Оғоз…
ФутболvsСССР ҳанӯз аз оғози сол дар аввалин шумораҳои худ бо ин унвон чанд матлаберо нашр намуд, ки дар онҳо оиди бурду бохти футболи Тоҷик дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сухан мерафт. Дар ин даврае, ки чаҳоряк ниммаи як асри комилро ташкил медиҳад, дар баробари дигар соҳаҳоии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, футбол низ ба таҳаввулотҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Дастоварди аввалин ва муҳими футболӣ дар ин давра, таъсис ёфтани Федератсияи футболи Тоҷикистон (соли 1992) ва ба узвияти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил шудани он мебошад. Сар аз оғози соли 1994 тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ роҳ ёфтанд.
Дастовардҳои футболи навин
Баландтарин натиҷаи соҳибшудаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Даъват”-и Конфедератсияи футболи Осиё ғолиб шудан аст. Ин мусобиқа барои дастаҳои мунтахаби кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта гузаронида мешуд. Соли 2006 мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон, маэстрои футболи Тоҷик Шариф Назаров дар давлати Бангладеш Ҷоми “Даъват”-и АФКро ба даст даровард.
Мунтахаби наврасон
Воқеан ҳам соли 2006-ро барои футболи Тоҷик яке аз солҳои бобарор номидан имкон дорад. Дар ин сол, дар баробари Ҷоми “Даъват”-и Конфедератсияи футболи Осиёро соҳиб шудани тими миллии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони зери 17 солаи кишвар бо роҳбарии Мураббии Шоистаи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2006 дар Сингапур мақоми сеюм, медалҳои биринҷӣ ва роҳхати ҳақи иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2007 байни наврасонро ба Ҷумҳурии Корея соҳиб шуд. Соли дигараш дар Ҷоми ҷаҳон дар Ҷумҳурии Корея наврасони мо дар байни даҳ дастаи пурқувваттарини ҷаҳон байни наврасон ҷойгир шуданд. Аз ин ҳайат ҳоло низ чанд нафарашон ба монанди Нуриддин Давронов, Фарҳод Восиев, Эраҷ Раҷабов, Миралӣ Муродов ва дигарон дар ҳайати бошгоҳҳои футбол ва мунтахаби миллии Тоҷикистон шарафи футболи Тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона ҳимоя намуда истодаанд.
Футболи бошгоҳӣ
Клубҳои футболи Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба чандин натиҷаҳои баланд соҳиб гардиданд. Дар ин давра дастаи футболи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода бо роҳбарии мураббии шоистаи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев се маротиба ва бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе як маротиба бо роҳбарии мутахассиси серб Никола Кавазович ба гирифтани Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё муваффақ шуданд. Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё аз лиҳози моҳият дар АФК сеюмин мусобиқаи бошгоҳӣ маҳсуб меёфт. Мусобиқаи мазкур сар аз соли 2014 дигар гузаронида намешавад.
Соли 2012-ро бошад, дар таърихи футболи ватанӣ давраи таҳаввулоти навин ҳисобидан мумкин аст. Дар ин давра баъди ба сари кор омадани роҳбарияти ҷавони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сарварии президенти тозаинтихоб Рустами Эмомалӣ дар сохтори Федератсия дигаргуниҳои ҷадид ба амал омаданд. Сохтори Федератсия тағйир ва мутобиқи замон гардонида шуд. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон ташкил ёфтанд. Дар кишвар даҳҳо варзишгоҳҳо ва майдонҳои замонавии футболбозӣ сохта шуд. Ба ибораи дигар, футбол ба зиннаи нави рушди худ баромад. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” қабул гардид. Ин барнома дар рушду инкишофи футболи ватанӣ вусъат бахшид. Бо роҳандозӣ гардидани мавзуҳои зикршуда, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АФК роҳ ёфтанд. Ҷоми АФК аз лиҳози моҳият дар Осиё баъд аз Лигаи чемпионҳо дуввумин сабқати бошгоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар соли аввали баромади худ дар ин мусобиқа чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, ки муҳаррики асосии рушди футболи миллӣ маҳсуб меёбад, зери роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон Мубин Эргашев ба бозии финалӣ баромад. Ин дастоварди “Истиқлол” дар таърихи футболи бошгоҳии мамлакат, баландтарин ва бесобиқа аст.
Футзал...
Мунтахаби футзали Тоҷикистон низ дар ин давра дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок намуда аст. Баландтарин дастоварди футзалбозони мо дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон - ишғол намудани мақоми шашум дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё дар соли 2007 дар Осакаи Ҷопон мебошад. Он вақт мунтахаби футзали Тоҷикистонро мутахассиси шинохта Дамир Камалетдинов роҳбарӣ мекард. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон Лигаи касбии футзали Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар мусобиқаҳои ин Лига ҳашт даста ииштирок мекунад ва футзал дар ҷумҳурӣ оҳиставу бомаром пеш меравад.
Футболи занона
Мунтахаби занонаи Тоҷикистон сар аз соли 2012 дар мусобиқаҳои расмии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад. Дар соли аввали баромади худ, мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё байни футболбоздухтарони то синни 19 сола дар Урдун мақоми сеюмро ишғол намуд. Соли 2013 бошад, мунтахаби футболбоздухтарони зери 14 солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё байни дастаҳои футболи занона дар Шри-Ланка иштирок кард.
