ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 02 2016

Парламенти ҶТ ба Қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид кард. Тибқи ин қонун аз ин пас танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи фаъолият дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-ро доранд. 2 ноябр Мансур Умаров-муовини аввали раиси КДАМ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, бар асоси ин лоиҳа, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи корманди КДАМ буданро доранд. Ӯ сабаби ин тағйиротро “сирри давлатӣ” унвон карда гуфт, ки бар асоси ин тағйирот кормандони КДАМ бояд забони тоҷикиро донанд ва танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва афроди дорои душаҳрвандӣ наметавонанд, корманди ин ниҳод шаванд. Ба гуфти ӯ, бо ин роҳ мехоҳанд, аз дастрас шудани маълумоти сирри давлатӣ пешгирӣ кунанд. Дар гузашта дар ниҳодҳои дигари қудратӣ-Суд, Прокуратура, ВКД… шахсони дорои душаҳрвандӣ-Тоҷикистон ва Русия фаъолият мекарданд.

 

 

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, Окт 27 2016

Имрӯз 27 октябри соли равон дар «Кохи Ватан»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо ШВКД-и ш.Қурғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав Коференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористӣ ва ифротгароидошта» баргузор гардид. Дар конфронс иштирок доштанд роҳбари дастгҳои ш.Қурғонтеппа Азимзода Назир, сардори ШВКД-и шаҳр Раҷабзода Нуралӣ, Ректори ДДҚ ба номи Н.Хусрав Шодиён Муҳаммадзода, Муовини Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии ВКД ҶТ Бухоризода Мансур. Сипас Бухоризода дар бораи саҳми арзандаи ҷавонони гуруҳи "Авангард"-и Донишгоҳи давлатии ш.Қурғонтеппа дар тарғиби комёбиҳои замони истиқлолият ва пешбурди сиёсати давлат изҳори назар кард.

Раҷабзода Нуралӣ зимни суханронӣ гуфт, ки конфронси имрӯза бо мақсади рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тартиботи миёни ҷавонон сурат гирифта ҳарчӣ бештар доир гардидани чунин конференсияҳо миёни ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ баҳри пешгирии омилҳои мазкур мусоидаткунанда аст. Дар асри XXl низ кишварҳои Осиёи Миёна аз нав мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтаанд, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз ба рӯз хатари навро эҷод мекунанд. Тоҷикистон чун дигар давлатҳо дар тулли солҳои охир бо хатарҳои нави ҷаҳонӣ ба монанди терроризм ва  экстремизм ру ба ру шудааст.

Ба ҳамаи иштирокчиён барои пешгирии терроризм ва экстремизм китобҳои «Салафия-хатари он барои Тоҷикисто», «Имоми Аъзам (Абӯ Ҳанифа) ва мазҳаби ӯ», «Тавсияҳои амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифз ҳуқуқ» тақдим намуданд…

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон 

 

Ҷумъа, Окт 14 2016

Владимир Путин, президенти Русия бо 1 амри хеш Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида аст. Ин орден барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон ба шаҳрдори Душанбе тақдим гаштааст. Дар ин бора сомонаи расмии Кремл хабар медиҳад.

Чуноне ки иттиллоъ дода мешавад, ордени мазкурро ба Маҳмадсаид Убайдуллоев Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федеролии ФР зимни сафари кории хеш ба Тоҷикистон рӯзи 13.10.2016 супоридааст. 

 

СССР

 

Чоршанбе, Окт 12 2016

Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Рифат Кёксал имрӯз 12.10.2016 нусхаи эътимодномаҳои худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.

Душанбе, Окт 03 2016

Толибон ҳамоҳансозиро ҷиҳати ҳуҷум ба шаҳри Қундуз ва минтақаҳои шимоли Афғонистон оғоз намудаанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters имрӯз, душанбе 3 октябри соли 2016 иттилоот пахш намудааст. 

Ҳарбиёни толиб мавқеъҳои қувваҳои ҳукуматии Афғонистонро аз чаҳор ҷониб тирборон карда, ба шаҳр ворид шудаанд, мегӯяд сардори Раёсати пулис Шералӣ Камол. “Мо ҳама корро мекунем то онҳоро шикаст диҳем” илова намуд сардори полис.

Ба қавли хабарнигори хабаргузорӣ дар шаҳр тирпаронӣ идома ёфта, дар ҳаво чархболҳои ҳарбӣ парвоз мекунанд.

Соле қабл, 28 сентябр терористони ин гурӯҳ ба шаҳри Қундуз ҳамла карда буданд. Онҳо минтақаҳои калидии ин шаҳрро ба даст оварда, ба тоза намудани он шурӯъ карда буданд. Аммо 1 октябр қувваҳои ҳарбии ҳукуматӣ тавонистанд онҳоро аз шаҳр берун намоянд.

Аз соли 2001 ин ҷониб Толибон ба муқобили ҳукумати Афғонистон мубориза мебарад ва дар ин муддат як қисми ҳудуди ин кишвар зери тассаруфи онҳо қарор дорад. Ҳаракати Толибон баъди берун шудани як қисм аз низомиёни НАТО дар декабри соли 2014 аз ҳудуди Афғонистон боз ҳам шиддат гирифта, даргириҳо байни онҳо ва ҳукумат тез-тез руй медиҳанд.

Яке аз ҳуҷумҳои ахирин ва калонтарини ин гурӯҳ  5 сентябри соли равон дар пойтахти музофоти Урузган сурат гирифта буд. Толибон дар ҳуҷуми худ ба яке аз постгоҳҳои ҳукуматӣ 12 нафар низомиёни ҳукуматиро ба қатл расонида буданд.

СССР

 

саҳ 92 аз 104

Китобҳо

Flag Counter