ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 09 Декабр 2016 12:50

Саидимрун Абдураҳмонов-раиси ноҳияи Қубодиён, ки дар тӯли 2 соли фаъолияташ борҳо мавриди танқид дар газетаи СССР қарор гирифта буд, аз курсии раисӣ парид! Дар ин бора, аз манбаъҳои муътамад дар долони Ҳукумати ноҳия ба СССР хабар доданд...

Ёдрас мешавем, ки Саидумрон баъди рафтани Саъдулло Бекназаров дар курсии раисии Қубодиён аз “чеҳраҳои хабарӣ” дар газетаи СССР ва ҳам дар дигар расонаҳо табдил ёфта буд. Аз ҷумла, аввалӣ баъди дар сари хашм “падарлаънат” гуфтани журналистон дар пайи боронҳои сели Қубодиён, хело “шинохта” шуд. Аввалин “маъруфият”-и Саидумрон дар матбуот он буд, ки гӯё Бекназаров буҷаи ноҳияро тиҳӣ ва аҳволи мардумро касод карда будааст...

Ҳамакнун, баъди Саидумрон кӣ ба курсии раисӣ такя хоҳад зад, маълум нест ва дар ин хусус баъдтар иттилоъ хоҳем дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 12:24

Дирӯз, 8.12.2016 Маркази барқу гармдиҳии Душанбе-2 бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ ба кор оғоз кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 расман оғоз бахшид.   

Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад. Сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳӣ Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегават моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 бо иқтидори умумии 300 мегават нерӯи барқ ва 167 гикакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Шаҳринав», 110 киловолтаи «Ҳисор» ва сохтмони хати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Ҳисор-Шаҳринав» ба нақша гирифта шуда, то ин муддат ишооти мазкур пурра мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.

 

СССР

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 09:34

8 декабр дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанги ҶТ бо мудири шӯъбаи масоили экология ва рушди устувори Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд-Дебора Коузинс, мутахассиси пешбари ин бонк дар Тоҷикистон Ҷамшед Раҳмонбердиев ва таҳлилгари Бонки Аврупо Шаҳноза Солиева тақдири муҷассамаи Абӯалӣ Ибни Сино мавриди баҳс қарор гирифтааст. Тибқи тарҳи бозсозии роҳе, ки аз паҳлуи ҳайкали Сино дар гардиши маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе мегузарад, қарор аст, дар ҷои ҳайкал гузаргоҳи зеризаминӣ бисозанд ва ҳайкали Синоро аз инҷо бикӯчонанд. Орумбекзода дар сӯҳбат гуфтааст, ҳайкали Синоро бе ягон осеб ба муҳити зист ва арзиши ин мероси фарҳангӣ хоҳанд кӯчонд. Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ҳайкали Сино ба маҳалли 81-уми пойтахт ба қисмати ғарбии хиёбони Сино кӯчонда шуда, дар наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки низ номи Синоро дорад, гузошта мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 09 Декабр 2016 09:18

6-уми декабри соли 2016, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят зада Азимҷон Узоқов, писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаб-литсеи президентии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, гаравгон гирифта буданд. 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳамон рӯз, тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба Азимҷон дӯсти падараш ном бурда номи ӯ ва падарашро зикр мекунад ва пешниҳод менамояд, ки ӯро то мактаб бо мошини тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад. Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Баъдан, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд. Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.

Пас аз ба ВКД ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 дақиқа, 3 нафар шахсони гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.

Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар шахсан роҳбарии амалиёти мазкурро роҳбарӣ намудааст.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 08 Декабр 2016 10:11

Гурзандози маъруфи Тоҷик Дилшод Назаров инак соҳиби фарзанди сеюм шуд. Писари ӯ 4 декабр дар таваллудхонаи №2-и ш.Душанбе дида ба дунё кушод. Дилшод Назаров ба хабарнигорон гуфтааст, "ман имрӯз хеле хушбахтам. Писари дуюмам ба дунё омад ва ман бори сеюм падар шудам.”