Маълумотҳои мураббигарӣ
Ҷиҳати такмили дараҷаи тахассусии мураббиёни футболи кишвар дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дапр ин давра дар Тоҷикистон ва берун аз он чандин курсу семинарҳои муфид ташкил карда шуда, дар онҳо иштироки мутахассисони тоҷик таъмин гардид. Айни замон дар Тоҷикистон ду нафар муҷаввизи мураббигари дараҷаи “Pro”-и УЕФА, 48 нафар муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “А”, 75 нафаро муҷаввизи дараҷаи “В” ва 204 нафар муҷаввизи дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта мутаносибан дар дастаҳои мунтахаб, бошгоҳҳои футбол ва дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд.
Анҷом
Ба ин тартиб, аз омори кӯтоҳе, ки мо барои хонандаи азизи худ худ пешниҳод кардем, дида мешавад, ки новобаста ба тамоми мушкилотҳо Футболи Тоҷик дар замони Истиқлолият ба марҳилаи навини худ расида, оҳиставу бомаром пеш меравад. Иштироки Тими миллӣ, дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболамон дар сабқатҳои байналмилалӣ аз баракати соҳибистиқлолии Ватан мебошанд. 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон фархундаатон бод, мутахассисон,мураббиён, бозигарон ва собиқадорони гиромии футболи Тоҷик!!!
Нуралӣ Хоркашев
ФутболvsСССР
Пагоҳ, рӯзи 03.09.2016 аз соати 7.00 то 11.00-и субҳ дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ баргузор мегардад.
Дар Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» бо ҷоизапулии 70 ҳазор сомонӣ идома дорад. Рӯзи душабеи 29-уми август чор бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии мусобиқа баргузор гардида, дар онҳо аввалин дастаҳои марҳилаи чорякниҳоӣ маълум шуданд. Аввалӣ шуда ба майдони мусобиқа дастаҳои «Динамо» - «Дилкаш» ва «Амонатбонк» - «Фурудгоҳ» баромаданд. Ба гунае, ки мо интизораш будем, дастаҳои фаворити ин ҷуфтҳо имконияташонро васеъ истифода карда ба пирӯзӣ ноил шуданд. «Динамо», ки дар ҳайати он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ баромад мекунад, дар бозии якҳаштниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 3 дастаи «Дилкаш»-ро мағлуб сохта, онро аз мусобиқа берун андохт. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ голи якумро ба дарвозаи «Дилкаш» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зад. Браво Вазир! Мо гуфтем ва боз ҳам мегӯем, ки футбол бозӣ кардани Шумо сафи милисаҳои футболбозу футболдӯстро хеле афзун кардан дорад. Дар бозии дигар «Амонатбанк» бар «Фурудгоҳ» бо ҳисоби 5 бар 1 зафар ёфта ба марҳилаи 1\4 ниҳоӣ роҳхат гирифт. Қисми якуми ин бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар қисми дуюм бошад, банкирҳо ба дарвозаи ҳавонавардони «Фурудгоҳ» 4 голи беҷавоб заданд.
Баъд аз анҷоми ду вохӯрии зикрашон дар боло рафта, дастаҳои «Ориёнбанк» - Суди олӣ ва «Инфосис» - «Антикоррупсия» вориди рақобат шуданд. Вохӯрӣ байни дастаҳои «Ориёнбонк» ва Суди олӣ бисёр шавқовару пуршиддат ҷараён гирифт ва интизор мерафт, ки бо ҳисоби баробари 2 бар 2 поён ёфта, мухлисони сершумор шоҳиди тамошои силсилазарбаҳои пеналти мешаванд. Аммо, дар охирин дақиқаҳои вақти асосӣ банкирҳо ба задании голи ғолибият муваффақ шуда, ба марҳилаи 1\4 ниҳоӣ баромаданд. Барандаи феълии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» дастаи «Антикорупсия» бошад, аз икониятҳои голзанияш хуб истифода намуд ва бо ҳисоби калони 10 бар 3 дастаи «Инфосис»-ро шикаст дода, соҳиби роҳхати марҳилаи 1\4 ниҳоии сабқати имсола гардид.
Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи рӯзи аввали бозиҳои якҳаштниҳоӣ ду ҷуфти марҳилаи 1\4 ниҳоӣ маъдум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 1-уми сентябр «Динамо» бо «Ориёнбанк» ва «Амонатбанк» бо «Антикоррупсия» вомехӯранд.
Ду ҷуфти дигари марҳилаи 1\4 ниҳоӣ дар чор бозии марҳилаи якҳаштниҳоии мусобиқа, ки бегоҳи рӯзи сешанбеи 30-юми август, доир мегарданд, маълум хоҳанд шуд. Командаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин қисмати мусобиқа бо «Гумрук» рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 19:00. Мавзуро дар шумораи ояндаамон пайгирӣ мекунем.
Мухбири худамон
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1 Маркази ҷадиди варзишӣ дари хешро ба рӯи варзишгарон, дӯстдорони варзиш ва мизоҷон бо номи X-Fit боз менамояд. Маркази нави варзишӣ бо ибтикори шабакаи байналмилалӣ X-Fit ва ташаббуси соҳибкори Тоҷик Мансур Остонаев қомат афрохта он аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ва варзишӣ бунёд ёфта бо асбобу лавозимоти ҷадиди варзишӣ муҷаҳҳаз аст.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати васеи мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Сурия (27 август) ва Фаластин (6 сентябр) эълон кард.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе фаъолони пойтахтро бо дастоварди варзишгари шаҳри Душанбе Дилшод Назаров, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардида, бо афзун намудани эътибору шарафи Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ ин муваффақиятро ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ воқеан туҳфаи беназиру мондагор намуд, самимона шодбош кард. Дилшод Назаров рӯзи 26-уми август соати 17.55 ба Душанбе хоҳад расид.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар