ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 31 Октябр 2016 12:18

Муовини судяи суди вилояти Хатлон Муҳидинзода Сайфуддин дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Усмонов Аҳлиддин муҷаррад ва соли таваллудаш 1991, зода ва сокини н.Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти «Фрунзе», деҳаи Қаҳрамон, барои оила барпо намудан танқиси молӣ дошт. Ӯ соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия меравад. Бо интернет, бо ҳамдеҳааш-Самиев Қосим, ки дар мадрасаи «Билол Ҳабашӣ»-и Туркия таҳсили илми динӣ мегирифтааст, тамос мегирад. Қосим ӯро назди худ даъват намудааст. Ӯ бо Хайриддин ном шахс, сокини н.Панҷ шинос шуда, онҳоро ба мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ДИИШ ба иродаи худ ҷой карда, шомили ташкилоти мазкур гардонидааст. Хуллас, онҳо ба давлати Сурия ворид мешаванд. Аҳлиддин тибқи супориши Хайриддин ба масҷиде меравад, ки аз он ҷо одамони махсус барои ҷиҳод намудан ба давлати Сурия қарор доштаанд. Аҳлиддин дар ин ташкилот 5 шабонарӯз истода, ба ӯ ҷасадҳои беҷони шахсонеро, ки ҷангида буданд, нишон додаанд. Ӯ аз тарс гурехта ба шаҳри Истамбули Туркия омадааст ва баъдан ба Русия рафтааст. Моҳи августи соли 2016 ба Тоҷикистон баргашта, аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Сайфуддинзода нисбати Усмонов бо моддаи 401-и КҶ ҶТ ба ӯ 12 солу 5 моҳ маҳрум сохтан озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомаш сахт ҷазо таъин кард.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Душанбе, 31 Октябр 2016 11:32

Гузашти Тоҷикистон ба муносиботи бозорӣ бори дигар исбот намуд, ки сиёсати маорифи кишвар бояд аз сари нав дида баромада шавад ва бо ин мақсад дар соли 1996 дар Душанбе Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Тайи 2 даҳсола аст, ки донишгоҳи мазкур баҳри омода намудани кадрҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол дар талош аст. Имрӯз донишгоҳ, ки 20-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад, бо шарту шароит ва имконоташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳамтост, яъне аналог надорад! СССР 1 рӯзро дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон паси сар намуда, бори дигар шоҳиди ин иддао гашт.

Душанбе, 31 Октябр 2016 11:24

Салом, СССР! Мардуми Мастчоҳ тӯли 2 ҳафтаест, ки аз камбарқӣ дар азиятанд. Барқро ҳар рӯз 3 бор-саҳарӣ, нимрӯзӣ ва бегоҳӣ хомӯш мекунанд. Ман ҳаминро донистаниам, ки оё дар дигар навоҳии ҷумҳурӣ низ чунин аҳвол бошад, ё танҳо дар Мастчоҳ аст? Аламовараш ин аст, ки ҳеч кас аз шахсони масъули соҳа мардумро аз ин ҷадвали барқкушӣ огоҳ накардаанд. Наход ки «лимит» то ҳол вуҷуд дошта бошад? Ва ё ягон муаммое ҳаст, ки моро огоҳ намекунанду махфӣ медоранд? Чунин эҳсос мешавад, ки ин вазъият рӯз то рӯз батар мешаваду беҳтар не.

Мирзоҳаким Муллоев,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

Аз СССР: Ҳамчунин 1 нафар мухлиси СССР-Салим аз ноҳияи Ҳисор бо рақами 903 04 62 09 ба газета СМС фиристода дархост кардааст, ки рақами телефони боварии Ширкати Барқи Тоҷикро барояш маълум кунем…

Аз СССР: Телефони боварии ШБТ: 235 86 66, 37 883 55 11, 37 883 55 22, 235 86 74, 235 86 84

 

Душанбе, 31 Октябр 2016 11:21

Дирӯз мақолаи Саттор Бобохонов, муаллим аз ноҳияи Ҷ.Румӣ “Барқ барои камбизоат чанд соат аст?”-ро аз подшивка хонда, ба даст қалам гирифтам. Ман аз с.1995 маъюби гурӯҳи 2 ҳастам. Маро аз с.2010 ба рӯйхати камбизоатон дохил карданд. Давлати мо ба камбизоатон қисман маблағи барқро ҷуброн мекардааст. Аммо миқдори кӯмак чанд киловат соат аст, номаълум. Солҳои 2010, 2011, 2012 ман дар ҳамаи моҳҳои сол квитансия гирифтам, ба миқдори то 300 кВт соат. Соли 2013 раиси деҳа Абдуллоев Насрулло фармуд, ки нусхаи шиноснома, справка аз ҷамоати Халифа Ҳасан ва справка аз ҷои нафақаи маъюбӣ ораму ба ӯ диҳам. 15 сомонӣ сарф карда, ин 3 ҳуҷҷатро ба ӯ додам. Соли 2013 ҳам ба охир расид, лек ба ман ягон киловат соат қувваи барқ ҷуброн накарданд. Чаро маро фиреб медиҳанд? Фиреб додани маъюб аз рӯи инсоф нест. Ба ин саволи ман кадом идораи давлатӣ ҷавоб медиҳад: Меъёри яксолаи ҷуброн кардани қувваи барқ барои камбизоатон чанд киловат соат аст?

Тӯра Ниёзов,

маъюб, деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент

 

Душанбе, 31 Октябр 2016 11:12

Равзанае ба “иқтисодиёти электронӣ”

Мафҳумҳои “иқтисодиёти электронӣ” ва “ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ” ҳарчанд дар мафкура ва ҷаҳонбинии мо Тоҷикон муосиру навгонӣ ба ҳисоб раванд ҳам, дар иқтисодиёти ҷаҳон, хоса кишварҳои рушдкарда кайҳо забонзадаву муқаррарӣ шудааст. Аз интишору ҷорӣ кардани аввалин корти бонкӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон имрӯз беш аз 100 сол пушти сар гашта, интернет-банкингу дигар ҳисоббаробаркуниҳои электрониро башарият анқариб ним аср боз истифода мекунанд. Таърихи муомилаҳои пулии аз мӯҳраҳои шишагию тангаҳои тилло оғоз шуда, бо ворид шудани интернет ва технологияҳои электронӣ ба зиндагии рӯзмарраи мо, имрӯз саҳафоти наву ҷолиберо барои мо мекушоянд. Башаррият дар ҷаҳони муосир дар зинаи нави тараққиёт, яъне даст кашидан аз истифодаи пул дар шакли тиллову дигар металҳои қиматбаҳо ва ҳатто пулҳои қоғазӣ қарор дошта, ба ҷойи онҳо муомилотро бо “пулҳои электронӣ” авлотар мешуморанд. Ин ихтирооти нави ҳазрати Инсон ба мисли интернету технологияҳои IT, марзу монеъаҳоро убур карда, имкониятҳои фаровону бузургеро барои мо истифодабарандагон фароҳам меоварад.

Тоҷикистон ва муносибатҳои нави иқтисодӣ

Бе муҳобот дар саргаҳи ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву муосири молиявӣ ва таҳрики коркарди ихтирооти пешқадам дар иқтисодиёти кишвар боз ҳам нақши президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Нахустин иқдомҳои назаррас дар самти ҷорӣ кардани ин навгониҳо баъди дастур ва супориши бевоситаи Роҳбари давлат оид ба ҷорӣ кардани пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои бонкӣ, дар соҳаи бонкдории иқтисодиёт сурат гирифта буд. Ҳукумат ва мақомоти дахлдори кишвар ҷиҳати мусоидат ба ҷорӣ намудани хизматрасониҳои мазкур як зумра санадҳои ҳуқуқӣ ба тасвиб расонидаанд, ки шоҳроҳи бузургеро барои тавсеъа ва рушд фароҳам месозанд. Наҷибтарин иқдом дар ин самт қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 30.12.2014 сол мебошад, ки масъулият ва вазифаҳои субъектҳои алоҳидаи иқтисодиро дар самти ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ муқарар намудааст.

Аввалин иқдом ба хизматрасониҳои иноватсионӣ

Бори нахуст хизматрасонии “ҳамёни электронӣ” дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварҳое ба мисли Англия, ИМА ва Россия раҳандозӣ гардиданд. Пайдоиши бозору мағоза ва соири хизматрасониҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет, боиси пайдоиши муомилоти электронии дохилишабакавии  истифодабарандагони интернет гардид. Имрӯз теъдоди маҳсулоти дар интернет харидуфуруш мешуда ба миллионҳо расида, аз барномаҳои компютерӣ сар карда то ашёву маҳсулоти рӯзгордориро дар бар мегиранд. Одамон тавассути интернет маблағи барқу об, пур кардани ҳисоби телефону пардохти ҷаримаҳо, харидани китобу рисолаҳои илмию дархости филму мусиқӣ ва ҳатто интиқоли маблағу пардохти музди меҳнаташонро амалӣ мекунанд. Ғолибан ин амалиётҳо бе саргардонию даводави зиёд ва аз дилхоҳ манзили қарор доштаи муштарӣ тавассути телефони ҳамроҳ ё дастгоҳи компютерии муқарарӣ амалӣ карда мешаванд. Бо итминон иброз кардан ба маврид аст, ки аксари хонандагони ҳамин матлаб аз бартарият ва муваффақияти ҳамёнҳои электронии маъруф ба мисли PayCash, «Яндекс.Деньги», «Интернет.Деньги», WebMoney, QIWI огаҳанду шояд аз онҳо фаровон истифода мебаранд. 