Гулшан Ашӯрова-мудири таваллудхона гуфтааст, писари Дилшод рӯзи якшанбе соати 16:15 бо вазни 3,750 гр ва 52 см қад ба дунё омад. Ба қавли Ашӯрова, кӯдак солим таваллуд шудааст. Дилшод мегӯяд, писарашро Искандар ном мегузорад. Ӯ афзудааст, "муҳим ин нест ки ман қаҳрамон ё варзишгари дар кишвар маъруфам. Барои ман аз ҳама муҳим саломатии оила ва фарзандони мананд. Кӯшиш мекунам, ки фарзандонамро ба сурати шоиста тарбия кунам ва беҳтарин падар барои онҳо бошам.”

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 07 Декабр 2016 17:04

Дар даври 6-и Лигаи Чемпионҳо, бозингарони Барселона бар ҳамдигарӣ қариб 1000 партоб дода, рекорди худашонро, ки соли 2003 гузошта шуда буд, заданд. Дар ин бозӣ, ки ин шаб бо Боруссияи Менгладбах баргузор шуд (аз Боруссияи Дортмунд фарқ гузоред!), барсаҳо 993 пас дода, 4 голи бе посух ба дарвозаи немисҳо задаву 68% вақти бозиро бар нафъи худ гузоштанд. Қаҳрамони бозчун ҳарвақта... на Мессии номӣ, ки ҳазрати Андрес Инйеста-бузургтарин распассовшики ҳама давру замонҳо дониста шуд. Барса зимнан аз ҷои аввал ва Ман Ситии Англия аз ҷои 2-ум ба плей-офф роҳхат гирифтанд.

Вале рекорди голҳоро хохолҳо дар Киев гузоштанд, ки Динамо ба дарвозаи Бешиктош 6 голи бе ҷавоб зад.

Ростови Лаби Дони Қурбон Бердиев бошад дар Голландия бо ПСВ Эйндховен мусовӣ 0:0 бозида, бо 5 хол роҳхати Лигаи Аврупоро ба даст гирифт.

Зимнан Барса, Мансити, Атлетико, Бавария, Арсенал, ПСЖ, Наполи ва Бенфика ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Шоми ин рӯз бозиҳои даврии навбатии ЛЧ дар миёни 4 гурӯҳи дигар шуруъ мешаванд.

 

 

 

Чоршанбе, 07 Декабр 2016 15:42

Озмуни "Хомаи созанда", ки ҳамасола дар байни журналистони вилояти Суғд гузаронида мешавад, имрӯз санаи 6-уми декабр ҷамъбаст гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба рӯзноманигорон мукофотҳои пулӣ  ва дипломи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуда, таъкид дошт, ки саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси масоили мубрами рӯз бориз аст: «Маҳз фаъолияти пурсамари шумо аст, ки чорабиниҳои сатҳи давлатӣ аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Фестивали Оши палав, фесттвали Адрасу атлас ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи хуб ба ҷаҳониён инъикос карда мешавад».

Дар озмуни имсолаи "Хомаи созанда-2016" беш аз 80 нафар журналистон иштирок намуда, 37 нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Маблағи умумии ин озмун 150.000 сомониро ташкил медиҳад ва он 3 сол аст, ки баргузор мегардад.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, 06 Декабр 2016 11:20

5 декабр дар вил.Хатлон бахшида ба муносибати 21-солагии таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия ВКД ҶТ чорабинии бошукӯҳ барпо шуд. Раиси вилоят-Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни сухани табрикотии хеш гуфт, ки «бояд таъкид намоям, дар солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити моддӣ-техникӣ хизматрасонӣ, таъминот бо лавозимоти ҷангӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд… Бо истифода аз фурсат кормандони ин ниҳодро ба ҷашни 21-солагии таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ самимона табрик намуда, бовар дорам, ки Шумо мардони Ватан барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини суботу оромӣ ва амнияти шаҳрвандон софдилона ва содиқона ба нафъи давлату миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хизмат менамоед».

Шарифзода Баҳром-сардори РВКД дар вил.Хатлон зимни суханрони афзуд,ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия аз воҳидҳои асосии ВКД дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ба ҳисоб рафта, дар набардҳои сангин зидди гурӯҳҳое, ки ба амният ва сокинони кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд, мубориза мебаранд…

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter