ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 19 2018


Ҳукуматҳои 2 кишвар-Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим гирифтанд хироҷҳои барои автобусҳои мусофиркаш пешбинӣ шударо аз байн бардошта, рафтуомади мусофиронро аз 2 тараф осон намоянд.
Бино ба итиллои Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири нақлиёти ҶТ инчунин ҳарду ҷониб қарор қабул карданд, ки хироҷҳоеро, ки барои ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн пешбинӣ карда шуда буданд, ба маротиб кам намуда, дар ин бахш низ сабукӣ диҳанд.
 - Бояд қайд намуд, ки хироҷи роҳ дар Ӯзбекистон барои мошинҳои мо 300 доллар буд, дар ҷумҳурии мо бошад ин хироҷ барои нақлиёти боркаши кишвари ҳамсоя 260 долларро ташкил медод. Мувофиқа карда шуд, ки минбаъд хироҷи роҳ барои мошинҳои бо 10 тонна бор ҳаракаткунанда 100 доллар, то 20 тонна 150 доллар ва зиёда аз 20 тонна 200 доллар муайян карда шавад. Илова бар ин, пештар, вақте ки нақлиёт аз ҳудуди Ӯзбекистон ба тариқи “транзит” мегузашт, агар аз 3 рӯз зиёд меистод, ба ҳар 1 рӯзаш 70-долларӣ зам мекарданд. Аз мо бошад, 15 рӯзро дар бар мегирифт ва ин ҳам аз байн бардошта шуд, таъкид намуд Х. Худоёрзода.


Панҷшанбе, Июл 19 2018


Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар натиҷаи селфароӣ ба роҳҳои автомобилгарди байналмилалии кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ ба 36,2 км. роҳ, 14 адад пул бо дарозии 215 м ва 9 адад қубур бо дарозии 84 м ба маблағи умумии 7 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.
 Чуноне ки вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек дар нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти вазорати номбурда дар нимсолаи 1-уми соли 2018 хабар дод, зарари бештар ба роҳҳои Душанбе-Қулма (мавзеи Яхчипун), Бохтар-Данғара (мавзеи Саргазон), Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ (км.ҳои 80, 102, ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Бохтар-Дӯстӣ-Панҷи Поён ва роҳҳои ҷумҳуриявии Ш.Шоҳин, Фархор, Данғара, Ҷомӣ, Хуросон, Вахш, Балхӣ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҷ.Расулов, Деваштиҷ, шаҳрҳои Панҷакент ва Ваҳдат расонида шудааст.

Чоршанбе, Июл 18 2018


Тибқи қарори ҷаласаи 37-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё, ки дар Федератсияи Русия баргузор гардид, ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир кардани ҷаласаи Шӯрои бонкҳои марказии АврОсиё ҷониби қабулкунанда муайян карда шуд. Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур,  4-5 июли соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласа рoҳбарон ва намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Бонки байнидавлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумла изҳор дошт: “Мардум ва кишварҳои моро дар баробари расму ойинҳои ҳазорсолаи таърихӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодие, ки рушди имрӯзаи онҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро муҳайё менамоянд, пайванд месозад”.
Дар идомаи сухан, Сироҷиддин Икромӣ аҳли нишастро бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини   рушди иқтисодиёт, рушди воқеии ММД дар соли 2017 (7,1%) ва панҷ моҳи аввали соли 2018  шинос намуд. Сироҷиддин Икромӣ инчунин изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири омилҳои беруна ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ як қатор тадбирҳо бо роҳи татбиқи мақсадноки сиёсати пулию қарзӣ  ва ислоҳот дар низоми бонкӣ, инчунин беҳтар кардани низоми молиявӣ ва рушди бахши суғурта, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ андешида шуд. Дар фароварди сухан, Раиси ҷаласа - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳори боварӣ намуд, ки қарорҳои ҷаласаи мазкур барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок дар доираи Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё заминаи боз ҳам мустаҳкамтар гузошта, дар хотираи иштирокдорони он таассуроти нек боқӣ хоҳад гузошт. Сипас, Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуд, ки асосан аз  масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 36-37 Шӯро, самтҳои фаъолият ва рушди низоми бонкӣ, вазъ ва тамоюли бозори асъор, маҷмӯи маълумот оид ба пардохтҳои асъории марбут ба гардиши молу хизматрасонӣ, низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути пулҳои электронӣ, вазъи тавозуни пардохт ва тамоюли захираҳои байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати макропруденсиалӣ, таъмини суботи молиявӣ, фаъолияти Шӯрои машваратии ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Шӯро иборат буд.
Дар навбати худ, узви Шӯро-муовини Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон Арменак Дарбинян, муовини Раиси Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус Сергей Калечитс, ҷонишини директори Департаменти тадқиқот ва омори Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Саида Агамбаева, муовини Раиси Бонки миллии Қирғизистон Айнура Тезекбаева ва муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Русия Александр Торшин баромад ва дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа муҳокимаронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа инчунин роҳбарони сохторҳои калидии  Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, бо муҳокимарониҳои касбӣ ва ҷолиб таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд, ки мубоҳисаи онҳо муколамаи пурмазмун ва муфидро дар фазои масъулини бонкҳои марказии АврОсиё фароҳам овард. Дар интиҳои муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро ба бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Шӯрои АврОсиё барои боз ҳам беҳтар кардани  фаъолият ва ҳамкориҳо як қатор тавсияҳо  дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ барои тобовар шудан ба мушкилиҳои иқтисодӣ ва фишорҳои берунӣ, бонкҳои марказии (миллии) АврОсиёро зарур аст, дар баробари тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ниҳодиро (институтсионалӣ) идома дода, муносибатҳои тарафайнро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд. Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё  қарор қабул карда шуд, ки Ҷаласаи 39-уми Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АврОсиё тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Сешанбе, Июл 17 2018


 Ширкати «Тоҷиктрансгаз» хабар медиҳад, ки айни замон 12 корхонаи кишвар, ки бо истеҳсолот машғуланд, бо гази ӯзбекӣ таъмин буда, яке аз корхонаҳои асосии истифодабарандаи гази ӯзбекӣ ин ширкати ТАЛКО-и Тоҷик мебошад.
 Бино ба итиллои масъулини ширкати «Тоҷикстрансгаз» дар нишасти хабарии рӯзи 16.07.2018 шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ 12 корхонаи Тоҷик фаъолияти худро бо гази табии аз Ӯзбекистон ворид мешуда, ба роҳ мондаанд.


Панҷшанбе, Июл 05 2018


Дафтари матбуоти Ҳукумати вил.Суғд хабар медиҳад, ки дар ш.Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии Суғд-2018" баргузор мешавад. Панҷумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" 6 ва 7 июл дар Қасри варзишии Хуҷанд гузаронида мешавад. Интизор меравад, дар намоишгоҳ намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, АМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат кунанд.


Панҷшанбе, Июл 05 2018


Ахиран, баъди 25 сол баъди сари ифоқа ва виждон кашидани туҷҷори бозор, ки бе натиҷа анҷом мепазируфт, Ҳукумати ҶТ тасмим гирифт нархи 16 навъи маҳсулотро зери назорат бигирад.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон авохири моҳи май зери қароре имзои муборакашро гузошт ва Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон масъули иҷрои ин қарор қарор гирифт, ки минбаъд арзиши маводи хуроквории №1 таҳти назорати бевоситаи давлат қарор бигиранд. Тибқи ин қарор арзиши 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ" таҳти танзими давлат қарор мегирад:
1. Орд (навъҳои 1 ва 2)
2. Нон (аз орди навъҳои 1 ва 2)
3. Маҳсулоти макаронӣ
4. Гандум
5. Биринҷ
6. Картошка
7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
8. Қанди сафед, шакар
9. Равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст ва маска
10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ
13. Тухми мурғ
14. Намак
15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ
16. Ғизои кӯдаконa
Қарори мазкур танҳо рӯзи 4.07.2018 расонаӣ гардид.
Воқеан ҳам қарори бамавридест, зеро тавре дар хотир дорем, ҳамеша баландравии сунъии ин навъи маҳсулот мавриди накӯҳиши газетаи мардумии СССР қарор мегирифт. Шаҳрдори собиқи пойтахт-М. Убайдуллоев бо ин «паразитҳои бозор» (ибораи витсе-мири Душанбе) ҳар Рамазону Қурбон ҳарб мекард, вале бе натиҷа. Ҳамакнун бар боварем, ки лаҷоми ин беинсофон кашидаву болу пари ин «паразитҳо» буррида мешавад. Масъаларо пайгир мемонем. Мо Метавонем!

саҳ 43 аз 70

Китобҳо

Flag Counter