард.
   Бояд қайд намуд, ки баландии сарбанди ин нерӯгоҳ 64 метр ва дарозиаш 12 метрро ташкил дода, сарбанди мазкур дар ҷумҳурӣ ягона сарбандест, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн. метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад.
   Толори мошинҳо масоҳати 468 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз конструксияи металӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити н.Мурғоб мувофиқ мебошад.


Чоршанбе, Сен 12 2018

Истифодаи 30.000 тонна асфалт дар мавсими имсола далели масъулиятшиносӣ аст
Даҳ сол қабл дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати мамлакат ва Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд. 10 соли сипаришуда барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати мазкур марҳилаи сабақомӯз, рушду такомул, тавсеаи равобит, ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Бегуфтугӯ, нигоҳдории босамари роҳҳои мошингард дар баробари бунёди онҳо ҷанбаи муҳим ба шумор меравад. Ин ҳақиқатро дар аксари давлатҳо аллакай пазируфтаанд. Пажӯҳиши агентии «SANTRAL» собит намуд, ки пас аз 3 соли таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгард барои нигоҳ надоштани он дар сатҳи зарурӣ 5 маротиба маблағи бештар лозим меояд, баъди 5 сол бошад, барои таъмири он 18 маротиба зиёдтар маблағ лозим мешавад.
-Дар сурате ки ҳамасола барои таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгарди кишвар миллионҳо сомонӣ аз буҷети давлат ҷудо мегардад, магар ба беҳдошти вазъ тариқи пулакӣ кардани роҳ зарурат мемонад? - мепурсиданд баъзеҳо.
Дар посухи ин суол мегуфтем ва такрор менамоем, ки айни замон дар мамлакат зиёда аз 32000 км роҳҳои мошингард мавҷуд аст. Аз ин 14000 километраш дар мувозинаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия қарор дошта, боқимонда, ки пештар дар мувозинаи колхозу совхозҳо ва дигар хоҷагиҳо буд, алҳол соҳиби муайян надорад. Ва барои нигоҳдории 14000 километр роҳ ҳамасола аз буҷети давлат 30-35 миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Агар ин маблағро тақсимбандӣ намоем, пас ба ҳар километри роҳ тақрибан 2,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Табиист, ки бо ин миқдор маблағ беҳдошти вазъи роҳҳо аз имкон берун аст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки амалӣ гаштани иқдоми мазкур ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, тавсияи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таъмину нигоҳдории устувори роҳ ва тамдид намудани муҳлати истифодаи он  боис гардид. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат  низ мавриди истифода қарор гирад.
Хуб дар хотир дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок як идда пешгӯӣ карда буданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. Муҳимтар аз ҳама, ҳудуди 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии Ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар худи роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба-устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидашудаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир, ҳамворсозӣ машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъмин карда шудааст, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд, то қисмати ба онҳо вогузоштаашонро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Онҳое, ки тариқи роҳи мавриди назар сафар кардаанд, шоҳиди ҳорланд, ки дар ин мавсим таъмири асосӣ ва ҷории роҳ муташакклиона идома дорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар мавсими имсола ин раванд ба марҳилаи сифатан ворид гардида, то имрӯз бо ин мақсад 30.000 тонна асфалт харҷ шудааст. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони «IRS» ҳаракати бехатару муназзами  воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин буда, зарур ва ногузир, ки ба фаъолияти он баҳои воқеӣ дода шавад.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 41 аз 70

Китобҳо

Flag Counter