Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи ботантанаи якчанд иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои футболи хурд ва футболи канори соҳилӣ (пляжный футбол) баргузор шуд.
Билетҳои бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистоу Сурия, ки рӯзи 27-уми август, дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, як ҳафта қабл аз оғози вохӯрӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Нархи билетҳо барои ҳамаи самтҳои варзишгоҳ (шимолӣ, ҷаубӣ, шарқӣ ва ғарбӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудаст. Арзиши VIP- билетҳо бошад 499 сомониро ташкил медиҳад.
Барои мухлисони дигар манотиқи кишвар, ки мақсади тамошои ин бозиро доранд, дар Душанбе нуқтаи фурӯши билетҳо ташкил карда мешавад. Оиди мавзуи мазкур ба таври алоҳида хабар хоҳем дод.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи шанбеи 27-уми август дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Оғози бозӣ соати 17.00. Барои ҳакамии бозии мазкур Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доваронро аз Федератсияи Русия даъват кардаст.
ФутболvsСССР
Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ имсол дар пойтахти кишвари Бразилия Рио-де- Жанейро аз 5 то 21 август баргузор гашта Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 7 нафар варзишгар муаррифӣ хоҳанд кард.
Дастаи футболи «Зарафшон»-и Панҷакент, бозии охирони худро дар меҳмонӣ бо дастаи Исфара бо ҳисоби калон бохтааст. Вохӯрии тими «Зарафшон» дар майдони Исфара бо дастаи Исфара баргузор гардида, футболбозони Панҷакент ба ҳисоби 8 бар 2 мағлуб гардидаанд. Хостем сабаби бохти дастаи Зарафшонро аз масъулин пурсон шавем. Одил Бобоев, мураббии дастаи Зарафшон гуфт, ман аз футбол мувақатан дур шудаам ва аз аввали мавсим дар даста нестам. Мураббӣ нав шудааст. Ҷамшед Баҳромов, сармураббии тими Зарафшонро ҳам наёфтем. Ҳолдонҳо ба ин назаранд, ки бохти Зарафшон аз набудани маблағи кофӣ дар даста мебошад. Дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад ва 2 маротиба ба лигаи Олӣ роҳхат гирифта буд.
Бо ташаббуси Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб якчанд майдончаи замонавии варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Сар аз баҳори имсол варзишгарони кӯлобӣ дар ин майдонҳо таҳти омӯзиши муррабиёни мактаби варзишии шаҳр машқу тамрин кардан доранд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар