Ҷамшед Зиёев-собиқ раиси бонки тиҷоратии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта шоми 25 апрел аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт ва ҳоло дар СИЗОи муваққатии н.Шоҳмансур қарор дорад. Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад. Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.
Дар бораи ин осоишгоҳ, ки имрӯз таблиғаш аз шабакаҳои телевизионии мамлакат канда намешавад, навиштанӣ набудам. Шояд барои мо-шаҳриён чунин имконият ғайри қобили қабул аст, аммо барои аксарият, ки аз музофот барои табобату истироҳат ба «АВИС-Сити» меоянд, шояд писанд уфтад. Пеши худ гуфтам, ки 1 шаб боке нест ва он зуд мегузарад, лек муносибати аз ҳад беш дағалонаи маъмурияти осоишгоҳ субҳи рӯзи дигар маро маҷбур сохт дар бораи 15 соати дар «АВИС-Сити» буданам чанд мушоҳидаамро бигӯям.
Исми ӯ дар таърихи ноҳия сабт шуд!
Сафарам ба ноҳияи Ховалинг ғайричашмдошт сурат гирифт. Дӯстам, ки пас аз чанд соли дурӣ аз Ватан ба Тоҷикистон баргашта, ният кард ба зиёрати мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ба Ховалинг равад, аз ман хост, дар ин сафар ҳамроҳӣ намоям. Зуд розӣ шудам, зеро дар ин сафар метавонистам ҳам аз мавзеҳои таърихии ин маҳал зиёрат кунам ва ҳам дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» ба қабули Мирзозода Нурулло Абдулҳай-раиси н.Ховалинг аз наздик ошно гардам. Бо ин ният рӯзи 21.02.2018, соати 13:00 дақиқа аз пойтахт ба роҳ баромада, пас аз 4 соат ба маркази шаҳраки Ховалинг расидем. Ба хотири он, ки мазори ҳазрати Султон Увайс аз маркази Ховалинг дар фосилаи 20 км ҷойгир буду барфи зиёд ҳам дар ин роҳ боридааст, тасмим гирифтем ба зиёрат субҳи рӯзи дигар равем. Дӯстам тасмим гирифт то шом ба тамошои шаҳрак барояд, ман бошам сӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Ховалинг роҳ пеш гирифтам.
Раис-деҳқон
21.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 17:00 дақиқа. Бе ягон монеа ва пурсуҷӯ то қабулгоҳи раиси ноҳия даромадам. Худро муаррифӣ намуда, дар интизори қабул нишастам. Раиси ноҳияро то ин дам намешинохтаму дар борааш маълумоти беш надоштам, фикр кардам шояд маро дар ин вақти берун аз кор қабул накунад ва омаданам ҳам хатост. Дар во шуду чанд тан баромаданд. Ҷавонмарде дар тан либоси одии саҳроӣ сӯям нигариста пурсид: «Шумо ба назди ман?», дар ҷавоб гуфтам: «Бале, аммо назди шумо не, назди раис!». Он мард хандида маро ба утоқ даъват намуда гуфт, одами мекофтаам ӯст. Барои ман чунин бархӯрду пешвоз, хосса, рафтори хеле ҳам самимии Мирзозода Нурулло ғайриинтизор буд.
Ҳудуди 1 соат бо раис сӯҳбат кардем. Ӯ беш аз 4 сол роҳбарии ин ноҳияро бар дӯш дошта, дар ин муддат тавонистааст хеле корҳоро оғозу анҷом диҳад. Раис дар бораи рушду ривоҷи соҳаҳои гуногун сар аз рушди маҳал то кашидани хати об ба деҳоти дурдаст, тақсимоти замин, пешрафти кишоварзӣ, бунёди пулҳову мактабҳо, иншоотҳои барои мардум ҳаётан муҳим ва нақшаҳои худ барои ояндаи наздик сӯҳбат кард.
-Дар ин фурсате, ки дар Ховалинг меҳмонед, боз ҳам имкон доред фаровон бубинед, бо мардум сӯҳбат кунед. Ховалингиҳо меҳмондӯстанд. Агар мушкиле ояд ба ман хабар диҳед, - гуфт раис дар фарҷоми сӯҳбат. Ман аз Мирзозода барои қабул арзи сипос намуда, баромадам.
Ховалинге, ки нашинохтам!
Ба Ховалинг 5 сол пеш бо 1 сафари кӯтоҳ омада будам. Он замон маркази ноҳия ба назарам тангу торик намуд. Имрӯз ман маркази ноҳияро нашинохтам! Кӯчаи марказӣ дар идомаи роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг таҷдид шуда, тавассути батареяҳои офтобӣ шабҳо чароғон аст. Рӯбарӯи бинои ҳукумати ноҳия боғи хеле зебо бо номи «Боғи Ҷавонон» бунёд ёфтааст, ки он то майдони назди муҷассамаи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ тӯл мекашад. Гулу гулгаштҳо, курсиҳои наву замонавӣ ва аз ҳама муҳим фаввораҳо бунёд шуда, дар фасли тобистон мардуми шаҳрак шомгоҳон маҳз атрофи ҳамин фаввораҳо истироҳат мекунанд. Чизи дигаре, ки хушам омад, ин бунёди боғи дилхушии кӯдакон буд, ки он ҳам ба тозагӣ сохта, барои бозии кӯдакону наврасон атраксионҳои замонавӣ оварда, насб кардаанд. Чунин атраксионҳоро дигар дар ягон шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон надидаам. Мардум мегӯянд, ин ҳама заҳмати РАИС аст. Маҳз пас аз омадани ӯ Ховалинг, бе вежа, маркази он симои хешро билкулл иваз кард!
Чилчанор обод шуд!
Бо ташаббус ва ибтикори Мирзозода мавзеи Чилчанор, ки он низ таърихи куҳан дорад, шукуфта, айни замон ҷои дӯстдоштаи мардум, хосса, пиронсолони Ховалинг аст. Чилчанор, ки дар ҳар давру замон макони истироҳату фароғат ва дилхушии ҷавонон буд, маҳз бо азми раис таъмиру таҷдид ва фаввораҳои нав сохтаву гирдаш бо нимдевор гирифта шуд. Рӯи ҳар 1 ҳавзи ин фаввораҳо кат гузошта, рӯзҳои иду айём мӯсафедон рӯяш хон густурда менишинанд.
Баландошёнаҳо қомат меафрозанд
Дидани биноҳои баландошёна дар маркази шаҳраки Ховалинг низ бароям хушу ғайричашмдошт буд. Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон биноҳои истиқоматии 5-7 ошёнаро мебинам, аммо дидам! 1 бинои 5-ошёна аллакай бунёд ёфта, рӯзҳои наздик бояд пурра ба истифода дода шавад. Ошёнаи 1-уми ин бинои 5-табақаро маркази муосири савдо ва хизматрасонӣ ташкил дода, ошёнаи 2-юмаш меҳмонхона аст. Сохтмони 2 бинои дигари 7-ошёна низ шурӯъ гашта, ошёнаҳои аввалаш марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад шуд. Сокинон мегӯянд, онҳо низ ҳеҷ гоҳ бовар надоштанд, дар ноҳия биноҳои бисёрошёна қомат афрохта, марказҳои муосири савдо пайдо хоҳанд шуд. Дар ҳамаи ин ободонӣ ва созанда саҳми соҳибкорони маҳаллӣ кам нест. Мирзозода зимни вохӯрӣ таъкид карда буд, ки дар тамоми ободкории ноҳия саҳми тоҷирону соҳибкорон бориз аст. Воқеан ҳам онҳо дар паҳлӯи раис баҳри сарсабзии ин гӯшаи Ватан кӯшиш ба харҷ додаанд.
Пуле, ки дар таърих монд!
Соат бо вақти Ховалинг 19:00 дақиқа. Ману дӯстам дар меҳмонхонаи ноҳия ҷой гирифта, хӯроки шомро низ ҳамонҷо супориш додем. Сари дастархон бо чанд зани пиронсоли шаҳрак, ки барои дидори меҳмонони пойтахт омадаанд, хеле сӯҳбат кардем. Пиразанҳо бароямон перомуни боз 1 амали неки Мирзозода Нурулло қисса карданд, ки нагуфтани он барои хонандагони газетаи СССР гуноҳ аст. Дарёи Ёхсу якчанд деҳоти ҷамоати Лоҳутии ноҳияро аз маркази Ховалинг тайи солҳои тӯлонӣ ҷудо мекарду роҳи ягонаи мардуми рустоҳо бо ҷаҳони муосир тавассути 1 аробача, ки дар он танҳо 2 нафар ҷой мегираду хати канат буд, яъне аробачаи ба канат басташуда, тӯли 95 соли охир (70 соли шӯравӣ ва 25 соли истиқлолият!!!) мардумро рӯи дарёи пурталотум кашида меоварду мебурд.Мардум маҷбур арӯсу домод, мурдаву зиндаи хешро аз хати канат мегузаронданд. То ҳатто хати канат ҳангоми убури мусофирон борҳо канда шуда, чандин нафар ба дарё сарозер шуда, фавтидаанд! Раис пас аз огоҳ шудан аз вазъ, шахсан тавассути ин аробача аз рӯи дарё гузашта, бо мардум сӯҳбат карда, қавл медиҳад, ки дар ин макон ҳатман пули ҳозиразамон хоҳад сохт. Он замон мардум ба раиси нав бовар намекарданд, бархе ҳатто бо писханд мегуфтанд: Раис азми кореро кардааст, ки ҳукуматдорони даврони шӯравӣ натавониста буданд ва ин кори ношуданист. Лек ин кори воқеан ҳам мушкил ҷомаи амал пӯшид! Пул сохта шуд! На танҳо он, балки боз 1 пули дигарро раис бунёд намуд, ки сокинони деҳаи Ғаффор Мирзо солҳои тӯлонӣ дар орзуяш буданд. Раис ба ваъдааш вафо кард! Номи Мирзозода дар таърихи Ховалинг сабт шуд. Браво, раис!!!
Проблемаи замину об нест!
Чуноне ки сокинон мегӯянд, дар Ховалинг проблемаи дастрасӣ ба замину оби ошомиданӣ вуҷуд надорад. Масоҳати умумии ноҳия 173,8 ҳазор га-ро ташкил медиҳад, шумораи аҳолӣ бошад беш аз 55 ҳазор нафар. Ин аст, ки сари ҳар 1 сокин-чӣ хурду чӣ калон, бештар аз 3 сотих замин аллакай ҳаст. Деҳқонони Ховалинг низ аз набуди замини кишт танқисӣ надоранд-замини корам хеле зиёд асту барзгарон ба кишт шурӯъ кардаанд. Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар Ховалинг рушд кардааст. Мардум аз оби мусаффои чашмаҳои кӯҳӣ ва зеризаминӣ фаровон истифода мебаранд. Оби чашмаҳо тавассути қубурҳо ба дурдасттарин деҳаҳои ноҳия кашида шуда, мардум аз норасоии об мушкил надоранд. Ховалингиҳо мегӯянд, онҳо софтарин оби дунёро менӯшанд! Ва ин даъво дурӯғ нест...
Раиси умедбахш
Соҳибкорону туҷҷори маҳаллӣ аз Мирзозода Нурулло барои таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ миннатдоранд. Зеро маҳз бо омадани ӯ омилҳои зиёде, ки садди роҳи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ховалинг мегашт, алалхусус, монаеҳои сунъӣ аз байн бардошта шуда, барои соҳибкорон имкони нави фаъолият фароҳам омад. Ширкатҳои бузурги саноатӣ ва истеҳсолӣ, хосса, коркарди тилло, ки дар маҳалли дурдасти Шугнов ҷойгиранд, бо нерӯи нав истихроҷи тиллоро афзуданд. Пардохтҳои давлатие, ки корхонаҳо ва ширкатҳои номбурда тавассути вилоят ба буҷаи давлат мепардохтанд, баъдан ба воситаи мақомоти марбутаи ноҳия ба роҳ монда шуд, ки ин аз тарафи соҳибкорон хеле хуб пазироӣ гардид. Корбарӣ, таҳлилу нақшагузории дуруст аст, ки имрӯз муаллиму духтур дар Ховалинг сари вақт маош гирифта, ноҳия аз пардохти андозҳои давлатӣ ва фонди нафақа қарздор нест!
Зимистони ҳақиқӣ дар Ховалинг
22.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 8:30 дақиқа. Пас аз хӯрдани субҳона ва пайдо кардани мошини кироя ману дӯстам аз маркази шаҳраки Ховалинг сӯи мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ роҳ пеш гирифтем. Ҳар қадар ба мазор наздик мешудем, ҳамон қадар зимистон низ ба мо наздик мешуд. Ба ҳадде барф борида буд, ки дар баъзе ҷойҳо ғафсии он бе муҳобот то ба 1 метр ҳам мерасид. Мо-душанбегиҳо, ки имсол замистони хақиқӣ ва барфро ба «серӣ» надида будем, кӯдаквор шодӣ карда, худро болои барф партофтем. Пас аз зиёрати мазор сӯи Дараи Мухтор-зодгоҳи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ роҳ гирифтем. Дидани хона-музейи Восеъ, ҳамон ҷувози таърихии он ва ошноӣ бо аберагони бобои Восеъ, хеле диданӣ ва хотирмон буд, ки дар шумораҳои баъдӣ дар ин хусус бештар хоҳам гуфт.
Соат бо вақти Ховалинг 12:00 дақиқа. Ба маркази ноҳия баргашта, дар ҷустуҷӯи мошин ба сӯи пойтахт шудем. То ҷамъ шудани мусофирон ба бинои ҳукумати ноҳия даромада, хостам бо раис Мирзозода Нурулло Абдулҳай хайрухуш намоям. Гуфтанд, раис ба кадом деҳаи дурдасте рафтааст, то ин ки бо мардум дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзад. Ман бори дигар арзи сипоси хешро ба раис расонида, озими Душанбе шудам. Офарин, раис! Ховалингро хеле обод кардааст! Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Ховалинг-Душанбе,
21-22.02.2018
Камбудиҳои роҳи Айнӣ-Панҷакентро, ки то ҳол сохтмони онро комиссияи ҳукуматӣ қабул накардааст, бо вуҷуди супоришҳои Президент ва таъкидҳои Вазорати нақлиёту Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар пудратчиёнаш ислоҳ накардаанд. Гарчанде аз анҷоми сохтмони роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент 1 сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳол дар ин масир камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Масъулини вазорати Нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ ва ширкати «Синзиан Бейсин»-и давлати Чин, ки масъулияти сохтмони роҳ ба зимаи онҳо буд, мегӯянд роҳ аз рӯи сифати стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст. Аммо коршиносон ба ин гуфтаҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, роҳе, ки агар аз рӯи стандарти ҷаҳонӣ сохта шуда бошад, чаро рӯ ба вайроншавӣ овардааст?
Аврангзеб Худойбердиев-сокини ш.Панҷакент, ки борҳо бобати камбудиҳои роҳ ба сохторҳои дахлдор шикоят кардааст, мегӯяд, соли гузашта қисмати ин роҳ дар мавзеи Урметани н.Айнӣ фурӯ рафта буд. Ҳоло бошад баъзе минтақаҳо, аз ҷумла, дар километри 107-ум, роҳ ба пайдо кардани тарқиш шурӯъ кардааст. Аврангзеб мегӯяд, камбудиҳои зиёд, ба хусус, дар минтақаи наздимарзии роҳ ҷой дорад. Дар ҷамоати Саразм, дар роҳи калон, назди баъзе аз деҳаҳо рӯшноӣ нест, ҷӯбор сохта нашудааст, роҳи пиёдагард нест, аломатҳои номи деҳаҳо нест, дар баъзе аз пулҳо васоити ҳимоя аз сел ва дигар корҳо то ба имрӯз ба анҷом расонида нашудааст.
Сокинони Панҷакент мегӯянд, дар ҳоле, ки кушодашавии гузаргоҳи Ҷартеппа-Саразм ва ташрифи меҳмонон ба Панҷакент дар назар аст, камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар ислоҳ гардад. Дар масъалаи саҳланкориҳои роҳсозони роҳи мазкур даҳҳо матлабҳои интиқодӣ дар матбуот, аз ҷумла, дар газетаи мардумии СССР ба нашр расида, даҳҳо камбудиҳои дар сохтмон ҷойдоштаро коршиносон зикр ҳам кардаанд, аммо на ҳамаи он нуқсонҳо то ба имрӯз бартараф шуданд. Ҳини ба истифода додани роҳи Айнӣ-Панҷакент ҳам моҳи октябри с.2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «ҳоло роҳ пурра ба истифода дода нашудааст ва 1 сол мӯҳлати кафолат дорад. Аз ин рӯ, нависед гӯед, камбудиҳояшро масъулин ислоҳ мекунанд».
Мо гуфтем! Ислоҳ намекунанд!!!
Менеҷери роҳи мазкур Анзур Раҷабов бо гузашти 2 сол камбудиҳои ҷойдоштаро иҷро накардааст. Магар амали Раҷабову ширкати «Синзиан бейсин» писанд накардани қонунгузории Тоҷикистон нест?
Дарозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки ҳудуди 114 км аст, бо маблағи 114 млн. доллари амрикоӣ, санаи 27.10.2012 бо ширкати президенти кишвар маросими таҷдиду азнавсозиаш оғоз шуда буд. Аз он 100 млн. доллари амрикоӣ аз Бонки Осиёии Рушд ҳамчун грант ва боқимонда қарзи Фонди ОПЕК ва ҳиссаи Ҳукумати ҶТ аст. Ҳангоми оғози кори сохтмон гуфта мешуд, ки бар асоси нақшаи пешбинишуда паҳнои роҳи таҷдидшаванда аз 12 то 15 ва дар дохили ш.Панҷакент 20 метрро ташкил дода, ҳаракати чорқатораи нақлиёт ва сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд. Аммо ин гуфтаҳо дар баъзе қитъаҳо на иҷро шуд ва ягон гузаргоҳи зеризаминӣ ҳам бо вуҷуди таъкиди сарвари мамлакат сохта нашуд. Ба иттилои масъулини ҳукумати ш.Панҷакент ҳоло комиссияи давлатӣ роҳи мазкурро қабул накардааст ва бояд то қабули роҳ ширкати роҳсозӣ камбудиҳоро ислоҳ намояд.
Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР
Салом, редаксияи азиз! Дар газетаи СССР (№33, 17.08.2017) мақолаи журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор "Мо нафақахӯр не, зиндадаргӯрем!"-ро хондам, ки айни муддаост ва дар байни одамон боиси муҳокимаю дастгирӣ шуд. Нависанда арзи дили нафақахӯрони зиёдеро, ки солҳои тӯлонӣ барои халқу Ватан содиқона хизмат намуда, имрӯз бо нафақаи ночиз ҳаёти вазнинеро аз сар мегузаронанд, ба вакилони мардумӣ расондааст. Аламовараш он аст, ки роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо шарм надошта, ба чашми кормандони шоистаи худ, ки солҳо номбардори коргох буданд, нигариста, мегӯянд:
"Шумо нафақа баромадед, аз кор озод!".
Куҷо шуд қадршиносию одамгарии Тоҷиконаи мо? Магар инсон ҳам дар пирӣ чун 1 ашёи нолозим ба кунҷе партофта мешавад? Агар ӯ ақаллан ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ нафақа мегирифт, шояд он вақт кор накарда, дами пирӣ меронд. Ку ҳақиқату адолат? Оне, ки хизмате накардааст ва оне, ки солҳо заҳмат кашидааст, ҳар 2 баробаранду 200-240 сомонӣ нафақа мегиранд?! Ин ба тарозуи ақл рост намеояд. Кош, ба ҷои ин қадар мактабҳои олӣ бештар корхонаҳои истеҳсолӣ месохтему мардумро бо кори доимӣ таъмин мекардем, шояд сатҳи зиндагиамон беҳтар мешуд.
Соли 2019-Соли пирон…
Ташвишовараш он аст, ки баъзе роҳбарони корхонаю муассисаҳо ба қадри мутахассиси хуб нарасида, "имсол соли ҷавонон"-ро дастак карда, ба иззати нафси калонсолон мерасанд ва захираҳои тиллоии ҷомеаро бо ҷавонони чаласаводи бетаҷриба иваз намуда, оқибаташро андеша намекунанд. Боиси афсӯс аст, ки баъзе ҷавонон саводу маҳорат ё хоҳиши кор кардан надоранд. Шояд сабаб дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил кардани донишҷӯён, ё ба "маршировкаҳои" тӯлонӣ банд шудани эшон бошад? Агар устодони пуртаҷриба дасти онҳоро нагиранд, пас ба онҳо кӣ роҳ нишон медода бошад? Ин ҷо бояд андеша кунем, ки чаро давлати Сосониён шикаст хӯрд? Шояд мақоли хуби "1 мард пас аз 40 сол ба воя мерасад"-ро шиор карда, соли ояндаро соли нафақахӯрон, ё калонсолон эълон намоем?
Мӯҳтарам вакилони мардумӣ! Аз шумо эҳтиромона хохиш дорем, оид ба мақолаи А.Абдуқаҳҳор, ки дар симои 1 нафақахӯр рӯзгори 100-ҳо нафарро мисол овардааст, чораи зарурӣ андешед!
Майсара Шералӣ
омӯзгор
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар