ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 07 2017


Агентии иттилоотии “Фарғона” хабар медиҳад, сайёҳон аз Русия, Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири ҳамсояи Осиёи Марказӣ, ки вориди Ӯзбекистон мешаванд, наметавонанд, расман пули миллии худро бо асъори ӯзбакӣ иваз кунанд. Дар ин сурат танҳо имкон доранд, ки пули нақди доллари ИМА, евро, фунти англисӣ, франки швейцарӣ ва йени ҷопониро бо худ дошта бошанд ва онро бо пули ӯзбакӣ мубодила кунанд. Айни замон, Бонки марказии Узбекистон қурби расмии сӯм-пули миллии ин кишварро якбора 93% паст фароварда, 8100 сӯм барои 1 доллар муқаррар кардааст. БМӮ гуфтааст, аз ин ба баъд қурби расмиро ҳамчунон ҳар рӯзи душанбе, вале акнун бар асоси натиҷаҳои мубодилаи асъори хориҷӣ дар биржа муқаррар хоҳад кард. Зимнан, БМӮ бори аввал қурби расмии сӯм дар баробари пули миллии Тоҷикистонро низ муқаррар кардааст.  1 сомонӣ бар асоси қурби расмӣ 920,45 сӯм арзиш дорад.
Вале аҷобати кор дар ин ҷост, ки ҳарчанд пули Тоҷикӣ умуман дар ҳамсоякишвар дар гардиш надошад ҳам, бозорҳои мо аллакай аз молу коло ва мошинҳои ӯзбакӣ пур шудан дорад. Сарояндагони ӯзбак низ толорҳои Душанберо охурча кардаанд ва ин дар ҳолест, ки 1 сарояндаи Тоҷикро ба ин кишвар роҳ намедиҳанд. Боз шумо мегӯед, ки қарсак аз 1 даст намешавад. О, мана мешудааст-ку?!




Панҷшанбе, Авг 17 2017


Чаро масъулини ш.Қӯрғонтеппа наметавонанд нархи сӯзишвориро ба 1 тартибу низоми доимӣ дароранд!? Соҳибкорони шаҳр пештар баҳона мекарданд, ки дар пайи тармафароиҳои зиёд ва барои чанд муддат баста будани роҳи Душанбе-Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Имрӯз нархи 1 литр бензини навъи АИ-95 ба 6,80-7сомонӣ расидааст. Ронандагони мусофиркаши ш.Қӯрғонтеппа мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ кори онҳоро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Салоҳиддин Мирзоев-ронандаи нақлиёти мусофирбар гуфт, ки ман аз Раёсати зиддиинҳисорӣ иддао дорам, чаро нархи сӯзишворро танзим намекунад? Агар аз ӯҳдаи фаъолияти кориашон намебароянд, чаро ин корхонаро аз байн намебаранд? Ман оиладор ва иҷорашинам, зиндагиро бо кирокашӣ пеш мебарам ва пас аз боло рафтани бензин аз 1 бурида нон ҳам хоҳем монд. Ясриби Карим-коршинос мегӯяд, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ маводи сӯхт фаровон аст, аммо онро захира мекунанду барои фурӯш кам мебароранд. Хосса, дар ҳолатҳои изтирорӣ ва фавқуллода нархи маводи сӯхтро дучанд карда ба бозор мебароранд. Маълум аст, ки аз чунин амал на танҳо ронандаҳо зарар мебинанд, балки пайдарпай гарон шудани нарх ба роҳкиро низ таъсир мегузорад. СССР барои равшанӣ андохтан ба ин мушкил, ки тайи 1 ҳафтаи охир сокинони ш.Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи онро нигарон кардааст, тавассути телефони 83222 2 53 58 ба маъсули Раёсати зиддиинҳисории шаҳр Б.Давлатов муроҷиат намуд, аммо касе аз ин ниҳод нахост бо журналист ҳамсӯҳбат шуда, мавзӯро шарҳ диҳад.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Авг 04 2017


Дар шароити бӯҳрони пулӣ, норасоии нақдина, замоне ки Банкоматҳои Амонатбонк ба корти мардум ҳаққи ҳалолашонро ҳатто дар пойтахт намедиҳанд, чигуна мешавад, ки Бонки №1 ба одамони тасодуфӣ беш аз ним миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок диҳад? Қаллоб-ку суд шуд, аммо пули давлатро ким мегардонад? Суоли матраҳ ин аст, ки чанд нафар Амонатбонкро «гӯл зада, пул гирифтааст» ва кормандони он оё ба ин авомфиребӣ ҳамдаст нестанд? Ва аз ҳама муҳимтар, чаро раҳбарияти Амонатбонк аз чунин қазияҳо механизми ҷилавгириро то ҳанӯз кор накарда бошад? Ин ҷо зери коса чӣ нимкосаест?

Чоршанбе, Авг 02 2017


Дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 645,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Чуноне ки Мирзо Исмоилзода зикр намуд, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи  барқ дар нимсолаи 1-ум ширкат дар ҳаҷми 1310,8 млн.кВт.соат энергияи барқро асосан аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, дар шашмоҳаи якуми соли 2017 тарифи миёна барои 1 кВт.соат энергияи барқи истифодашуда 15,50 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дирам зиёд мебошад.

СССР

Ҷумъа, Июл 28 2017


Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, майдони кишт ва ҳосили картошка давоми 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи 1 соли пеш 23% коҳиш ёфтааст: “Аз 836 ҳазору 916 га замини киштшуда 30 ҳазору 375 га (4,8%)-ро картошка ташкил медиҳад”. Ба ҳисоби Агентии омор давоми 6 моҳи соли равон нархи картошка 1,7 баробар гарон шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе сокинони кишвар мегӯянд, имсол арзиши 1 кг картошка то 5 сомонӣ боло рафт ва картошкаи тухмиро ҳатто бо қиммати 8 сомонӣ ҳам пайдо накарданд.

саҳ 52 аз 70

Китобҳо

Flag Counter