ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 25 2017


Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба радиои Озодӣ кушода шудани делоҳои ҷиноятӣ ва боздошти "чанд нафар кормандони Агентӣ”-ро тасдиқ карда, ӯ гуфтааст, ба хотири "халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор ғайриимкон мебошад.” Султонзода дар ин посухи расмиаш ҳамчунин гузоришҳои нашршуда дар бораи ёфт шудани маблағҳои бузург дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои мансабдорони боздоштшудаи ин ниҳодро рад кардааст: "Ҳамзамон бояд қайд кард, ки маълумотҳои дар васоити ахбори омма нашршуда, алалхусус оиди дарёфти маблағи пулии 35 млн. доллари ИМА аз хонаи модари Хайрзода д., 1 млн 300 ҳазор доллари ИМА ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии Холмуродзода Ф., халтаҳои пур аз маблағ, тилло ва сангҳои қимматнок аз бункери Ниёзбадалов (Абдуғаффорзода) Ф. ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов асоси воқеӣ надоранд.” Ин нахустин шарҳи расмии Агентии мубориза бо коррупсия дар бораи делоҳои ҷиноятӣ ба зидди мансабдорони дар гузашта баландпояи ин ниҳод баъди беш аз 1 моҳи ибтидо аз мақомҳояшон барканор ва сипас боздошт шудани ин нафарон аст.

 

Душанбе, Май 22 2017


Овоза ҳаст, ки гӯё дар Панҷакент эпидемияи муриши чорво паҳн гардида, ба сабаби ин беморӣ чорвои зиёд  талаф ёфтаанд. Овоза мегӯяд, ин беморӣ асосан дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва деҳоти он паҳн шуда, дар ҳар деҳа қариб 50 чорвои хурду калон мурдаанд. Дар ҳамин ҳол Шодмонов Қурбонбой-сардори идораи бойтории ш.Панҷакент дар сӯҳбат ба СССР гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғ буда, танҳо дар ҷамоати Рӯдакӣ 10-12 чорво талаф ёфтаанд, ки ин ҳам бошад бо гуноҳи худи мардум аст. Зеро онҳо саривақт ҳайвонҳои худро ваксинатсия (эмкӯбӣ) намекунанд. Ҳамчунин Фармонов Эгамбердӣ-раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ низ гуфт, ки ҳамагӣ 10 чорво мурдаасту халос ва дигар барои пешгирии талафи чорво корҳои профлактикӣ рафта истодааст.


Хуршед Фозил,
Панҷакент

Чоршанбе, Май 17 2017


ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дар назди ширкат қарзҳои ҳангуфт доранд ва бо гузашти муддати зиёд аз пардохти он саркашӣ мекунанд.
Илҳомҷон Соҳибов, раиси ширкати мазкур дар 1 сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки то ба имрӯз қарзи 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» то ба 184 миллион сомонӣ расидааст ва бо сабаби конвертатсияи асъори хориҷӣ, ширкат алакай 18 миллион зарари молӣ низ дидааст.
- Мо маводи сӯзишворӣ, хоса керосини аълосифатро аз Русия бо пешпардохт харидорӣ менамоем, зеро бо пешпардохт қиммати сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Мо айни замон дар масъалаи пардохт бо ягон ширкати хориҷӣ мушкил надорем, проблема асосии мо имрӯз ин сари вақт пардохт накардани қарзҳо аз тарафи ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» мебошад. Новобаста аз реҷаи имтиёзноки пардохти пули сӯзишворӣ, ин 2 ширкат ҳоло тамоман маблағ пардохт намекунанд ва ин зарари ҷиддӣ ба самти фаъолияти кории мо ҳам зада истодааст,- таъкид дошт Илҳомҷон Соҳибов.



Канӣ, монополия!?
Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ширкати «Сомон эйр» азонҳо маводи сӯзишворӣ намегирад ва ҳавопаймоҳои хатсайрҳои он дар шаҳрҳои Бишкеку Чимкент ист намуда керосин харидорӣ ва захира мекунанд.
- Борҳо мегӯянду менависанд, ки керосини авиатсионӣ дар Тоҷикистон монополия шудаасту ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ имкони харидорӣ намудани онро дар хориҷ надоранд. Аммо, бубинед, ҳоло ҳам ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» ва хам «Сомон эйр» дар фурудгоҳхои Бишкеку Чимкент фуруд омада керосин мехаранду захира мекунанд ва касе ин корро барояшон манъ накардааст, пас ку, монополия!? Нархи 1 тонна керосини авиатсионии мо тайи 1 соли охир тағийр накардааст- $1120, он ҳам бо назардошти тамоми хароҷоти роҳ, барасмиятдарории гумрукӣ ва дихар боҷу хадамотҳо. Дар Бишкек 1 тонна керосин $ 720, дар Чимкент $926 ва дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон он $1250 аст. Фарқияти нархи мову Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон зиёд нест ва бояд онро ба назар гирифт, ки роҳашон наздиктар буда бархе кишварҳо боҷи гумрукӣ намесупоранд ва ин омил ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, - гуфт Илҳомҷон Соҳибов.
Бояд қайд намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дучори мушкилоти зиёд гашта қариб, ки тамоми хатсайрҳояшон бо таъхир меояд ва аз ин ҳолат азияти бештарро мусофирон мебинанд.



СССР

Чоршанбе, Май 10 2017

- Бигузор ҳар касе мехоҳад, ба қабули ман биёяд ва арзу додашро бигӯяд. Пешгирӣ ва сохтакорӣ накунед, бигузор мардум худаш ҳарф занад, агар ба ману шумо нагӯяд, пас ба кӣ мегӯяд? Мо бояд ба мушкилоташ бирасем, мову шумо масъулем!- гуфт Шарифҷон Ҷумазода ба кормандони Ҳукумат.

Душанбе, Апр 24 2017


Гурӯҳи кории махсуси намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ  дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, аз 31 март то инҷониб мавриди санҷиш қарор додааст. Аз оғози фаъолияти гурӯҳи корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳо дар 58 муассиса ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС- терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС-терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд.
Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб гашта, барои насби онҳо соҳибкорон бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.
Афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ, миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 апрели соли 2017 зиёда аз 1 миллиону 666 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз 1 639,1 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, то 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 746 адад ва 2 398 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1573 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 825 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.



СССР

саҳ 56 аз 70

Китобҳо

Flag Counter