Муждаи нав дар иқтисодиёти Тоҷикистон

Муждаи тоза ва иқдоми наҷиб дар кишварамон ин хабари аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк”  ва ҶДММ “Нейрон” раҳандозӣ шудани маҳсулоти барномавии Ҳамёни электронии “Тезпардохт”  мебошад. Ин маҳсулоти барномавӣ бо мақсади ҷорӣ намудан ва рушду тавсеъа додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамзамон чанд зина боло бурдани тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистони азиз амалӣ мешавад. “Тезпардохт” нахустин имконият барои истифодабарандагони шабакаи интернетӣ дар ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз қабили пардохти хизматрасонии интернет, алоқаи мобилии операторони дохилӣ ва хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пардохти хизматрасонии телефонҳои хонагӣ (NGN-телефония), пардохти хизматрасониҳои интернетӣ (бозиҳо, филмҳо, барномаҳо ва ғайра), пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ (об, барқ, гармӣ...), муайян кардани бақияи қарздорӣ аз пардохти маблағи барқу об, интиқоли маблағ тавасути аз як ҳамён ба ҳамёни дигар ва ғайраҳо ба таври ройгону бемузд, равона гардидааст.

“Тезпардохт”: ҳамаи хизматрасониҳо дар дасти Шумо!

Барои ба қайд гирифтан ва кушодани ҳамёни электронии “Тезпардохт” ба Шумо саргардонии зиёду такопуи ҷамъу пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ё навбат поиданҳо лозим намешавад. Танҳо бо ворид шудан ба шабаи интернетӣ дар телефонҳои ҳамроҳи худ ва кушодани замимаҳои Google play ё App Store (IOS) имкон доред соҳиби ҳамёни мазкур гардед. Ҳамчунин ин амалро дар компютерҳои худ бо ворид шудан ба сомонаи tezpardoht.tj иҷро карда метавонед. Танҳо барои ба қайд гирифтан рақами телефони мобилии худро ба равзана ворид карда, рамзи худро дарҷ ва пин-кодро тасдиқ намудан кофӣ аст, ки Шумо дорандаи ҳамёни электронии “Тезпардохт” шавед. Барномаи ҳамёни электронии “Тезпардохт” бо муосиртарин моделҳои хизматрасонӣ муҷаҳаз гардонида шуда, қулайтарин имконият барои амалӣ намудани талаботи мизоҷон дар самти муомилаҳои интернетӣ мебошад. Баъд аз ба қайдгирӣ ва кушодани ҳамёни электронии худ, Шумо мизоҷони муҳтарам метавонед ҳамёнатонро тавассути шабакаи бузурги хазинаҳои Амонатбонк ва терминалҳои пардохтии низоми “Эмон”-у TajPay ба таври ройгон, яъне бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ бо маблағи дилхоҳатон пур намоед. Рӯйхати хазинаю терминалҳо ва нақшаи ҷойгиршавии онҳо дар сомонаю замимаи мобилии “Тезпардохт” ҷойгир шуда, Шуморо аз сарбории ҷустуҷӯҳо ва сарфаи вақту маблағи зиёдатӣ озод менамоянд. Феълан тасмим ҳаст, ки дар оянда роҳу воситаҳои дигари пур намудани ҳамёнҳо, аз қабили пур кардани ҳамён тавассути кортҳои бонкӣ низ ҷорӣ карда шаванд.

“Тезпардохт” дар хизмати ману ту ҳамватан

Дар муддати камтар аз 1 соли фаъолият “Тезпардохт” ба муваффақият ва нусратҳои қаноатбахш ноил шуда, аллакай худро миёни мизоҷон-истифодабарандагони ин намуди хизматрасонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муррифӣ кардааст. Тими мутахассисони “Тезпардохт” аз ҷавонони серғайрату донишманд ва баиқболу ҳаматарафа иборат буда, дар сар хайёлҳои созандаю ватанпарварона доранд. Онҳо дар ҳақиқат оянда, бале ояндаи дурахшон ва ободу тараққикардаи кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Рушду пешрафти иқтисодиёт ва баромадан аз бӯҳрону монеъаҳои молиявӣ шиори кории ҳаррӯзаи ин ҳайати ҷавону умедбахш мебошад. Биноан месазад ману ту хонандаи гиромӣ ҳамқадаму ҳаммароми онҳо буда, ихтирову навоварии онҳоро биомӯзему истифода намоем. Ҳафтаномаи мардумии “СССР” низ тасмим дорад ҷиҳати иттилоотонӣ аз тахассусоти Ҳамёни электронии “Тезпардохт”  барномаеро пиёда намояд. Ту хонанда метавонӣ моро пайгир буда, аз бурду бохти нахустин ҳамёни электронии “Тезпардохт” огаҳ бошӣ. Мо метавонем! 

