ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 22 2018


Имрӯз нархи 1 кг пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз 8 то 9 доллари амрикоист, тибқи гуфтаи ТВҳои мо. Аммо бо ҳамин қадар меҳнату хароҷоти зиёди мо пахтаро аз мардуми истеҳсолкунандаи маҳаллӣ бо қимати 1 доллар ҳам намехаранд. Магар ин ҳам инсоф аст? Боз мегӯем, ки мо мусулмонем. Пас аз куҷо пахтакори маҳаллӣ соҳиби 1 даҳон нон мешавад? Бинед сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ҳоло дар бозорҳо чӣ қадар нархи баланд доранд. Болои ин пахтаро бо даст мечинанд, тайёр карда, бо 2 дасти адаб бо техникаи худӣ ба хлоппункт бурда месупоранд. Марҳамат, ёбу гир!!! О, намешавад заводдорҳо техника ташкил карда аз истеҳсолкунанда бихаранду бибаранд? Охир, онҳо миллиону миллиард доранд ку! О, намешавад, ки аз 8 доллар ақаллан 2-3 долларашро ба истеҳсолкунанда диҳанд, то онҳо низ дар коркарду чиниш азоб накашанд? Ё аз қарз бираҳанд…
Барои ҳамин пешниҳод мекунам, заминро ба деҳқонони асил диҳанду аз дасти заводдорон кашида бигиранд? Дар вақташ, дар замони шӯравӣ, барои ҳар га аз ҳисоби пулҳои ҷудошуда кишоварзон ва колхозҳо маблағ мегирифтанд ва корҳояшонро иҷро карда боз бармегардонданд. Ҳозир «заминро ба халқ додем» гуфта дигар ҳеҷ кас парво надорад. Фақат андозро бисупор. Дигар аз куҷо ту пул меёбӣ, кор надоранд. Депутатҳо меросӣ шудагӣ барин ба фикрам дигар одамон ҳақ надоранд ба депутатӣ.

Таклиф мекунам:
1.Ягон одами вазифадор ба депутатӣ роҳ дода нашавад, чунки онҳо дидаву дониста гуноҳ мекунанд. Агар гуноҳашон ошкор карда шавад ҳам, онҳо бо сабаби депутатӣ халос мехӯранд. Аз ин сабаб онҳо аз қонун наметарсанд.
2.Шахсоне, ки дар вазифаҳои баланд кор мекунанд, хешу табор ва фарзандонашон дар кору вазифаҳои «ҳисобу китоб» роҳ дода нашаванд, махсусан, дар мақомот, коррупсия ва … дигар ҷойҳои пулдор.
3.Аз меҳнаткашон низ дар палатаҳо (манзурам парламент) аъзо қабул карда шаванд, то аз халқи оддӣ ҳимоя кунанд.
4.Бисёр соҳаҳо нолозим шуда мондаанд ва ҷои онҳо дар деҳаҳо корҳои дар ҷамоатҳо иҷро мешудагиро супорида, сарҳадҳои деҳаҳо ҷудо карда шавад, то аз ҳар куҷо омада заминҳоро аз худ накунанд.

Камолзода Саид,
н.Восеъ

Ҷумъа, Авг 17 2018



Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нашудани талаботи мавҷуда, аз ҷумла, қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузарониду ин раванд муттасил аст. Бо мақсади пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб-аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали Ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чораандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шурӯъ мекунад. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ин ширкат таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳиндустон... аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода карда истодаанд. Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳар 2 ҷониби ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист. Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба карат зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали Ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ-бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо-Шаҳристон, Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол мешаванд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои мазкур аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмист. Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». Аз сӯи дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк карда, талаботи  ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Панҷшанбе, Авг 02 2018


Пахта ашёи стратегӣ аст?
Тайи чанд соли охир газетаи мардумии СССР таҳти унвони «Редаксия супориш дод…» матолиб чоп мекунад, ки иқдоми хело нек аст. Имрӯз гарчанде редаксия ба ман чунин супориш надода бошад ҳам, тасмим гирифтам, ки оид ба пахтакорӣ чизе нависам. Дипломи аввалини ман оид ба соҳаи кишоварзӣ асту хатмкунандаи Техникуми хоҷагии қишлоқи ба номи В.В.Куйбышеви собиқ н.Қӯрғонтеппа ҳастам. Аз сӯи дигар, аз 20.08.2009 сарвари хоҷагии деҳқонии «Назирӣ» буда, дар майдони 2 га замин зироатҳои гуногун кишоварзӣ кишт мекунам. Аз ин хотир, зарур донистам, оид ба бурду бохти ин соҳаи ҳаётан муҳим аз наздик шинос шуда, хулосаҳои зарурии худро барорам. Чунки оид ба пешравӣ ва камбудии соҳаи пахтакории хоҷагии қишлоқ миш-мишҳо ниҳоят бисёранд.
Чандин маротиба дар моҳҳои январ-марти соли 2017 олимони соҳаи иқтисод ва хоҷагии қишлоқ тариқи шабакаи ТВТ гуфтанд, ки солҳои охир нархи ашёи хоми 1 тонна пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 1000-1500 доллари амрикоӣ расидааст. Пахта ягона маҳсулотест, ки ба кишварамон асъори хориҷӣ ($) ворид мекунад. Ва он олимон зӯр зада исбот карданианд, ки пахта ва пахтакорӣ соҳаи сердаромад аст.

Пахта бар зарар аст!
Ман аз чандин сарварони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, хоҷагиҳои истеҳсолӣ-кооперативӣ оид ба ин мавзӯъ пурсидам, онҳо хулосаҳои олимонро инкор карда, мегӯянд, ки 1 тонна пахтаро фючерҳо аз мо $400-500 мехаранд ва ин нарх хароҷоти солонаи мо-шудгоркунӣ, чапаркунӣ, кишткунӣ, нармкунӣ (култиватсия), чобуқ, озуқадиҳӣ, обмонӣ, заҳрхимикатпошӣ, ҳосилғундорӣ, интиқол (транспортировка), андозбандӣ, маош ва ғайраро намепӯшонад. Дар Қонуни ҶТ оид ба хоҷагии деҳқонӣ омадааст, ки хоҷагидор ҳам дар интихоби зироат вобаста ба манфиати иқтисодиаш ва ҳам дар харидорёбию ба фурӯш баровардани он мустақил аст. Бояд ҳамин хел ҳам бошад. Қонунгузор ба касе ҳақ надодааст, ки ин ҳуқуқҳои деҳқонро поймол кунад. Раҳбарияти кишвар дар чандин баромаду вохӯриҳояш ба олимони ин соҳа ибрози ақида ва нигаронӣ намуда буд, ки ин қадар олимони зиёд, институтҳои тадқиқотии соҳавӣ ва шароиту лавозимоти беҳтарин дорему пахта ва дигар зироатҳои серҳосилу ба шароити кишвар мутобиқкардашуда кам. Кайҳо вақти он расидааст, ки олимони соҳибунвони кишвар аз пайи ин камбудиҳо шаванд.



Хулоса: Пахта, пахта, ҷон пахта?
Пахта ва пахтакорӣ дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин ба шумор мерафт, чунки он замонҳо маводи лозимӣ, аз қабили сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ нархи арзон доштанд. Техника ва пору, яъне нуриҳои минералӣ аз худи хоҷагиҳо мебаромад. Аз ин рӯ, қисми зиёди хоҷагиҳои пахтакории кишвар миллионер буданд, яъне миллионҳо рубл ҳамасола фоида мегирифтанд ва ин маблағҳо барои пӯшонидани ҳамагуна хароҷот басанда будӣ. Ҳамчунин хоҷагиҳои пахтакор барои хизматрасонии даҳҳо ташкилоту идораҳо, ба мисли хоҷагии об, муассисаҳои сохтмонӣ, шуъбаи маданият, ҷамъияти дониш, ҷамъияти дӯстдорони китоб миллионҳо рубл ҳамасола ёрии пулӣ мекарданд. Ҳоло ягона заводи нуриҳои азотии Вахши Лаваканд (собиқ Калининобод) даҳсолаи дуюм аст, ки аз кор мондааст. Нуриҳои минералӣ, маводи сӯхт ва молиданӣ, заҳрхимикатҳо аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ворид мешаванд. Хоҷагиҳои хурд бошанд трактору дигар техникаҳои лозимиро иҷора гирифта истифода мебаранд. Ин ҳама омилҳоеанд, ки ба болоравии арзиши аслии маҳсулот ва камшавии фоида мусоидат мекунанд. Болои сӯхта намакоб, фючерҳо, яъне харидорони маҳсулот бо ҳар баҳонаҳои ба худ хос пахтаро бо пасттарин нарх мехаранд. Ҳоло миш-мишҳо ҳаст, ки дар оянда заводи нуриҳои Вахш (ВТЗ) ба кор медарояду нуриҳо арзон мешаванд. Лекин метарсем! Барои он ки 10 сол пеш арзиши 1 қопча сементи хориҷӣ дар Тоҷикистон 35-40 сомонӣ буду ҳоло, ки чанд семзаводи ватанӣ дорем, ҳамон нарх боқӣ монду 1 дирам ҳам арзон нашуд!!!

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, н.Кӯлоб

Чоршанбе, Июл 25 2018


   Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки ширкати чинии «Хэнан Чжун», сармоягузори корхонаи  «Нуриёи Осиё» (собиқ “Тоҷик Азот”)-и шаҳри Левакант, пешина Сарбанд, ки истеҳсоли карбамидро роҳандозӣ мекунад, мебошад. Ин ширкати чинӣ  аз аввали соли ҷорӣ бояд кор шурӯъ мекард, мутаассуф то ҳол шурӯъ накардааст. Роҳбарияти ин ширкати чинӣ ваъдаи доданд, ки  аз моҳи августи соли равон ин корхона ба фаъолият шурӯъ мекунад.
   Ба гуфтаи Давлатшо Гулмаҳмадзода, ҳукумати вилоят барои чораҷӯӣ нисбати сармоягузорон салоҳият надошта, ба ин масъала бояд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ машғул шавад, зеро онҳо ин сармоягузорро интихоб кардаанд. Раиси вилоят қайд кард, ки Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дастур додааст, ки агар моҳи август дар корхонаи мазкур истеҳсолот ба роҳ монда нашавад, шартнома якҷониба бекор шуда, бо дигар сармоягузор шартнома баста хоҳад шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 42 аз 70

Китобҳо

Flag Counter