ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 15 2018


Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки аз ҳамроҳшавӣ ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бурд карда, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва содироти барқро ба даст меорад.
- Гуфтушунид дар бораи дубора ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ айни замон идома дорад. Имрӯз коршиносон дар бораи зарару фоидаи ин амал зиёд мегӯянду менависанд, аммо ман мехоҳам таъкид намоям, ки аз ҳамроҳшавӣ ба системаи ягонаи энергетикӣ Тоҷикистон бурд мекунад, зарар не. То ба имрӯз системаи энергетики Тоҷикистон ба таври автономӣ кор мекунад, агар ба системаи ягона ҳамроҳ шавем, он гоҳ садамаҳо дар хатҳои интиқоли барқ ва талафотҳо ба маротиб кам шуда, доду гирифти нерӯи барқ ва сифати он меафзояд. Тавассути ин система мо метавонем дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя барқи бар изофаро фурӯшем ва аз ин фоида ҳам ба даст биёрем, - гуфт Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Бояд қайд намоем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон бидуни огоҳӣ аз системаи ягонаи энергетики Осиёи Марказӣ баромада, бо ин амал кишвари моро, ки ба воситаи Ӯзбекистон ба ин система шомил буд, бидуни барқу равшанӣ гузошта буд.

СССР

Ҷумъа, Фев 09 2018


Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар фаъолияти ояндаи 2 бонки мушкилдори кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”- ро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар бораи ояндаи онҳо масъалагузорӣ мекунад.
- Мо ба ҳукумати кишвар роҳҳои нави ҳалли мушкилоти ин 2 бонкро ҳам пешниҳод кардем ва ҳоло он мавриди таҳқиқ  ќарор гирифтааст. Дар тӯли соли 2017 новобаста аз вазъи на он қадар хуби молии хеш, инҳо тавонистанд баъзе аз пешниҳодоти қаблии БМТ- ро иҷро намоянд, аммо шарти асосӣ-ҷалби сармояи иловагиро натавонистанд иҷро кунанд. Ҳоло бонкҳо ба фурӯши амволи худ шуруъ намудаанд ва тадриҷан бо мизоҷони хеш тасвияи ҳисоб мекунанд,- афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

СССР


Ҷумъа, Фев 09 2018


Бонки миллии Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани хазинаи тиллоии хеш дар соли 2017  3 тонна тилло харидааст. Бино ба итиллои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ, тиллои мазкур аз корхонаҳои ватание, ки бо истихроҷи он машғуланд, харидорӣ карда шуда, захираи тиллоии Тоҷикистон дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон маҳфузанд.
Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31.12.2017 14,6 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 11,7 миллиард сомониро ташкил дод.

СССР

Ҷумъа, Фев 09 2018


Бӯҳрон ва садамаҳои 3 соли охир дар соҳаи бонкдорӣ боиси бекор шудани беш аз 2500 нафар мутахасссиони ин бахш дар кишвар гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод.
Бино ба итиллои эшон, ба ғайр аз ин дар муддати 3 соли охир фаъолияти 55 ташкилоти қарзӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, қатъ гардида, ин ташкилотҳо барҳам хӯрданд.

СССР

Панҷшанбе, Фев 08 2018


Сафари ман ба н.Восеъ ғайричашмдошт сурат гирифт. Ҳафтаи гузашта бо супориши редаксия барои баррасии 1 шикоят ба ш.Кӯлоб рафта будам, вақти баргаштан Шоҳрух Ҳалимов-омӯзгори ҷавон, сокини ҷамоати ба номи Рӯдакии н.Восеъ, мухлиси газетаи мардумии СССР занг зада, аз ман хоҳиш намуд, ки ҳангоми бозгашт 1 рӯз дар Восеъ истода, меҳмони ин диёр шавам. Бо Ҳалимов борҳо тавассути телефон сӯҳбат карда бошам ҳам, аммо ӯро надида будам.
Субҳи рӯзи 26.01.2018, соати 9:00 ӯ маро дар даромадгоҳи шаҳраки Восеъ интизор буд. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар буда, дар мактаби №28-и ҷамоати ба номи А.Рӯдакӣ ба толибилмон аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медиҳад. Пас аз аҳволпурсӣ даъват намуд, ки ба тамошои шаҳраки Восеъ ва ҷамоати Рӯдакӣ биравем ва ман низ ин даъватро қабул кардам… Мо Метавонем!

саҳ 47 аз 70

Китобҳо

Flag Counter