Одинашо Муродов

СССР

 

Душанбе, 31 Октябр 2016 11:02

Нафақагир, Абдулҳаким Собиров, сокини ноҳияи Файзобод дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ман хонандаи ҳамешагии СССР ҳастам ва 1 таклифи таърихӣ дорам. 1 қисми сардорони аввалини Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар солҳои 1924) дар зарфи қариб 20 соли охир бо унвони баланди «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор шуданд. Инҳо Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур мебошанд, ки дар бораашон маълумот то ҷое барои мо дастрас аст. Аммо ҳаёти яке аз асосгузорони ин давлат, фарзанди баобрӯи Миллати Тоҷик, нахустин раиси Шӯрои Комиссарони халқии РАСС Тоҷикистон-Абдуқодир Муҳиддинов аз назар дур афтодааст. Аз ин рӯ, СССРро хоҳиш мекунам, ки ҳолномаву хизмати ин шахсият, арбоби сиёсӣ ва ҳизбии Тоҷикистони азизро ба шакли мақола чоп кунад, то бидонем, ки ӯ чӣ касе буд. Ман бисёр мехоҳам, ки дар бораи ӯ Меҳрубон Салимшоев-муаррихи СССР нависад, чун хело зебо ва фаҳмо мефаҳмонад.

 

Ҷумъа, 28 Октябр 2016 17:20

Назар Ғанӣ-падари Исмон Ғанист, яке аз қаҳрамонҳои бе ному нишони Тоҷик барои ҳифзи марзу буми кишвар дар ҳамла ба погранзаставаи 12 ваҳшиёна ба ҳалокат расид. Бобои Назари 84-сола дар фироқу ғами писар аз фишори хун фалаҷ гашта, бо душворӣ ҳарф мезанад. Баъди гузашти 23 сол аз ҳодисаи таърихии пурра зада нест кардану ба яғмо бурдани ҳамаи амволи ҷангии дидбонгоҳи 12-и Русия дар Тоҷикистон бо амри тақдир, вақт имкон дод, то бо ӯ сӯҳбат кунам. Писараш Исмон-қаҳрамони асосии ин ҳодиса аввалин шуда, дар ҳифзи деҳаи аҷдодии худ ҷонашро нисор кардааст.

Ҷумъа, 28 Октябр 2016 17:12

Зулфиқори Исмоилиён-журналисти собиқадор ва коршиноси масоили иқтисодӣ, ки бо назари хоси худ маъруфу маҳбуб аст, меҳмони газетаи СССР шудаву гуфт, мехоҳам дар бораи масоили мубрами рӯз сӯҳбат кунам. Имрӯз овозаву дарвоза мекунанд, ки Ширкати Барқи Тоҷик ва хукумати ҶТ барқпулиро баланд бардоштаниянд. Дуруст аст, ки ман низ тарафдори чунин кор нестам. Вале бояд ба мардум 1 шигифтии масъаларо равшан кард, ки гуфтаанд, каҷ шину рост гӯй. Ҳаққи хизматро дар ин самт на Ҳукумат ва на ширкати Барқи Тоҷик, ки Бонки ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Кӯтоҳ мефаҳмонам: Бонки ҷаҳонӣ барои реформаву рушди соҳа пул ҷудо кардааст ва аллакай 6 сол пеш муайян карда буд, ки дар соли 2016 нархи барқ бояд чанд сомониро таъсис диҳад. Дигар мо хоҳем-нахоҳем нарх боло меравад! Ин Бонк мехоҳад бар ивази кӯмакаш нархномаро то сатҳи аврупоӣ бардорад. Ҳадафаш маълум аст: таҷдиди сохтор, кӯмак ба соҳа, вале пулро низ бояд гирад охир. Зимнан бо дархости Бонки ҷаҳонӣ нархи барқ боло меравад, на ҳукумат ва на ширкати Барқи Тоҷик. Мардум инро бояд донад. Вале пули ҷудошудаи ин Бонк то куҷо дар самти лозима харҷ мешавад, тамоман баҳси дигар аст, ки мо сари он низ рӯзе сӯҳбат мекунем. Мо метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter